Чӣ гуна замонамро беҳтар бисозам?

102

Чӣ гуна замонамро беҳтар бисозам?

Чӣ гуна аз лаҳзаҳои умрам бештарин ва беҳтарин баҳраро бибарам?

Зарбулмасале ҳаст, ки мегӯяд: “Вақт – тиллост”.

Яъне замон ва вақт, яъне ҳамон лаҳзаҳои умри мо, сарвати бебаҳои мост ва чӣ хуб аст, ки ин мавзӯъро бифаҳмем ва аз лаҳзаҳои зиндагиамонро беҳтарин баҳраро бибарем.

Корҳои рӯзмарра, барномаҳои кории якрангу якнавохти зиндагӣ бо мо коре кардааст, ки наметавонем аз зиндагии хеш баҳраи ва истифодаи хуб  дошта бошем.

Мо худамонро қонеъ кардаем, ки ман кори хеле зиёд дорам, бояд кор кунам, ба барномаҳои таҳсилӣ ва кории худам бояд бирасам ва ин масъала моро ҳатто аз хушиҳои зиндагӣ низ боздоштааст.

Фаъолиятҳои дигари зиндагӣ, мисли ҳадди ақал ҳафтае як рӯз бо дӯстамон нишастан, дидор бо дӯстон, хешованон, аз ҳоли ҳамдигар хабар гирифтан, инҳо масоили муҳиммест, ки мо ба хотири пуркорӣ, баъзан аз он ғафлат мекунем.

Чизҳои сода ва фаъолиятҳои хуше мисли ба мусофират рафтан, ҳатто мусофирати якрӯза, бо хонавода ба гардиш рафтан ва монанди он ба мо қуввату неру мебахшад, ки беҳтар битавонем ҳам кор кунем ва ҳам аз зиндагиамон баҳраву лаззати бештаре бибарем.

Шояд вақти он расидааст, ки ҳафтае як рӯз ё ҳадди ақал як нисфирӯз телефонамонро хомӯш кунем ва бо дӯстонамон ба гуфтугӯ бинишинем ва ё ба сафар ба як ҷои ҷадид биравем.

Инҳо масоилест, ки метавонад зиндагии моро пурмаъно кунад. Ба зиндагӣ рангу маънои дигаре бибахшад.

Баъзе чизҳо, мисли телефони ҳамроҳ, интернет, бозиҳои компютерӣ ва монанди он, имрӯза зиндагии моро ба инҳироф кашидааст, ба ин маъно, ки зеҳну фикри моро ба худаш машғул намуда ва моро аз лаззатҳои содаи зиндагӣ ба ғафлат андохтааст.

Агар мо битавонем чизҳое, ки зеҳни моро ба худ машғул доштааст, канор гузорем ва тамаркуз ва диққатамонро рӯи як кори дигар гузорем, мебинем, ки ҳам замонро хуб мудирият кардаем ва ҳам мефаҳмем, ки гаштан дар сафҳаҳои интернету инстогром ба муддати соатҳо ва ё дароз кашидан рӯи диван ва тамошо кардани филмҳои такрории телевизион, як истифодаи ғайримуфид аз замони мост. Пас, чӣ беҳтар ки замон ва лаҳзаҳои умрамонро мудирият кунем ва барои беҳтару рангинтар шудани зиндагӣ талошу кӯшиш кунем. Ин кор ҳам барои худамон ва барои хонаводаву наздиконамон муфидтар хоҳад буд.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.