Розҳои шод будан дар хонавода

117

Бархе аз авомили эҷоди шодӣ монанди генетик аз контроли мо хориҷ аст; Аммо ҳамчунон равишҳо ва ҳилаҳои кӯчаке вуҷуд дорад, ки битавонем рӯзамонро бисозем ва эҳсоси беҳтаре пайдо кунем. Барои инки лабхандатон зебо, ризоятатон аз зиндагӣ бештар ва эҳсоси оромиши бештаре дошта бошед, яке ё ҳамаи равишҳоеро, ки дар идома ба шумо муаррифӣ мекунем, ба кор бибандед. Ин равишҳо пеш аз ин имтиҳонашонро пас додаанд ва тавассути муҳаққиқон ва равоншиносон тазмин шудаанд.

 Гоҳе вақтҳо аз шаҳр берун бароед

Бар асоси тозатарин мутолиоти анҷомшуда зиндагӣ кардан дар наздики паркҳо ё фазоҳои сабз ё ҳатто нигоҳ кардан ба аксе, ки аз манзараи табиӣ гирифта шуда, амалкарди он бахш аз мағз, ки ба эҳсоси шодӣ ва суботи отифӣ иртибот дорад, беҳбуд мебахшад. Илова бар ин берун рафтан аз хона ва қарор гирифтан дар маърази нури хуршед боиси сохта шудани витамин D дар бадан мешавад ва медонед, ки камбуди баъзе аз маводи мағз риски ибтилои шумо ба афсурдагиро афзоиш медиҳад.

 Либоси варзишиатонро дубора пушед

Варзиш далели шодӣ нест; Аммо метавонад мунҷар ба эҷоди эҳсоси шодӣ дар инсон шавад. Варзиш кардан боис мешавад, ки бадан барои мубориза бо бемориҳо, пратаинҳои хоссеро, ки “антибоди” ном доранд бисозад ва ҳамчунин мағзро барои тарашшӯҳи андрафин таҳрик мекунад. Афзоиши анти бодиҳо дар бадан бо дӯр кардани беморӣ шуморо шод мекунанд ва андруфин ҳам боиси беҳбуди хулқу хӯ мешавад то аз зиндагиатон лаззати бештаре бибаред. Ин нуктаи даригуширо низ ба хотир дошта бошед ки бар асоси мутолиоти мавҷуд, варзиш кардани мудовим, шодиро дар вуҷуди шумо доимӣ хоҳад кард.

 Бештар бихобед

Хоби кутоҳи нимрӯзӣ, хоби амиқ дар тӯли шаб ва ғ. воқеан фарқе намекунад чун бастани чанд дақиқа ё чанд соатаи чашмҳо ба афзоиши сатҳи саломати умумӣ ва шодӣ кумак мекунад. Муҳаққиқон мегӯянд, ки хоби нокофӣ яъне камтар аз 4 соат хоб дар шабонарӯз, боис мешавад, ки шумо хушбинии худро аз даст бидиҳед. Илова бар ин надоштани хоби кофӣ муҳаррики чоқӣ ва дар натиҷа афсурдагии нашъат гирифта аз ба ҳам худрни таносуби андом низ ҳаст.

  Қадрдон бошед

Ёдатон ҳаст, ки падар ва модаратон дар кӯдакӣ рӯзе чанд бор тазаккур медоданд, ки гуфтани калимаи «ташаккур», «раҳмат» ёдатон наравад? Хуб солҳо аз он рӯзҳо гузашта аммо равоншиносон мӯътақиданд, ки қадрдон будан ва ташаккур кардан аз касоне, ки коре бароямон анҷом доданд муҳаррики эҳсоси шодӣ ва нишот дар зиндагӣ аст. Албатта мутахассисон натанҳо тавсия мекунанд, ки аз дигарон ташаккур кунед, балки аз ончи Худо дар зиндагӣ дар ихтиёратон гузошта ҳам шукргузор бошед ва далоили ин қадрдониро рӯи коғаз бинависед ва ҷое ҷилави чашматон қарор диҳед.

 Дӯст бошед

Дӯст будан бо дигарон ҳам шодиовар аст ва ҳам эстересро аз шумо дӯр мекунад ва боис мешавад эҳсоси эътимод ба нафси бештаре дошта бошед.

 Муроқиби худатон бошед

Бо суръати зиёде, ки зиндагии имрӯзӣ дорад, ба роҳатӣ мумкин аст ёдамон биравад, ки бояд муроқиби худамон ҳам бошем. Ин масъала дар ниҳоят мунҷар ба эҳсоси норизоитӣ аз зиндагӣ ё ношодӣ мешавад.

 Режими ғизоиятонро ғани кунед

Вақте навбат ба занги шод ва ором мешавад, пойи анвои витаминҳо ва маводи маъданӣ ҳам ба миён меояд. Таҳқиқот нишон дода, ки одамҳои шод маъмулан 6-7 воҳид мева ва сабзиҷот дар рӯз масраф мекунанд. Илова бар ин бархе маводи маъдании ҳамчун оҳан, калсиюм боис мешавад, ки эҳсоси хубе пайдо кунед ва хулқу хуи беҳтаре дошта бошед.

 Ба худатон сахт нагиред

Бештари  вақтҳо мо муҳиммтарин ва сахтгиртарин душмани худамон ҳастем. Албатта хуб аст, ки нисбат ба хатоҳо ва иштибоҳотамон огоҳ бошем; Аммо беҳтар аст кор ба заду хӯрд нарасад! равоншиносон мегӯяанд интиқоди шадид аз худ фақат метавонад боис шавад, ки эҳсоси бадбахтӣ кунем. Пас ба ҷои инки бобати ҳар хатое худро ба боди интиқод бигиред, рӯи ин мавзӯъ диққат кунед, ки читавр бояд ба худатон арзиш бигузоред. Ин тағйир боис мешавад қавитар, оромтар, халлоқтар ва албатта шодтар шавед.

 Қудрати гулҳоро дарёбед

Гулу гиёҳ натанҳо фазои атрофатонро беҳтар ва матбӯътар мекунад балки ҳолу ҳавои равонатонро ҳам беҳтар мекунад. Қарор додани гулу гиёҳ боис мешавад эҳсоси дард ва изтиробатон камтар ва дар муқобил ҳаяҷоноти мусбати дарунатонро тақвият мекунад. Як мутолиа ҷадид нишон медиҳад, ки агар гулу гиёҳ аввалин чизе бошад, ки мавқеи бедор шудан аз хоб чашматон ба он меафтад, дар тӯли рӯз бештар эҳсоси шодӣ ва нишот мекунед.

Нооромиро ба ҳадди ақал бирасонед

Нооромӣ ва парешонхотирӣ ба хусус агар ба сурати шадид дар биёяд масъули аслии бисёре аз бемориҳои ҷисмӣ ва равонӣ аз ҷумла бехобӣ, изтироб, афсурдагӣ ва ғ. аст.

 Пасандоз кунед

Пул пасандоз кардан яке аз равишҳои касби ризоят ва хушнудӣ аз зиндагӣ аст. Мутолиот нишон дода касоне, ки барои ояндаашон пул пасандоз мекунанд, маъмулан шодтар аз дигарон ҳастанд. Илова бар ин пасандоз кардани пул боис мешавад эҳсос кунед, ки контроли зиндагитонро дар даст дошта ва амнияти бештаре доред.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.