Хушбинӣ ва бадбинӣ ! ! !

131

Мусбатандешӣ чизе фаротар аз эътиқоди кӯркӯрона аст ва қудрати он бар зиндагии инсонҳо бисёр зиёд ва шигифтангез аст. Хушбинҳо тақрибан дар ҳама ҷанбаҳои зиндагӣ беҳтар аз бадбинҳо амал мекунанд ва маъмулан ба муваффақиятҳои бештаре расида ва аз муваффақиятҳои иҷтимоӣ лаззати бештаре мебаранд. Инсонҳои хушбин ҳамчунин камтар мустаиди пазириши афсурдагӣ ва бемориҳои ҷисмӣ ҳастанд. “Мартин Селигман” профессори равоншиноси донишгоҳи Пенсильвания мегӯяд: ” шавоҳиде вуҷуд дорад, ки хушбинӣ, системи дифоӣ ва ҳифозатии баднро тақвият мекунад.”

  Хушбин будан ё набудан чист?

Равоншиносон мӯътақиданд хушбинӣ ва бадбинӣ, одоте ҳастанд, ки мо аз замони кӯдакӣ меомӯзем ва волидайни мо улгу ва сармашқҳои мо ҳастанд.

Мартин Селигман: ” Хушбинӣ, як равиши одӣ барои тавзеҳи шикастҳо ба худатон аст.”

Инсони бадбин мӯътақид аст иттифоқоти бад, аз шароити доимӣ ва собит нашъат мегирад: “Ман дар имтиҳони риёзӣ қабул нашудам, чун истеъдоди ёдгирии аъдод ва арқомро надорам” ва иттифоқоти хуб, аз шароити муваққат ношӣ мешавад: “Ҳамсарам имрӯз ба ман як шоха гул ҳадия кард, чун рӯзи кории хубе доштааст”. Аммо инсони хушбин, шикастро ба авомили муваққатӣ нисбат медиҳад “Ман дар имтиҳон қабул нашудам чун диққат накардам” ва мавқеиятҳои матлубро ба авомили пойдор; ” Ӯ барои ман гул ҳадия овард, чун маро дӯст дорад.”

Бадбин иҷоза медиҳад ноумедӣ дар бахше аз зиндагиаш ворид шавад ва ба дигар бахшҳо нуфуз ва сироят кунад. Ба унвони мисол вақте ба шахсе гуфта мешавад ба таври муваққатӣ аз кор барканор шудааст, инсони бадбин натанҳо ба хотири аз даст додани шуғли худ эҳсоси баде дорад балки нигарониашро ба дигар абъоди зиндагии худ мунтақил карда, иброз мекунад, ки зиндагии заношуииаш дар маъраз хатар аст ва фарзандонаш ғайри қобили контрол ҳастанд, аммо инсони хушбин иҷоза намедиҳад як шикаст, тамоми зиндагии ӯро маҳдуд кунад, ӯ бо худ фикр мекунад “пас ман дар ин шароит, шуғле надорам, вале ман ва ҳамсарам ҳанӯз робитаи хеле хуб ва наздике бо ҳам дорем ва фарзандонамон мояи ифтихори мо ҳастанд.”

Вақте мушкиле пеш меояд ва корҳо хароб мешавад, бадбинҳо худро сарзаниш мекунанд: барои мисол агар ронандаи дигаре ба мошини порк шудаи онҳо хасорат ворид кунад, онҳо худро сарзаниш мекунанд, ки чаро мошинро дар ҷои номуносибе порк кардаанд. Аммо инсони хушбин чунин мушкилеро ба иттифоқ нисбат медиҳад ё саъй мекунад роҳи ҷадиде пайдо кунад: “Дафъаи баъд мошинро дар ҷое, ки мошинҳои камтаре вуҷуд дорад, порк мекунам.”

 Чигуна метавонед, хушбин бошед?

Хушбахтона одатҳои фарогирифта шуда метавонанд ба фаромӯшӣ сипурда шаванд. Таҳқиқот нишон медиҳад, ки хушбинӣ, маҳорате аст, ки ҳар инсоне метавонад ба хубӣ онро фаро гирад. Ба барномаи чаҳор марҳалаии зер амал кунед то ба кумаки он мусбат биандешед.

  Бо афкори манфӣ мубориза кунед.

Фарз кунед дер ба маҳалли кори худ расидаед, пеш аз онки худро сарзаниш кунед ва бигӯед: “Ман ҳамеша дер мерасм” аз худ арзёбии дақиқ ва дурусте дошта бошед. Саъй кунед ба хотир биоваред охирин боре, ки дер ба маҳали кори худ расидед, чӣ замоне буд, дирӯз? На, ҳашт ҳафта пеш. Оё таъхири шумо ба ин далел буд, ки барои ҷудо шудан аз ҷои хоб танбалӣ кардед? На, писари навҷавони шумо дишаб боки мошинро холӣ карда буд ва шумо маҷбӯр шудед барои пур кардани боки мошин ба ҷойгоҳи бензин биравед.

Бадтарин филмномаро тасаввур кунед, ки бар хилофи интизор, беҳтарин филмро дар пай дошта бошад; Шумо оҳ ва нола мекунед, ки “Ман ҳатман ихроҷ хоҳам шуд”, Аммо шояд раиси шумо ҳатто дертар аз шумо ба маҳалли кор бирасад. Дар марҳалаи баъд, сенарияеро, ки эҳтимоли вуқӯъаш бештар аст, муҷассам кунед: Ҳамчунон, ки шумо бо нигаронӣ ва ба суръат ба самти мизи кори худ меравед, раис бо ахм ва асабоният ба шумо нигоҳ мекунад. Дастпоча кунанда ва боиси шармандагӣ аст, вале кушанда, ки нест. Дар натиҷа ба фикри ёфтани як роҳи ҳал бошед. Ё дар вақти сарфи наҳор ҳам кор кунед ё чанд дақиқа зудтар хонаро тарк кунед то дар сурати ба вуҷуд омадани мушкилоти вақтгири пешбинӣ нашуда, фурсати кофӣ дар ихтиёр дошта бошед.

  Баранда буданро тамрин кунед.

Дар имтиҳонот, афроде, ки тасаввур мекунанд натиҷаи хубе хоҳанд гирифт ва муваффақ хоҳанд буд, бисёр беҳтар аз ононе, ки аз худ интизори қабул нашудан доранд, амал мекунанд, агар барои имтиҳоне, ки дар пеш доред, эҳсоси нигаронӣ мекунед, пеш аз рӯзи имтиҳон, худро муҷассам кунед дар ҳоле, ки сари ҷаласаи имтиҳон нишастаед ва баргаи имтиҳон дар муқобилатон қарор дорад ва шумо бо ёд Худованд ва кумак хостан аз ӯ шурӯъ ба хондани саволҳо карда ва ба хубӣ ба онҳо посух медиҳед. Дар ҳангоми рӯбарӯ шудан бо саҳнаи воқеӣ, ин тамрини фикрӣ ба шумо итминон ва неруи ирода хоҳад дод.

 Ба худатон эътибор ва арзиш бидиҳед.

Ба муваффақиятҳои худ дар гузашта эътироф кунед. Иттифоқоти хуберо, ки барои шумо бавуҷуд омада, ба унвони натиҷаи талошҳои худатон таҷзия ва таҳлил кунед. Аксҳое, ки дар таътилот гирифтаед, олӣ буданд на ба ин хотир, ки дӯрбин ба хубӣ сохта ва тарроҳӣ шуда буд, балки ба хотри маҳорати шумо дар заминаи нур ва таркиби аҷзои саҳна. “Меҳмонии шумо дар фазои боз муваффақиятомез буд, на ба ин далел, ки ҳаво хуб ва мусоид буд, балки ин муваффақият ба хотири тадоруки хуб ва маҳоратҳои иҷтимоӣ шумо будааст.” аз муваффақиятҳои худ таҷлил кунед (муваффақиятҳои худро ҷашн бигиред): “Ман қуфли дарро таъмир кардам бе инки маҷбӯр бошам аз усто кумак бихоҳам, ҳоло ман ба шеваи ҷадиде бо худ рафтор хоҳам кард.” Эҳсоси ифтихор ва мубоҳот, нисбат ба камолот ва фазоили худ, барои шумо як эҳсоси хударзишие месозад.

  Барои худ, ҳадаф таъин кунед.

Дақиқан таъйин кунед, ки қасд доред чӣ коре анҷом диҳед. Масалан мутааҳҳид шавед, ки ҳафтае як бор ба таври ихтиёрӣ дар муассисоти хайрия фаъолият кунед. Ҳадафҳои бузургро ба ҳадафҳои кӯчактар тақсим кунед, то зери бори сангини вазоифатон фалаҷ нашавед. Бо дастёбӣ ба ҳар ҳадафи аввалия, шоҳиди як пешрафт хоҳед буд. Шумо дар мавриди ончи дар оянда иттифоқ меафтад, эҳсоси қудрат ва ҳаяҷон хоҳед дошт ва ин, нишона ва қудрати як инсони хушбин аст.

Пас вақте инсон метавонад хушбин бошад ва ба василаи он оромишро дар зиндагии худ ба вуҷуд биёварад, чи ниёзе ба рафтан ба тарафи бадбинӣ аст.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.