Хушбахтӣ чист?

77

Хушбахтӣ чист?

Рози хушбахтӣ чист?

Оё хушбахтӣ ба синну сол вобаста аст?

Дар мавриди хушбахтӣ, содатарин саволе, ки пеш меояд, ки аст, ки хушбахтӣ чист? Чӣ гуна хушбахтиро таҷриба кунем? Оё хушбахтӣ ба синну сол робита дорад? Чӣ тавр монанди кӯдакон шоду хушбахт ба дунё нигоҳ кунем?

Аввал ба ин нукта бояд ишора кунем, ки хушбахтӣ ба синну сол робита надорад ва то ҳоло собит нашудааст, ки ҷавонтарҳо нисбат ба бузургтарҳо хушбахттар ҳастанд, ё баръакс.

Аммо дар мавриди кӯдак вазъият фарқ мекунад. Кӯдакон зиндагии шодмонатаре доранд. Кӯдак бепарвою маъсум аст. Кӯдак ҳарчӣ камсиннусолтар бошад, шодтар аст.

Аммо ҳамин кӯдак, вақте синну солаш бештар мешавад, аз дигарон иштибоҳомӯзӣ мекунад ва ҳамин тавр, нохушнудӣ батадриҷ дар зиндагиаш роҳ пайдо мекунад. Агар ӯ биомӯзад, ки монанди даврони кӯдакиаш маъсуму бепарвотар бимонад, боз ҳам метавонад эҳсоси хушбахтӣ кунад ва зиндагии шодтаре дошта бошад.

Рози хушбахтӣ дар ин аст, ки монанди кӯдакон, аз доштаҳоятон лаззат бибаред.

Барои хушбахт будан, ба корҳои сахту душворе ниёз нест ва бояд бидонед, ки хушбахт будан, дарки лаҳзаҳои хуши зиндагӣ аст.

Рози дигари хушбахтӣ – муқоиса накардани шароит ва зиндагии хеш, бо зиндагии дигарон аст.

Барои хушбахт будан ва хушбахт зистан, ба нукоти зер таваҷҷӯҳ дошта бошем:

1 – Кашф кунем, ки чӣ чизе моро хушбахт мекунад ва дар талабу талоши он бошем

2 – Ба самти ҳадафҳое, ки моро хушбахт мекунад, ҳаракат кунем

3 – Бо одамҳои шод бештар рафтуомад ва нишасту бархост дошта бошем

4 – Вақте коре хуб пеш намеравад, ба ҷои афсӯс хӯрдану ноумед шудан, дар паи ислоҳ ва роҳи ҳал бошем

5 – Ҳар рӯз чанд дақиқа ба чизҳое, ки шодамон мекунад, фикр кунем

6 – Ҳар рӯз, замонеро ба анҷоми корҳои хуб барои худамон мушаххас кунем

7 – Дар ҳаводиси рӯзгор ва шароитҳои гуногуни зиндагӣ, нукоти хандадорашро пайдо кунем ва бо ин кор, худро ба шодӣ ва хушбахтӣ расонем

8 – Саломатӣ ва варзишро ҷиддӣ бигирем

9 – Худамонро шоистаи хушбахт будан ва хушбахт зистан бидонем

10 – Китобу достонҳои хубу омӯзандаро бештар мутолиа кунем.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.