Чаро ҳиҷоб фақат барои занон аст ?

104

 

Дар ин робита ба чанд нукта таваҷҷуҳ кунед:

а) Зан мавҷуди ҳассосе аст ва он қадар, ки вуҷуди зан барои ҷинси мухолиф(мард) ҳассосият дорад, ҳаргиз мардон чунин нестанд.

б ) Ҳиҷоб ба таври куллӣ ин ҳассосиятро аз байн намебарад вале то ҳудуди зиёде муассир ва боздоранда аст.

в ) Ҳиҷоб ҳам барои ҳифзи саломат ва шахсияти худи зан аст ва ҳам барои ҳифзи иҷтимоъ.

Шумо таваҷҷуҳ кунед вақте зан ҳиҷоби худро ҳифз накунад ва ба хотири ин афроди бегона, ба хусус ҷавон‏ҳо фавқулъода таҳрик шаванд, натиҷааш чӣ хоҳад буд? Оё таҷовуз шоеъ намешавад? Оё фаҳшо дар ҷомеа зиёд намешавад. Агар фаҳшо роиҷ гашт бунёне барои хонавода‏ҳо боқӣ намемонад. Бинобарин гузоштани чунин қонуне барои паст задани зан ва бе таваҷҷуҳӣ ба он нест балки ба хотири тафовуте аст байни вазоифи зан ва мард, ки ба сохтори вуҷудии ҳар як аз он ду боз мегардад.

Илова  бар он мардон низ бояд ҳиҷоб дошта бошанд ва иҷоза ба намоёндани бадани худ (ҷуз мавориде, ки навъан ошкор аст) надоранд.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.