Меъёрҳои интихоби ҳамсар

96

Решаи бисёре аз ихтилофҳои хонаводагӣ, адами диққат дар интихоби ҳамсар аст. Маъмулан издивоҷҳои сатҳӣ, ки бо як бархурд ва ошноӣ дар автобус бо порк бо меҳмонӣ ва… шакл мегирад, оқибати хубе надорад. Ошноиҳои телефонӣ сабаби талоқҳои зудҳангом мешавад. Интихоби ҳамсар, интихоби худрав нест, ки инсон ҳар чанд сол якбор таъвиз кунад. Интихоби шарики молӣ нест, ки одам ҷудо шавад; агар дар интихоби ҳамсар, гузиниши номуносибе сурат бигирад, рӯи насл ва балки наслҳо муассир аст. Аз Паёмбари Акрам (с) нақл шудааст, ки фармуд: «ҳар фарде, ки ба дунё меояд, мутобиқ бо фитрати худопарастӣ мутаваллид мешавад, магар инки падару модараш ӯро мунҳариф кунанд.”

Ва баҳрагирӣ аз таҷрибаҳои афроди бузургтар ва машварат бо онон барои интихоби беҳтар ва дақиқтар лозим аст, дар зарбулмасале мегуӯянд лангро барои хариди асб нафиристед, ҷавонро барои хостгорӣ нафиристед; чун одами ланг, ки наметавонад роҳ биравад; ҳар асберо хуб медонад. Ҳамсар, шарик зиндагӣ аст ва таъсираш то поёни умр ва балки то қиёмат вуҷуд дорад. Аз модари пок, фарзанди пок тарбият мешавад; пас вақте мардум баччае дар домани ҳазрати Марям (а) диданд, ба ӯ гуфтанд: « و ما كانت أمک تغيا; модарат бадкора набуд.» (сураи Марям, 28) чун аз волидайн ва хонаводаи солеҳ ҷуз фарзанди солеҳ интизор нест; ба вижа модаре, ки бар асоси ривоятҳо, заминаҳои ҳар шақоват ва саодате аз тариқи модар мебошад. Имом содиқ (а) Фармуд: «зан монанди гарданбанд аст , пас нигоҳ кун, ки чӣ чизе ба гардант меандозӣ ва фармуд: «барои зан, қимат ва арзише нест; на барои солеҳи онон ва на барои толеҳи (ғайри солеҳи) онон; аммо занони солеҳ ва шоиста , тилло ва нуқра , арзишашон нест; балки беҳтар аз тилло ва нуқра ҳастанд ва аммо ғайри солеҳи онон арзиши хокро надоранд; балки хок беҳтар аз ӯст.

Он ҳазрат дар баёни дигар фармуд: «мувозиб бош, ки худатро дар куҷо қарор медиҳӣ? Ва чӣ касеро шарики моли худ мекунӣ? Ва чӣ касеро ба дин ва асрор худи огоҳ менамоӣ?

Албатта ба ин нукта низ бояд таваҷҷӯҳ дошт, ки бар рӯи замин ба думболи фаришта набошем; бояд бо таваҷҷӯҳ ба меъёрҳо, ба интихоби аҳсан даст зад ва дар интихоби ҳамсар, гирифтори васвосҳои беҳуда нашудааст.

 Меъёрҳои интихоби ҳамсар

Маъмулан дар назди мардум, меъёри интихоби ҳамсар чанд чиз аст: зебоӣ, сарват, касб ва насаб ва мутаассифона бархе падар ва модарҳои ҷавонон бо ин меъёрҳо даст ба интихоб мезананд. Дар ҳоле, ки агар зоҳири ҷаззоби фард, ё доштани сарват, бидуни вуҷуди дигар меъёрҳо, сабаби алоқа ва интихоб бошад, ба яқин иштибоҳ аст. Албатта манзур аз ин калом, мазаммат ва танқиси зебоӣ ва сарват нест; балки манзур ин аст, ки дар интихоби ҳамсар, набояд зебоӣ ва сарват асл бошад; балки ҳамонгуна, ки ба зудӣ табйин менамоем, шарти аслӣ, имон аст ва Имом Содиқ (а) фармуд: «ҳангоме, ки мард ба хотири мол ва ҷамоли зан бо ӯ издивоҷ кунад, ба ҳамон вогузар мешавад, ва ҳазрати Алӣ (а) мефармояд: дӯстии аҳли дунё бо камтарин ориза ва мушкиле аз байн меравад.

Чӣ басо зебоӣ, ки бо беморие ва сарвате, ки бо сирқате аз байн биравад; ҳамчунин, агарчи хонавода ва ҳасбу насаби муҳим аст ва агар хонавода солеҳ бошад, ба шарти салоҳияти фарзанд метавонад дар интихоби инсон нақш дошта бошад; аммо набояд фақат ба мавқеияти молӣ ё иҷтимоии хонавода такя кард; Паёмбари Ислом (с) мефарм: «ҳар кас бо зане издивоҷ кунад ва қасдаш тафохур ва риё бошад, Худованд ҷуз ба зиллат ва хории ӯ намеафзояд.»

Бар хилофи бархе афрод, ки ба думболи ному мансаб ва фахрфурӯшӣ дар издивоҷ бо хонаводаҳои саршинос ҳастанд, аз дувоздаҳ имом, модари чанд имом канизанд! яъне лозим нест хонаводаи номдор ва ё аз саршиносон бошад.

Дар интихоби ҳамсар, ниёз ба меъёрҳои саҳеҳ дорем. Дар ин қисмат, аз манзари оятҳо ва ривоёт ба табйин ва меъёрҳои саҳеҳи интихоби ҳамсар мепардозем, то ҳар фарде бо таваҷҷуҳ ба ин меъёрҳо ва диққат дар онҳо, ва пас аз машварат, бо таваккул бар Худованд Мутаол интихоб намояд.

1) Дин ва имон

Қуръони Карим «ҳаёти тайиба» ва покро дар партави имон медонад; пас дар интихоби ҳамсар, «имон», шарти асосӣ аст: (Нисо,25) чунонки дар ҷои дигари Қуръони Карим мефармояд: «бо занони мушрик издивоҷ накунед, магар онки имон биоваранд ва канизи боимон беҳтар аз зани озоди мушрик аст, ҳар чанд аз (зебоии) ӯ ба шигифт оед ва ба мушрикон зан надиҳед, магар онки имон биоваранд ва ҳамоно бардаи мӯъмин беҳтар аз озоди мушрик аст, ҳар чанд аз (молу зебоии) ӯ шигифт зада шавед.»

Паёми ояти шарифа ин аст, ки дар интихоби ҳамсар, «имон» асл аст ва набояд фиреби ҷамол ва сарват ва мавқеиятро хӯрд; инсон бояд тамоюлот ва ғароизи худро дар масири мактаб контрол ва аз издивоҷ бо ғайри мусулмон парҳез кунад. Касе набояд ин гуна фикр кунад, ки ман аввал издивоҷ мекунам ва сипас ӯро мӯъмин мекунам; балки ин як асли қатъӣ аст, ки: «ибтидо имон ва пас аз он издивоҷ.» чун гоҳе мақом ва сарват ё зебоии зоҳирии кофирон, инсонро гирифтор мекунад; пас Қуръон мефармояд, ки агарчи шароити зоҳирӣ ё молии онон ва … шуморо шефта карда ва ба тааҷҷӯб водорд, набояд бо онон издивоҷ кард; чаро, ки васлат бо онон заминасози ҷаҳаннам аст.

Издивоҷ бо ҳамсарони ғайримӯъмн, метавонад таъсири манфӣ бар тарбияти фарзандон ва насли ояндаи инсон бигузорад, чунонки метавонад инсони беимон, ҳамсарашро дучори инҳироф намояд. Ояте, ки зикр кардем, агарчи дар бораи издивоҷ бо ғайри мусулмонон аст; вале ҳар навъ муоширате, ки имони инсонро дар маърази хатар қарор диҳад, шомил мешавад. Нақши имон дар масоили хонаводагӣ ва заношуӣ то онҷо муҳим аст, ки Қуръони Карим мефармояд: «эй касоне, ки имон овардаед! Ҳаргоҳ занони мӯъмин (аз шавҳари кофир ҷудошуда) ҳиҷраткунон назди шумо омаданд, ононро аз назари имон) озмоиш кунед ва Худованд ба имон онони огоҳтар аст. Пас агар ононро мӯъмин ташхис додед, ба сӯи кор боз нагардонед, на инон барои онон ҳалоланд ва на онон барои инон ҳалол ва ончиро, ки шавҳарони кофир (барои ин занон) пардохт кардаанд, (аз қабили меҳрия) ба онон бипардозед ва бар шумо гуноҳе нест, ки бо инон издивоҷ кунед, ба шарти онки меҳрияи ононро бипардозед ва ҳамсарони кофирро ба ҳамсарӣ нигоҳ надоред ва ончи аз барои онон пардохт кардаед, аз кор бигиред ҳамон гуна (агар зан, мусулмон шуда ва ба шумо мулҳақ мешуд, ҳазинаҳоеро, ки шавҳарони кофир пардохт карда буданд, бояд аз шумо дархост намоянд. Ин ҳукми илоҳӣ аст, ки Худованд миёни шумо муқаррар дошта ва Худованд огоҳ ва ҳаким аст.» (Мумтаҳана, 10)

Имом Боқир (а) фармуд: «издивоҷ бо занони аҳли китоб (яҳуд ва насоро сазовор нест.»

Дар Қуръони Карим, ҳамсарони мӯуъмин ба «тайиб» (поак) ва ҳамсарони ғайри мӯъмин «хабис» (нопоку палид) тавсиф шудаанд: «занони палид, сазовори мардони палиданд ва мардони палид, сазовори занони палид. Занони пок барои мардони пок ва мардони пок барои занони пок .» (Нур, 26) ин оя низ як асли куллиро матраҳ мекунанд, ки дар интихоби ҳамсар бояд диққат кард ва аслро бар имон ва покдоманӣ гузошт, на масоили моддӣ.

Чӣ бисёр инсонҳои камбизоат, ки аз камолоти болое бархурдор буда ва шоистаи издивоҷ ҳастанд ва набояд фақр ва маҳрумият, монеи интихоби мо гардад; чаро, ки фақр ва бепулии моддӣ айб нест.

Имом Боқир (а) фармуд: «марде назди Паёмбари Акрам омад ва аз эшон дар хусуси издивоҷ машварат хост; ҳазрат фармуд: издивоҷ кун ва бар ту бод, ки бо фарди диндор издивоҷ кунӣ»

Имом Содиқ (а) фармуд: «ҳангоме, ки мард ба хотири мол ва ҷамоли зан бо ӯ издивоҷ кунад, ба ҳамон вогузар мешавад ва ҳаргоҳ ба хотири динаш бо ӯ издивоҷ кунад, Худованд мол ва ҷамолро ризқи ӯ месозад».

Дар дастуроти динӣ, аз издивоҷ бо шахси фосиқ, ба вежа шароб хӯранда наҳй шудааст. Имом Содиқ (а) мефармояд: «касе, ки духтарашро ба издивоҷи шаробхор даровард, пайванди хешовандии худро бо духтараш қатъ кардааст».

Ҳусайн ибни Башори Воситӣ мегӯяд: (номае ба Абӯҷаъфар (а) навиштам ва дар хусуси издивоҷ савол кардам. Имом навишт: “ҳаркас аз духтарони шумо хостгорӣ намуд ва шумо дин ва амонати ӯро писандидед; ҳар кас, ки бошад, ба ӯ зан бидиҳед ва дар ғайри ин сурат фитна ва фасоди бузурге дар замин воқеъ хоҳад шуд”.

Бо таваҷҷӯҳ ба инки муҳимтарин ҳадафи издивоҷ, тарбияти насли солеҳ аст ва ростӣ ва дурустӣ ва покии волидайн, омили муҳим дар тарбияти авлод аст ва тибқи аҳодис, дар наслҳои баъдӣ ҳам таъсир дорад ва некӯкории аҷдод сабаби инояти Худованди Карим, ба насли онон мешавад; пас бояд ба буъди «имон» таваҷҷӯҳи вежа дошт. Дар ин хусус дар бахшҳои дигар ва дар баҳси тарбияти фарзанд нуктаҳоеро баён менамоем.

ташкили хонавода дар Ислом

2) Ахлоқи хуб

Дар ривояот ба вижагии «ахлоқи писандида» дар интихоби ҳамсар ишора шудааст. Дар ривояте омадааст: марде хидмати Расули Худо(с) омад ва гуфт: «ҳамсаре дорам, ки вақте вориди хона мешавам, ба истиқболи ман меояд ва вақте хориҷ мешавам, маро мушоиат менамояд ва замоне, ки маро ғамгин бубинад, мегӯяд: чӣ чизе ғамгинат кардааст? Агар ғуссаи рӯзиатро мехӯрӣ, ғайри ту ӯҳдадори рӯзиат аст ва агар ғами охирататро мехӯрӣ, Худо ғаматро зиёд кунад.» Расули Худо(с) фармуд: «ба ҳамсарат бигӯ, ки ӯ яке аз коргузорони илоҳӣ аст ва барои ӯ аҷри шаҳид аст.»

Дар ривояте дигар омадааст, ки Паёмбари Ислом (с) фармуд: «паноҳ ба Худо мебарам аз ҳамсаре, ки қабл аз онки ба синни пирӣ бирасам, маро пир кунад.»

Имом Содиқ (а) фармуд: «дар гузиниши ҳамсар касеро интихоб кунед, ки мутабассим ва шод бошад.»

 3) Асолати хонаводагӣ

Аз онҷое, ки қонуни «виросат» аз усули мусаллами исломӣ ва илмӣ аст, вижагиҳои волидайн дар сохтори шахсияти фарзандон муассир аст. Ҳамонгуна, ки фарзандон дар сифатҳои ҷисмӣ аз падару модар ирс мебаранд, дар масоили маънавӣ ва ҳолатҳои рӯҳӣ низ ирс мебаранд; масалан падар ва модаре, ки шуҷоъ, покдоман, бо ирода ва мутадайин мебошанд, нақши зиёде дар интиқоли ин сифатҳо ба фарзандони худ доранд ва ба акс агар тарсу, нопок, суст ирода бошанд, мусалламан заминасози ин сифатҳо дар фарзандони худ хоҳанд шуд ва ба таъбири Қуръони Карим: «сарзамини пок (ва омода), гиёҳаш ба изни Парвардигораш берун меояд; аммо замине, ки хабис (ва шӯразор) аст, ҷуз маҳсули андак ва бефоида берун намедиҳад.» (Аъроф, 58)

Қуръони Карим мефармояд: «занони шумо киштзор шумоянд, ҳаргоҳ бихоҳед, ба киштзори худ дароед…» (Бақара, 223) дар ин оя, занон ба мазраъа ва киштзоре ташбеҳ шудаанд, ки базри мардро дар даруни худ парвариш дода ва пас аз нӯҳ моҳ  фарзандро ба ҷомеа тақдим мекунанд; аз онҷо, ки базр ва замин, ҳарду дар тавлиди маҳсул нақши муҳиме доранд, волидайн низ дар шахсияти фарзанд нақшофаринӣ мекунанд.

Оятҳо ва ривоятҳои мутааддиде ба «асли виросат» ва нақши волидайн дар шахсият ва ояндаи фарзандон ишора дорад, ки ба бархе аз онҳо ишора мекунем:

1- ҳазрат Нӯҳ(а) пас аз 950 сол даъвати мардум, аз Худованди Мутаол хост, ки аз кофирон ҳеҷ кас бар замин боқӣ нагузорад; зеро онон ҷуз гуноҳкор ва куфрпеша намезоянда. Ин оя, ишора ба қонуни виросат мекунад, ки падару модари нопок сабаби эҷоди фарзанди нопок хоҳад шуд.

2 – Ҳазрати Юсуф (а) дар таваҷҷуҳ додан ба асолати хонаводагии худ, ба падарони худ ишора намуд: «падаронам Иброҳим ва Исҳоқ ва Яъқуб» (Юсуф, 38)

3- Аз онҷое, ки солеҳ будани падару модар ва хонавода, дар рафтор ва кирдори фарзанд муассир аст ва аз волидайн ва хонаводаи солеҳ, ҷуз фарзанди солеҳ интизор нест, пас мардум бо дидани навзоде ҳамроҳи ҳазрати Марям(а) ба бадии ӯ ҳукм карданд ва дар ин сарзаниши аҷулона, ишора ба асолат ва шарофати хонаводагии ҳазрати Марям (а) карданд ва гуфтанд: «падарат марди баде набуд ва модарат (низ) бадкора набуд.» (Марям, 28)

4- Ҳазрати Алӣ (а) дар аҳдномаи худ ба Молики Аштар ба афроде, ки аз хонаводаҳои солеҳ ва пок бархостаанд, такя карда ва мефармояд: «равобити худро бо афроди бошахсият ва асил ва аз хонадонҳои солеҳ барқарор соз.» ва дар таъбири дигар мефармояд: «дар миёни коргузоронат онҳоеро, ки бо таҷрибатару поктар аз хонадони солеҳ ва пешгомтар дар Ислом ҳастанд баргузин.»

Аз ин калом истифода мешавад, ки дар корҳои калидӣ бояд афродеро, ки аз хонадонҳои пок ҳастанд, интихоб намуд.

Албатта ба ҷиҳати нақши калидии модар дар тарбияти фарзанд Имом Содиқ (а) мефармояд: «хушо ба саодати касе, ки модараш покдоман бошад.»

Аз Қуръони Карим истифода мекунем, ки «покдоманӣ» аз барҷастатарин камолоти зан аст ва покдомании модар метавонад ӯ ва фарзандонашро ба болотарин мақомҳо бирасонад: «ва (ба ёд овар Марямро, он) зане, ки домани хешро пок нигоҳ дошт, пас мо аз рӯҳи худ дар ӯ дамидем ва ӯ ва писараш (Исо Масеҳ)ро нишонае барои ҷаҳониён қарор додем.» (Анбиё , 91) аз модари солеҳаи чун ҳазрати Марям (а) фарзанде мисли ҳазрати Исо (а) падид меояд, ки Қуръони Карим дар бораи ӯ фармуд: «ва аз шоистагон аст.» (Оли Имрон, 46)

 Расули Акрам (с) мефармояд: «инсони тирабахт дар раҳими модараш тирабахт аст ва инсони саодатманд дар раҳими модараш саодатманд аст.»

Яъне инсон заминаҳои саодат ва шақоватро аз волидайн ба ирс мебарад.

Дар ҷанги Ҷамал, ки дар соли 36-и ҳиҷрӣ дар Басра байни сипоҳи Ҳазрати Алӣ (а) ва сипоҳи Ойиша ва Талҳа ва Зубайр воқеъ шуд, Алӣ (а) ба фарзандаш Муҳаммади Ҳанафия фармуд: пеш бирав, аммо ӯ мунтазир монд то тирандозии душман тамом шавад, он вақт ҳамла кунад. Бори дигар ҳазрати Алӣ(а) ба ӯ фармуд: пеш бирав! Ӯ ҳамла кард, вале байни тирҳо ва найзаҳо таваққуф намуд ва аз пешравӣ боз истод. Ҳазрат ба назди ӯ омад ва бо пушти шамшер ба китфаш зад ва фармуд: «як раг аз модарат дар ту аст. (чун модарат тарсу аст)»

Ҳазрати Алӣ(с) пас аз шаҳодати ҳазрати Фотимаи Заҳро (а) бар асоси васияти он ҳазрат тасмим гирифт издивоҷ кунад; ба бародараш Ақил, ки хонаводаҳо ва қабоилро хуб мешинохт, фармуд: «мехоҳам бонуеро барои ман пайдо кунӣ, ки аз хонадони шуҷоъ ва ширдел бошад.» Ақил арз кард: чунин занро барои чӣ мехоҳӣ? Алӣ (а) фармуд: барои инки дорои фарзанди шуҷоъ ва дилер гардад. Ақил гуфт: чунин зане дар миёни қабилаи Банӣ Килоб вуҷуд дорад ва ӯ Фотимаи духтари Ҳузом ибни Холид ибни Рабиъа аст. Ҳазрати Алӣ (а) бо ӯ издивоҷ намуд ва аз ӯ фарзандони рашид ва қаҳрамоне ба вуҷуд омад, ки дар Карбало ба шаҳодат расиданд, яке аз онҳо Ҳазрати Аббос. Ин фарзандон, шуҷоатро аз ду ҷониб (падару модар) ба ирс бурдаанд.

Дар хусуси интихоби зани пок ва бо асолати хонаводагӣ низ ривоятҳои фаровоне дорем. Дар инҷо ба унвони намуна ба чанд ривоят ишора мекунем:

Паёмбари Акрам(с) фармуд: «Эй мардум! аз сабзаҳое, ки бар зубола мерӯяд бипарҳезед. Гуфтанд: ё Расули Худо! мақсуд чист? Фармуд: занони зеборӯе, ки дар хонаводаи нопок рӯйидаанд.»

– «Бингар фарзанди худро дар куҷо қарор медиҳӣ, ки хун, таъсири худро боқӣ мегузорад.»

– «Барои нутфаҳои худ гузиниш кунед, зеро занон, бачаҳое ҳамонанди бародарон ва хоҳарони худ ба дунё меоваранд.»

Ҳамчунин, Ҳазрати Алӣ(а) фармуд: «хушахлоқиҳо нишонаи шарофати хонаводагӣ аст.»

Имом Содиқ (а) низ фармуд: «бо решаи солеҳ пайванд барқарор кунед, ки хун, бисёр асаргузор аст.»

4) Саломати ақлу ҷисм саломатии ҷисм

Аз неъматҳои бузурги илоҳӣ аст. Дар ривоят аст: бо касоне, ки бемориҳои мусрӣ доранд, монанд: ҷузом ва сил ва…. издивоҷ накунед. Албатта маълулиятҳои ҷисмӣ, модарзодӣ ё дар асари ҳаводис ва ҷангҳо, монеъ барои издивоҷ нест ва бо иттилои тарафи муқобил аз маҳдудиятҳои пайдошуда ба сабаби маълулият мушкиле эҷод намекунад. Магар онки фард дар мақоми гумон ё фиреб баромада ва айбҳои ҷисмии худро махфӣ кунад. Агарчи бо сукут ва нагуфтан бошад.

Дар ин сурат, аҳком ва шароити хосси худашро дорад, ки дар китобҳои феқҳӣ баён гардидааст.

Дар ривоятҳо тавсия шудааст аз интихоби ҳамсари камфаҳму камхирад парҳез гардад; чӣ басо ин супориш бо таваҷҷӯҳ ба нақши тарбиятии модар ва шири ӯ дар тағзияи кӯдак бошад, чуноне ки дар китобҳои фиқҳӣ омадааст «гузиниши дояи аҳмақ, барои шир додани навзод ва издивоҷ бо зани аҳмақ кароҳат дорад.»

Ҳазрати Алӣ (а) фармуд: «аз издивоҷ бо зани камақл бипарҳезед, зеро мусоҳибат бо ӯ бало аст ва фарзанди ӯ дар масири) табоҳӣ аст.»

Касе аз Имом Боқир (а) пурсид: «марди мусулмоне аз зани зебочеҳраи девонае хушаш меояд, оё шоистааст ӯро ба ҳамсарӣ бигирад? Ҳазрат фармуд, на. Ҳамчунин Ҳазрати Алӣ(а) дар ҳадиси чаҳорсад калимаӣ фармуд: «…ва аз шир додани зани бадкор ва зани девона ба фарзандонатон парҳез дошта бошед, чароки шир асар мегузорад.»

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.