Шароити худро бо дигарон муқоиса накунем

59

Шароити худро бо дигарон муқоиса накунем

Чаро набояд худро бо дигарон муқоиса кард?

Бисёре аз мушкилоти зиндагӣ ба ин далел эҷод мешавад, ки худро ва шароити зиндагии худро бо дигарон муқоиса мекунем.

Вақте фаҳмидем, ки ин кор мушкилоти зиндагиамонро бештар мекунад, ҳадди ақал дар фикри он хоҳем буд, ки чӣ гуна аз ин одат раҳоӣ ёбем.

Хуб, агар фаҳмидем, ки мехоҳем аз ин одат худро халос кунем, чӣ бояд кард?

Аввалан бояд ба ин нукта диққат кунем, ки бештари мушкилоти зиндагии мо, асосан ба ин далел ба вуҷуд меояд, ки мо шароити пушти пардаи зиндагиамонро бо зоҳири сохтагии дигарон месанҷем ва муқоиса мекунем.

Бояд барои раҳоӣ аз ин масъала, ончиро ки боис ин сардаргумӣ мешавад, нодида бигирем ва даст аз муқоиса бардорем.

Чӣ гуна?

Ҳамеша беҳтарин орзуҳо ва ҳадафҳоямонро дар пеши назар дошта бошем ва ҳар замонеро сарфи андешидан ба онҳо кунем.

Ҳаргиз иҷозат надиҳем, ки манфибофӣ ва манфинигарии дигарон монеи расидани мо ба болотарин сатҳ аз тавоноиҳоямон шавад.

Дар ривояте аз Амиралмӯъминин Алӣ(а) нақл шудааст, ки фармудаанд:

“Басо инсонҳое, ки мавриди ғибта ва орзуи дигаронанд, дар сурате ки ҳамон вазъ, дарди ӯст (ва онҳо, ки ғибтаи ӯро мехӯранд, аз вазъи аслии ӯ огоҳ нестанд)”.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.