Волидайн ва иҳтироми пиронсолон

118

Нақши тарбиятии волидайн барои фарзандон дар ҳифзи ҳурмати пиронсолон

Даврони пирӣ марҳалаи ниҳоии рушд барои бознигарӣ ва равшан кардан ва маъно бахшидан ба чигунагии гузарони зиндагии гузашта аст. Идомаи рушди фард дар ин давра вақте муяссар аст, ки битавонад бо воқеъбинӣ ва инъитофпазирӣ худро бо тағйирот ва фуқдонҳо созгор созад ва ин солҳои умри худро бо эҳсоси арзишманде ва муассир будан бигузаронад. Ончи аз ҳама муҳиммтар аст ин аст, ки инсон ҳосил ва меваи зиндагии худ дар солҳои гузаштаро дар ин давраи зиндагӣ, хоҳ дар вуҷуди фарзандон, хоҳ дар равобити инсонӣ бо дигарон ва ё дар осори тавлидӣ ва хадамоти фарҳангӣ, иҷтимоӣ ё иқтисодӣ эҳсос кунад ва зиндагии худро маънодор бубинад.

Афроде, ки эҳсоси хубе аз зиндагӣ доранд ё қодиранд шоистагиҳои худро нишон диҳанд ва эҳсоси қавӣ аз худ дошта бошанд, дар давраи пирӣ низ зиндагии маънодортаре доранд ва ба эҳсоси камоли инсонии худ даст меёбанд.

Зиндагии саодатмандона дар пиронсолӣ низ мумкин аст ба шарти онки зиндагии гузаштаи фард самарабахш буда бошад ва ба охирин марҳалаи ҳаёти хеш бо нигариши мусбат нигоҳ кунанд. Дар чунин сурате бознигарии таҷрубаҳои гузашта дар ғуруби зиндагӣ лаззатбахш хоҳад буд.

Навъи нигарише, ки афроди ҷомеа ба пиронсолон доранд қатъан дар сабки зиндагии онҳо низ бисёр муассир аст.

Шавоҳид нишон медиҳад, ки навъи нигоҳи мо ба ин давра аз зиндагӣ, наҳваи рафтори мо бо солмандон, дахолат додани онҳо дар нақшҳои мухталифи хонаводагӣ ва иҷтимоӣ, ҳифзи ҳурмати онҳо дар тамоми шууноти зиндагӣ ва ғ. бар дидгоҳи дигар аъзои хонавода ва дар идома дар миёни афроди ҷомеа таъсир зиёде хоҳад дошт.

Бо ҳамаи ин арзишҳое, ки дар мавриди даврони пиронсолӣ гуфта шуд, ин даврон низ метавонад бо мушкилот ё ҳатто уфт дар заминаи ҷисмонӣ, шинохтӣ ва иҷтимоӣ ҳамроҳ бошад, ки муносиб бо ин тағйирот гоҳ шоҳид халқи танг, беҳавсалагӣ ва ҳатто гоҳ афсурдагӣ дар пиронсолони худ ҳастем, ки ҳамаи ин маворид даст дар дасти ҳам дода ва робита бо пиронсолонро душвор мекунад.

Ҳол онки агар фарзандон дар таваҷҷуҳ ва расидагӣ ба волидайни пирашон диққат карда ва маҳоратҳои рафтории лозим барои рафтори дуруст бо онҳо дар сурати рубару шудан бо мушкилоти ин снинро дошта бошанд, қатъан улгу ва сармашқи хуб барои фарзандони худ буда ва аз ин тариқ даврони солимндӣ ва куҳансолии худро низ хуб мегузаронанд.

  Фазои хонаводагӣ ва арзишҳо ва таъсири он бар тарбияти фарзандон

Чигунагии робитаи хонаводагӣ фазои иртиботи умумии хонаро ба вуҷуд меоварад, ки тавассути волидайн поя гузорӣ мешавад. Фазоро метавон доманае аз гармӣ то сардӣ, ҳамкорӣ то рақобат, муҳаббатомез то танаффуромез, мӯҳтарамона ё иҳонат омез, оромбахш ё пуртаниш ва ғ. донист. Муҳити хонаводагӣ сармашқе аз равобити инсонӣ барои фарзандон аст ва ба василаи арзишҳои хонаводагӣ поягузорӣ мешавад. Арзиши хонаводагӣ ба ҳар чизе, ки барои волидайн муҳим бошад, гуфта мешавад. Таваҷҷуҳ дошта бошед, ки аъзои хонавода маҷбӯр нестанд бар сари мавзӯи мавриди ихтилоф ба тавофуқ бирасанд балки ин муҳим аст, ки ҳар як аз онон ба тариқе барои он арзиш қоил шавад.

 Нақши улгуҳо

Хурдсолон, бузургсолони муҳими зиндагии худро улгу қарор медиҳанд. Онон ба рафтори афроди болиғ бисёр таваҷҷуҳ мекунанд ва аз он тақлид мекунанд. Мумкин аст мо арзишҳои муаянеро мавъиза кунем, вале агар амали мо бо суханамон як набошад, ончи хурдсолони мо ба он таваҷҷуҳ мекунанд, рафтори мост.

Фарзандон аз волидайн ва бузургсолони дигар меомӯзанд ҳифзи эҳтиром яъне чӣ. Вақте падар ва модар барои якдигар ва барои бузургтарҳои хешутабор ва пиронсолон арзиш ва эҳтиром қоил шаванд фарзандонашон баробариро меомӯзанд. Аз авомили таъсиргузори равишҳои падар ва модарӣ кардан, боварҳои равшане аст, ки дар фарзандон шакл мегирад. Чигунагии омӯзиши волидайн ба фарзандон улгуе аз равобити падару модар ва фарзандро ба онҳо меомӯзад. Агар фарзандон дар муҳите аз эҳтиром ва ҳамёрӣ пуштибонӣ шаванд, бо эҳтиром ва ҳамёрӣ ба унвони арзишҳо ҳамсоз мешавад ва онро дар дигар равобиташон ба кор мебаранд.

Фарзандон арзишҳои мутаолӣ дар зиндагиашонро бо мушоҳида кардани аъмол ва рафтори волидайн ёд мегиранд. Бинобарин саъй кунед улгу ва сармашқи комил ва муносибе аз анҷоми арзишҳои мавриди назаратон бошед то фарзанди шумо бо дидани ин арзишҳо дар вуҷуди шумо, ба тарафи онҳо шавқу рағбат пайдо кунад.

Дар ҳақиқат волидайн аввалин муаллими фарзандон ҳастанд. Волидайн ҳастанд, ки метавонанд нақши улгуи мусбат ва манфиро барои фарзандони худ бозӣ карда ва арзишҳоро дар зиндагии фарзандони худ ҷой диҳанд. Вақте фарзанди шумо ҳамвора шоҳид ва нозири иҳтиром, таваҷҷуҳ ва муҳаббати бедареғи шумо ба волидайнатон бошад ва вақте мушоҳида мекунад, ки байни рафтор ва гуфтори шумо дар заминаҳои инсондӯстона фосилае нест, нохоста кирдори шуморо сармашқи худ қарор дода ва ин арзишҳои ахлоқиро меомӯзад. Пас саъй кунед дар даврони пирии волидайнатон улгуи хуб ва шоиста барои фарзандонтон бошед то аз ин тариқ битавонед арзишҳои ахлоқиро дар вуҷуди фарзандонатон мустаҳкам кунед.

 Муроқиби волидайнатон бошед

– Афроди куҳансол умуман тасаввур мекунанд назар ва фикрашон барои ҳеҷ кас муҳим ва ҷаззоб нест аммо агар шумо ба онҳо иҷозаи ҳарф задан дода ба сӯҳбатҳои онҳо таваҷҷуҳ кунед, боис мешавад, ки онҳо аз лиҳози хулқу ху оромтар ва нармтар шаванд.

– Сабур бошед ва бо оромӣ аз канори ғур-ғур ва шикоятҳои волидайни пиронсол бигузаред. Худатонро контрол кунед ва агар контроли шароит бароятон сахт аст маконро тарк карда ва ба худатон танаффус диҳед то оромиши қаблиатонро ҳифз кунед, вақте ба оромиши лозим расидед, бо тавони бештаре метавонед баргардед ва коратонро идома диҳед.

– Замоне ки волидайни пиронсолатон бадахлоқӣ мекунанд ба онҳо лабханд бизанед, агар лабханд задан бароятон душвор аст зуд баҳсро иваз кунед ва дар ниҳоят агар шароит боз ҳам бароятон душвор шуд, маконро тарк кунед, аз ин тариқ канор омадан бо шароити сахтро ба фарзандатон биёмӯзед.

– Одат кунед, ки бо ҳамаи аъзои хонавода аз волидайн пиронсол гирифта то фарзандон ва ҳамсаратон, зиёд сӯҳбат кунед. Дар мавриди ҳама чиз ва ҳамаи шароит (аз иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ) сӯҳбат кунед. Сӯҳбат кардан бо аъзои хонавода дар мавриди мавзӯъоти мухталиф, боиси аз байн рафтани эҳсоси тундхӯӣ ва бекасӣ дар пиронсолон низ мешавад. Ин мавзӯъ боис мешавад ба эҳсоси хубе даст ёфта ва ҳис кунанд онҳо низ чизҳои хубе барои саҳмдор шудан бо гуфтугӯҳои шумо доранд.

– Ҳифзи ҳурматҳо дар ҳамаи шароитро фаромӯш накунед. Ба хотир дошта бошед, ки волидайни шумо ҳамеша ниёзманди таваҷҷуҳ ва расидагии шумо набудаанд, балки солҳои тӯлонӣ бо талошҳои бедареғи худ, шуморо ба ин марҳала расонданд. Бинобар ин ҳифзашон ва шахсияти онҳо ва риояти эҳтиромашон вазифаи шумост.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.