Беҳтарин шеваи шавҳардорӣ

163

Дар решаёбии талоқ ҳамеша аз масоили ҷинсӣ ба сароҳат ва ё киноя сухан гуфта шудааст. Мардон пеш аз онки ба ҷо ва макон ва ғизо аҳамият диҳанд ба масоили ҷинсӣ аҳамият медиҳанд. Аз ин руст, ки гуфтаанд решаи мушкилоти оилавиро мебоист дар хилватгоҳи онҳо ҷустуҷу кард. Бар асоси оёти Қуръонӣ ва фармони илоҳӣ занон ва мардон мебоист дар шабонарӯз чанд бор хилват кунанд ва ҳатто фарзандон низ набояд дар ин хилватгоҳи онҳо дар ин замон ворид шаванд.

Дар ин хилват зан мебоист худро ороиш диҳад ва аз ҳар гуна ороиш ва зинат баҳра барад ва бадани хешро ба беҳтарин шакли мумкин ба шавҳари хеш нишон диҳад. Дар ин муддат бо якдигар дар бораи масоили хусусӣ сухан бигӯянд ва муошиқа намоянд. Дар бораи масоиле сухан нагуянд, ки кудуратзо бошад ва мушкилоти берун аз хилватгоҳро ба даруни хилватгоҳ бикашонанд. Дар ин хилватгоҳ аст, ки зан ва шавҳар дар ҳарими комилан хусусӣ метавонанд якдигарро аз назари ҷинсӣ ба таври комил ирзо ва хушнуд ва розӣ намоянд ва бар асоси баъзе ривоёт намебоист зан дер ба хилватгоҳ равад ва ё ҳангоми даромадан худро ороиш накунад ва заминаҳои таҳрики ҷинсиро аз миён бардорад.

Ба ҳар ҳол дар ихтиёри мард қарор додани зан худашро дар хилватгоҳ ва ҳарими комилан хусусӣ асли Қуръонӣ ва ҳукми илоҳӣ аст, ки наметавон аз он чашм пӯшид. Аз ин руст, ки гуфтаанд бисёре аз мушкилот ва даргириҳои миёни зану шавҳар дар тӯли рӯз иртибот танготанаге бо хилватгоҳи онон дорад.

Ҳаргоҳ масоили хилватгоҳ ҳал шавад ҳамаи мушкилоти дигар ба худии худ ҳал мешавад. Агар марде дар бораи пӯшиши зан ва ё ғизо ва чигунагии кудакдорӣ ва монанди он ишколу ирод мегирад решаи онро мебоист дар ҷойгоҳи дигар ҷуст ва ин гуна чизҳо баҳонаҳое беш нестанд.

Дар ин ҳарими хусусӣ, кудакон ва дигар касони ҳозир дар муҳити хонавода намебоист ворид шаванд. Дар дастурҳои Қуръонӣ ва набавӣ ин масъала борҳо мавриди таъкид қарор гирифтааст, ки зан ва шавҳар бояд хобгоҳи мустақил ва ҷудогонае дошта бошанд, ки зан ва шавҳар аз ҳар ҳайс битавонанд озодона ба муошиқа иқдом кунанд.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.