Сираи Фотимаи Заҳро саломуллоҳи алайҳо – қисмати аввал

237

Сираи Фотимаи Заҳро саломуллоҳи алайҳо – қисмати аввал

Ҳазрати Фотима саломуллоҳи алайҳо намунаи бориз ва мисдоқи комили зан аст. Бетардид дар издивоҷи муборакашон, ҳадафҳо ва мақасадашон қадам гузоштан дар масире буд, ки мӯҷиби камоли аъзоъи хонавода ва ҳамчунин иҷтимоъ мешуд.

Ончи аз таърих бар ҷой мондааст ба таҳаққуқи ин ангезаи муқаддас дар ин паймони заношуӣ шаҳодат медиҳад. Шаҳодат медиҳад, ки Фотима саломуллоҳи алайҳо аз лаҳза вуруд ба хона Алӣ алайҳиссалом, то охирин рӯз зиндагӣ бар сари паймон худ буд.

Исору гузашт дар зиндагӣ

Дар фардои арӯсӣ вақте паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳӣ) аз ҳазрати Алӣ алайҳиссалом пурсид, ки Заҳроро чигуна ёфти? Арз карданд:

«Фотима, ёвари хуб барои итоат Илоҳӣ аст»

Ва ҳангоме, ки паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳӣ) ҳамин пурсишро аз Фотима саломуллоҳи алайҳо кард, посухе шунид, ки ҳикоят аз камоли ризоят ва хушнудии Заҳро(с) мекунад.

Кӯмак бар тақво ва неки яке аз аркон зиндагии муштараки Алӣ(алайҳиссалом) ва Фотима саломуллоҳи алайҳо буд ва шояд яке аз беҳтарин ва шукӯҳмандтарин нишонаҳои он ин аст, ки Заҳро(алайҳо салом) дар тӯли зиндагии худ бо Алӣ(алайҳиссалом), ҳеҷ гоҳ аз вай чизеро нахостанд , ки иҷобат он барои Алӣ (алайҳиссалом) мушкил ва мӯҷиб озори вай бошад.

Либос, зинат, асоси хона, маскани васеъ ва амсоли он хостаҳое аст, ки маъмулан ҳар зане ба худ иҷоза медиҳад, ки аз ҳамсар хеш дархост намояд.

Вазифаи иқтисодии шавҳар

Аммо Заҳро (саломуллоҳ алайҳо) ҳаргиз ҳамсаршро барои таҳияи ин навъ хостаҳо ба заҳмат наандохт. Ҳатто вақте дар бистари бемори буд ва Алӣ (алайҳиссалом) бо дили пур аз ишқ ва муҳаббат, аз ӯ хост, ки агар хостае дорад баён кунад, Заҳро алайҳо салом аз баёни тақозои худ имтиноъ мекард. Алӣ алайҳиссалом фармуд:

«Фотима ҷон, чизе аз ман бихоҳ» ва ҳангоме, ки Заҳро алайҳо саломро ҳамчунон сокит ва ором дид, ӯро савганд дод, ки аз ӯ тақозои кунад. Фотима, ки дигар сукутро ҷоиз намедед, гуфт:

Акнун, ки савгандам доди агар аноре бошад, мехоҳам. Алӣ алайҳиссалом аз инки медид ҳамсараш баъд аз солҳо зиндагӣ ва қаноат, билохира аз ӯ дархости кардааст, барои анҷоми хости ӯ бо хушҳоли аз хона берун омад.

Бад-ин гуна ҳазрати Заҳро алайҳо салом шарики муҷоҳидатҳои иҷтимоӣ ва мардумии ҳамсари бузургавораш Амирулмуъминин(алайҳиссалом) буд. Ў бо шинохти амиқ ва дарки ҷойгоҳи баланд ва ҳассоси ҳамсараш, тамоми сахтиҳо ва мароратҳои зиндагиро ба ҷон мехарид ва заррае дар ахлоқи ҳасана ва сулуки ӯ дар равобити ҳамсарӣ ва масъулитҳои зиндагӣ, асари манфӣ нагузошт ва ин метавонад ба навбаи худ дастуруламали як зиндагии пурбор ва ширин бошад. Он ҳазрат(с) талош дар муҳит хонаро арҷ мегузошт ва бо ҷон ва дил ба он мепардохт.

Алӣ алайҳиссалом дар гуфтугӯе, ки бо яке аз мардон банӣ Асад дошт ба ӯ фармуд:

Мехоҳи аз вазъи зиндагии худ бо Фотима(алайо салом) бароият сухан бигӯям? Ў дар хона талоши бисёр мекард, ҷиддӣ ва сахткӯш буд, ҳамли об, ордкардани ҷав, пухтани нон ва корҳои дигари хона, ӯро озурда ва хаста карда буд. Ба ӯ пешниҳод кардам назди паёмбар(с) биравем ва аз ӯ дархост як хидматкор намоем, то ту аз ин ҳама кор ва талош, қадре биёсоӣ.

10 рози издивоҷи муваффақ

Фотима ба хидмати паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳӣ расид дид ҷамъе аз асҳоб гирдаш нишастаанд. Аз шарм баргашт ва чизе нагуфт, расул Худо(саллаллоҳу алайҳи ва олиҳӣ), ки мутаваҷҷеҳи омадан Фотима(алайҳо салом шуда буд, фардои он рӯз ба хона мо омад ва фармуд:

Фотимаҷон дирӯз барои чӣ омада будӣ?

Ҳаё мӯҷиби сукут Фотима шуд. Ман арз кардам масъулияти Фотима дар корҳои хона зиёд ва тоқат фарсост ва пешниҳоди худро бо паёмбар(с) дар миён гузоштам. Паёмбар(с) фармуд:

Духтарам мехоҳи чизе ба ту омӯзиш даҳум, ки аз каниз ва хидматкор беҳтар бошад? Баъд фармуд:

Шаб ҳангоми хоб 33 мартаба Худойро бо «субҳон Аллоҳ » тасбеҳ кун ва 33 мартаба «алҳамду лиллоҳ » бигӯ ва низ 34 мартаба «Аллоҳу акбар» ро бар забон биовар, духтарам агар ин зикрро ҳар шаб такрор кунӣ, Худованд мушкилоти дунё ва охиратро бар ту осон мегардонд.

Фотима баъд аз шунидани ин суханон, се мартаба гуфт:

«Аз Худо ва расули Худо хушнудам»

Идома дорад………

Сираи Фотимаи Заҳро саломуллоҳи алайҳо – қисмати дуввум

Сираи Фотимаи Заҳро саломуллоҳи алайҳо – қисмати севвум

Сираи Фотимаи Заҳро саломуллоҳи алайҳо – қисмати чаҳорум

Сираи Фотимаи Заҳро саломуллоҳи алайҳо – қисмати панҷум

Пойгоҳи интернетии “Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.