Беъсати Паёмбари илму адолат (с) муборак!

149
Имрӯз шанбе 27 раҷаби соли 1444 ҳиҷрии қамарӣ, баробар бо 18 феврали 2023, мабъаси паёмбари аъзам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи васаллам аст.
Иди мабъас рӯзе аст, ки ҳазрати Муҳаммад (с) дар синни 40 солагӣ, дар ғори Ҳиро тавассути Ҷабраил ва аз сӯи Худованди мутаол ба паёмбарӣ баргузида шуданд.
Эшон ба унвони охирин сафир аз паёмбарони бузурги илоҳӣ дар 27 моҳи раҷаб аз соли чиҳилуми омулфил ба паёмбарӣ баргузида шуданд то ҷомеаи ҷоҳилиро, ки ғарқ дар ҷаҳолат ва беахлоқӣ буд, ба самти ахлоқмадорӣ, каромати инсонӣ ва иззати нафс даъват кунанд.
Беъсати паёмбари акрам (с) -ро бояд сароғози ташкили бузургтарин тамаддуни исломиву ахлоқии ҷаҳон донист, ки инсонҳоро аз олудагиҳои фикриву ақидатӣ дар тӯли таърих наҷот дод.
Паёмбари бузурги Ислом бо муъҷизаи Қуръони Карим ба унвони беҳтарину комилтарин китоби осмонӣ мабъус шудааст, мабъасе, ки инфиҷори нуру зуҳури арзишҳои инсонӣ дар саҳнаи ҳаёти башарӣ буд.
Ишон бо нузули китоби осмонии Қуръон, мафоҳими ҷадиде аз қабили такрими занону духтарон, мубориза бо зулму бутпарастӣ, кумак ба ҳамнавъ, тавҳиду ягонапарастӣ ва ахлоқи накӯро дар ҷомеаи инсонӣ поярезӣ карданду роҳи расидани инсонҳо ба саодати дунявиву ухравиро табйин карданд.
Ба пой хез, ки дилҳо зи шавқ об шаванд
Ки зарраҳо ба туфайли ту офтоб шаванд
Бихон ба номи Худое, ки Рабби аъло аст
Ки лолаҳо ҳама паймонаи гулоб шаванд
Амини ваҳйю нубувват ба зикри номи Худо
Бихон, ки бохабар аз матни ин китоб шаванд
Саманди соиқа зин кун Худо накарда мабод
Ки беадолативу ҷаҳл ҳамрикоб шаванд
Расули наҳзати бедории замон, магзор
Ки пилкҳои ба ҳам баста гарми хоб шаванд
Шитоб кун, ки равонҳои ташнаи имон
Раҳо зи панҷаи тардиду изтироб шаванд
Ба як ишораи ту барг дар хазонрезаш
Латифу тоза чу нилуфарони об шаванд
Бихон ҳадиси муҳаббат, ки бардагони сиёҳ
Дар ин кавир, дурахшонтар аз шаҳоб шаванд
Бигир дасти ҳама побараҳнагони замин
Ки ин шикастадилон молики риқоб шаванд
Ятими Омина, асҳоби сарсупурдаи ту
Талоядори зафарманди инқилоб шаванд
Саҳар, ки ояд аз истиҷобати дуо хонанд
Умедвори дуоҳои мустаҷоб шаванд.
Сомонаи хонаводаи намуна фаро расидани солрӯзи биъсати Паёмбари гиромии Ислом Муҳаммади мустафо (с)-ро ба ҳамаи мусалмонон ва дигар озодихоҳони ҷаҳон табрик мегӯяд.
You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.