Муҳимтарин решаҳои талоқ

300
  1. Диқат накардан дар интихоб ва надоштани шинохти пурраи зану шавҳар аз ҳамдигар
  2. Надоштани маҳоратҳои зиндагӣ
  3. Масоили ҷинсӣ
  4. Марги ахлоқ ва арзишҳо дар низоми хонавода

Вақте чашмчаронӣ, хиёнат, равобити нодурусти завҷайн бо номаҳрамон, хушунат ва ғ. дар хонаводае рух нишон диҳад, талоқ дари он хонаро мезанад. Дар бораи хушунат бояд гуфт: хушунатҳои хонагӣ чӣ аз навъи физикӣ ва чӣ аз навъи рӯҳиравонӣ, яке аз далоили аслии талоқ, завҷҳо шумурда мешаванд. Маъмулан исботи хушунатҳои рӯҳӣ бисёр сахттар аст ва бо номҳои ҳамчун таҳқир, носозгорӣ тавсиф мешавад.

  1. Дахолатҳои беҷои дигарон
  2. Эътиёд ва бекории мард
  3. Мавҷи фарҳанги фиминисм дар ҷомеа

Шабакаҳои моҳвораӣ ва маҷозӣ бузургтарин муқасирони ишоаи тафаккури носолими фминисм ҳастанд.

  1. Фазои маҷозӣ (интернет)

Фазои маҷозӣ яке аз иллатҳои муҳим ва навзҳури талоқ аст, ки шояд битавон гуфт суноми (туфон)-и талоқ реша дар он дорад. Шаке дар ин нест, ки тарроҳи аввалия ва аслии иртибототи маҷозӣ ба ин шакли густарда, бо мудирияти қотеи саҳюнисти байналмилал, барои таъсир бар фарҳангҳо ва истиҳолаи онҳост.

   Роҳҳои ҷилавгирӣ аз ҷудоӣ

  1. Эҷоди меҳру муҳаббат дар хонавода.

а) Ҳақмеҳварӣ ба ҷои худмеҳварӣ.

б) Ҳусни хулқ (ахлоқи неку)

в) Эҳтиром ва такрим

г) Қадрдонӣ

д ) Бархурдорӣ аз рӯҳия гузашт

е) Дӯрӣ аз кинаварзӣ

ж) Оғозгарӣ дар неки кардан

з) Оштиталабӣ ва сулҳҷӯӣ

и) Доштани рӯҳияи сабру бурдборӣ

  1. Андешидан ба оқибати талоқ

Гоҳе вақтҳо мо дар шароите қарор мегирем, ки ду интихоб бештар надорем, ки ҳар ду бад аст ва мушкилоте дар он ҳаст, аммо яке бад ва дигаре бадтар аст. Дар чунин шароите ақли салим ҳукм мекунад, ки байни ин ду, бадро интихоб кунем на бадтарро.

 Дар инҷо фақат ба чанд маврид аз мушкилоти баъд аз талоқ ишора мекунем:

а) Эҳсоси танҳоии шадид

б) Сахт шудани издивоҷи дубора

в) Тан додан ба издивоҷҳои номуносиб

г) Мушкилоти зиндагӣ бо хонавода

д) Нигоҳҳои ҳавасолуд нисбат ба хонумҳои муталлақа

е) Таҳаммул накардани ниёзҳои ҷинсӣ ва отифӣ

ж) Мушкилоти тарбиятии фарзандони талоқ

  1. Вазифаи завҷайн

* Таҳқиқ ва баррасӣ барои шинохти якдигар қабл аз издивоҷ

* Интихоби саҳеҳи ҳамсар ва таваҷҷуҳ ба милокҳои ҳамкуфв будан

* Анҷоми мушовира пеш аз издивоҷ

* Ширкат дар дарсҳои омӯзиши маҳоратҳои зиндагӣ ва истифода аз онҳо дар зиндагӣ

* Интихоби равиши зиндагии исломӣ

* Доштани рӯҳияи қаноат ва дӯрӣ аз таҷаммулгароӣ

* Таваҷҷуҳ ба масоили маънавӣ ва динӣ дар зиндагӣ

* Таваҷҷуҳ ба масоили ҷинсӣ ва заношуӣ ва муроҷиа ба мутахассис ва мушовир дар сурати вуҷуди ҳар гуна мушкил

* Муроқибат дар истифода аз фазоҳои маҷозӣ (интернет)

* Муроқибат дар иртибот бо номаҳрам ва контроли нигоҳ

* Парҳез аз тамошои филмҳои ҷинсӣ хусусан онҳое, ки тарвиҷи хиёнати заношуӣ мекунад.

* Таваҷҷуҳ ба ҳамсар ва дӯрӣ аз рафиқбозӣ

* Муроҷиа ба мушовир ё мутахассис ҳангоми ба вуҷуд омадани ҳаргуна мушкили рӯҳӣ, иртиботӣ ва ё ҷисмии хосс

* Бархурди хуб ва муносиб бо ҳамсар ва фарзандон дар ахлоқ ва рафтор

  1. Вазифаи хонаводаҳо

* Ҳимояти молии завҷайн дар сурати ба вуҷуд омадани мушкил

* Парҳези шадид аз издивоҷи иҷборӣ

* Фурсат додан ба духтар ва писар барои шинохти якдигар

* Кумак ба фарзандон ҷиҳати анҷоми таҳқиқоти лозим барои шинохти комил

* Таваҷҷуҳ ба ниёзҳо ва шароити хосси насли имрӯз дар амри издивоҷ

* Доварии сулҳҷуёна байни завҷайн ва саъй дар бартараф кардани мушкилоти заношуӣ

* Ташвиқи завҷайн барои ҳузур назди мушовир барои ҳали мушкил

* Дахолат накардан дар зиндагии завҷайн

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.