Чигуна издивоҷ кунем, ки талоқ нагирем?

86

 

Оё қасди издивоҷ доред? Оё аз издивоҷ ва авоқиби он метарсед? Ҳақ доред! ин рӯзҳо камтар хонаводаеро мебинем, ки дар наздикони худ ҳадди ақал як фарди талоқгирифта надошта бошад. Ба ҳар тартиб имрӯза қубҳи талоқ рехта шудааст ва шояд яке аз иллати он ин бошад, ки тарзи фикри мардум тағир кардааст ва дигар далеле намебинад, ки бо сахтӣ ва машаққат зиндагӣ кунанд бинобар ин ба роҳатӣ талоқ мегиранд ва худашонро роҳат мекунанд аммо…

Ин талоқҳо, ки аксаран бо далоили пешипо афтода иттифоқ меафтад боис шудааст, ки тарсе дар дили ҷавононе, ки қасди издивоҷ доранд эҷод шавад аммо бояд бигӯем роҳҳое вуҷуд дорад, ки битавон аз талоқ пешгирӣ кард.

Аз ибтидои издивоҷ бояд ба чӣ нукоте таваҷҷуҳ кунем то битавонем аз талоқ пешгирӣ кунем?

Аввал бояд ҳангоми интихоб, фардеро интихоб кунед, ки ҳамкуфви шумо бошад то пас аз сипарӣ шудани айёми пурҳаяҷони ибтидои зиндагӣ, ночор ба таҳаммули ҳамсаратон нашуда ва дар зимн гирифтори талоқи отифӣ нишавед.

Лозим аст ҳамсаратонро аз фарде, ки дар табақаи иҷтимоӣ, молӣ ва фарҳангии худтон аст, интихоб кунед. На болотар ва на поинтар, нуктаи баъдӣ ин аст, ки саъй кунед ишқ ба ҳамсаратонро ҳифз кунед. Ҳамчунин дар издивоҷ ба шабоҳтҳо ва фарҳиятҳои якдигар таваҷҷуҳ кунед.

 Чӣ шабоҳатҳое лозим аст?

Ҳуш: Агар ҳуши зан ва шавҳар ба як андоза бошад робитаи заношуии онон бо гирифтории камтаре рӯбарӯ мешавад.

Арзишҳо: Лозим аст, ки зан ва шавҳар ба бисёре аз арзишҳо ваҳдати назар дошта бошанд. Масалан: Муҳим аст зан ва шавҳар аз назари маънавӣ ва ё дарки иқтисодӣ ихтилофи назари зиёде надошта бошанд.

Алоқа: Агар зан ва шавҳар дар бисёре аз заминаҳо алқаҳои муштарак дошта бошанд зиндагӣ ба комашон ширин хоҳад шуд.

Бо ин ҳол зан ва мард зотан бо ҳамдигар тафовутҳое доранд, ки шинохти ин тафовутҳо метавонад боис шавад тавре рафтор кунанд, ки бо ҳам ба ихтилоф нахуранд. Тафовутҳои миёни зан ва мард тафовутҳои умдае аст. Бархе аз ин тафовутҳо реша дар авомили физиалогӣ ва зистӣ ва баъзе нашъатгирифта аз авомили иҷтимоӣ ва фарҳангӣ аст ва бояд дар издивоҷ ва зиндагии муштарак ба он таваҷҷуҳ кард.

  Бо тафовутҳо чӣ кунем?

Чизе, ки таҳаммули тафовутҳоро соддатар мекунад, ҳамдилӣ аст. Яъне пазируфтани ин, ки танҳо нуқтаназари шумо муҳим нест ва бояд гоҳе дунёро аз чашми ҳамсари худ бубинед. Ҳамдилӣ бо афрод маҳорати хоссе мехоҳад. Ҳамдили ба маънои тавоноии дарк ва фаҳми эҳсосоти дигарон аст, ба тавре, ки фард битавонад худро ба ҷойи дигарон бигузорад. Аз диди ӯ ба мавзӯъ нигоҳ кунад ва эҳсосоти ӯро дарк кунад. Ҳамдилӣ ба маънӣ таиди рафторҳои фарди муқобил нест балки фақат ба ин маънӣ аст, ки ӯ ва шароити ӯро дарк мекунем.

Ҳамдилӣ ба барқарории иртиботи амиқ ва самимӣ бо афрод кумак мекунад гоҳе афрод ба иштибоҳ тасаввур мекунанд ҳамдигарфаҳмӣ ба ин маънӣ аст, ки бо фарди муқобил комилан ҳамфикр ва ҳамақида бошем дар ҳоле, ки чунин тасаввуре аз поя иштибоҳ аст, зеро ҳеҷ гоҳ наметавон ду нафарро ёфт, ки шабеҳ ҳам бошанд. Ихтилоф дар дидгоҳҳо, алоқаҳо, орзуҳо, салиқаҳо, амри табиӣ ва одӣ аст.

 Чаро аз издивоҷ кардан пушаймон мешавем?

Пушаймонӣ аз издивоҷ маъмулан ба ин иллат иттифоқ меафтад, ки онҳо, ки қасди издивоҷ доранд, аз ҳамон ибтидо ҳадафи худро аз он мушаххас намекунанд. Онҳо ҳеҷвақт ба нуқоти қувват ва заъфи издивоҷ фикр намекунанд ва ҳама вақт, таваҷҷуҳ ва пули худро сарфи расидагӣ ба он маросими рӯъёии издивоҷ мекунанд ва ба ин тартиб барои издивоҷ барномарезӣ мекунанд, ки фақат як рӯз давом дорад.

Далоили хуб ва баде барои издивоҷ кардан вуҷуд дорад аммо арӯс ва домодҳои оянда бештар вақти худро сарфи барнома резӣ барои маросими арӯсӣ мекунанд то инки бихоҳанд худашонро барои издивоҷ ва сахтиҳои баъд аз рӯзи аввали он омода кунанд.

 Издивоҷи бе пушаймонӣ

Агар воқеан мехоҳед бе пушаймонӣ издивоҷ кунед, ки зиндагиатон як умр давом дошта бошад, бояд худатонро барои издивоҷ муҳаё кунед. Барои ин мақсад бояд ин саволҳоро қабл аз бале гуфтан дар рӯзи арӯсӣ аз худатон бипурсед:

1- Ҳали мушкилот дар издивоҷ

2- Дарки нақши фарди муқобил

3- Иртиқои робитаи ҷинсӣ

4- Боло бурдани огоҳии молӣ ва иқтисодӣ

5- Эҳтиром гузоштан ва ҳифзи тааҳҳудоти издивоҷ

Издивоҷ кардан ба далоили иштибоҳ ва нодуруст хеле зуд мунҷар ба издивоҷи номувафақ мешавад, ки сарнавишти он талоқ аст. Далели он ин аст, ки ду тараф худро барои издивоҷ омода накардаанд ё инки барои издивоҷ хеле ҷавон будаанд ва намедонистанд, ки издивоҷ кардан ва издивоҷи муваффақ доштан ду чизи комилан мухталиф аст.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.