Коҳиши никоҳ ва афзоиши ҷудошавии оилаҳо

Тибқи иттилои мақомоти кишвар дар соли гузашта нисбат ба сабти ақди никоҳ бекоркардани ақди никоҳ дар додгоҳҳои кишвар бештар ба қайд гирифта шудааст

104

Вазири адлия Музаффар Ашӯриён гуфт: дар соли 2022 13 ҳазору 876 оила расман ақди никоҳи худро бекор карданд, ки нисбат ба соли 2021 (13 ҳазору 714 ақди никоҳ расман бекор карда шуд) 162 ҳолати бекоркардани ақди никоҳ бештар аст.
Вай афзуд, таносуб ҳамин хел аст, ки бақайдгирии оилаҳо камтару бекоркунии ақди никоҳ бештар аст.
“Пеш аз ҳама ба ҷудошавии оилаҳо масоили иҷтимоӣ, иқтисодӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ сабаб мешавад”.
Музаффар Ашӯриён илова кард, ки тарбияи ҷавонон барои барпо кардани оилаҳо, ҳанӯз ҳам кифоя нест.
“Яъне ҷавонони мо бе омодагӣ барои барпо кардани оила шуруъ мекунанд”.

Вай илова кард, ки қисмати зиёди бекоркунии ақди никоҳ аз ҷониби мақомоти суди сурат мегирад. Агар шахсон фарзанд дошта бошанду дигару дигар ба воситаи суд ақди никоҳи онҳо бекор карда мешавад.
“Бештари сабабҳои ҷудошавии оилаҳои ин ба ҳам наомадани хусусиятҳои ҳар як шахс, масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ ва ғайра аст. Новобаста аз ин ҳо мо ҳамасола корҳоямонро барои ташвиқу тарғиб тақвият медиҳем, то ба ҷовонон оиладориро фаҳмонем”.
Музаффар Ашӯриён, инчунин гуфт, ки мақомот роҳи дигар надорад, танҳо ба вуҷуд овардани як мафкураи солим барои барпо кардани оила мақсади асосии мост.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.