Нақши ҳамсолон дар даврони навҷавонӣ

84

 

Дӯстон ва ҳамсолон, яке аз муҳимтарин авомили муассир дар рушд ва такомули шахсияти одамӣ дар даврони навҷавонӣ ба шумор меоянд. Ба ақидаи Мурис Дебс, дӯстиҳои ин даврон боиси касби таҷрубаҳое мешавад, ки дар тавсеаи шахсияти навҷавон нақш дорад. Ин таҷрубаҳо боиси эҷоди дӯстиҳои оқилонатаре дар даврони бузургсолӣ мешавад; Дӯстиҳое, ки бар асоси алоқа ва эътимоди ҳар ду тараф устувор аст ва аввалин эҳсоси навъдӯстиро дар навҷавон бармеангезад. Дӯстиҳои даврони навҷавонӣ бар асоси як ниёзи иҷтимоӣ ва барои эҷоди равобити солим ва созанда аст.

Дар даврони навҷавонӣ, шахсияти иҷтимоии навҷавон дар ҳоли шакл гирифтан аст ва бар ин асос, рафоқат нақши асосӣ дар иҷтимоӣ шудани ӯ дорад. Дӯстон ва ҳамсолон, навҷавонро дар «иброз(ошкор кардан ва нишон додан)-и худ» ёрӣ медиҳанд; Чаро, ки яке аз ниёзҳои муҳими ин давра, ниёз ба нишон додан ва ибрози худ аст; Рафторе, ки фард ба василаи он тавоноиҳо, андешаҳо, эътиқодот, авотиф ва эҳсосоташро ба дигарн нишон мекунад. Дӯстон ва ҳамсолон заминаи мумкинро барои фард фароҳам менамоянд зеро онҳо дар муошират бо якдигар дар мавриди афкор ва ақоиди худ озодона гуфтугӯ мекунанд ва тавоноиҳо ва қобилитҳои худро зоҳир мекунанд. Набуди чунин маҳоратҳое дар навҷавон мӯҷиб мешавад, ки ӯ дар иртибототи иҷтимоияш бо мушкилоти ҷиддӣ рӯбарӯ шавад; Ба таври мисол бисёре аз ин навҷавонон майлу рағбат ба баҳс ва гуфтугӯ дар ҷамъ надоранд, ки нашъатгирифта аз тарси зоҳир кардани худ ва вокунишҳои дӯстон ва ҳамсолон дар даврони кӯдакӣ ва навҷавонӣ аст.

 Кумак ба тасмимгирӣ

Дӯстон ва ҳамсолон бар тасмимгирии навҷавон таъсир мегузоранд. Ба таври куллӣ, давраи навҷавонӣ, давраи озмоиш ва хатост; Даврае, ки навҷавон тасмимоти худро дар заминаҳои мухталиф тағйир медиҳад. Мумкин аст як навҷавон моҳҳо барои интихоби як сабки матлуби ороиши мӯй сар, шеваҳои мутафовитеро озмоиш кунад ва назари дӯстонашро бо ҳассосияти хоссе мавридт таваҷҷуҳ қарор диҳад.

Навҷавон ба нигаришҳо ва назариёти дигарон ва ба хусус дӯстонаш дар бораи худ аҳамияти зиёде медиҳад. Ў бо дарёфти мустақим ва ғайримустақими назариёти дӯстон дарбораи худаш ва ҳамчунин дар ҷараёни муқоисаи вежагиҳои худ бо онҳо, ба шинохтҳои ҷадиде аз абъоди вуҷудии хеш мерасад. Ин шинохтҳо мӯҷиби пайдоии тасвири ҷадиде аз худ мешавад.

Ҳамин дӯстон ва ҳамсолон ниёз ба муҳаббат кардан ва муҳаббат дидани навҷавонро ба таври мукфӣ таъмин мекунанд.

Ба ғайр аз ҳамаи мавориде, ки гуфта шуд, гурӯҳи дӯстон ва ҳамсолон анҷоми баъзе аз фаъолитҳоро барои навҷавон осон карда, ҷуръат ва шаҳомати вайро таҳрик мекунанд ва эҳсоси навъдӯстии навҷавонро тақвият карда ва ӯро дар расидан ба истиқлоли отифии ақлонӣ ёрӣ медиҳанд.

 Пояи дӯстиҳои оқилона

Мутолиот нишонгари ин аст, ки гурӯҳи ҳамсолон ва дӯстон, бисёре аз ниёзҳои навҷавонро таъмин мекунанд, ки яке аз муҳимтарини онҳо ниёз ба муҳаббат кардан ва муҳаббат дидан аст ва мавориди дигаре аз қабили тақвияти навъдӯстӣ ва расидан ба истиқлолро низ метавон ёдовар шуд.

Ин таъсироти мусбат дар сурате қобили дарёфт аст, ки аввалан аҳдофи гурӯҳҳои дӯст созанда буда ва ҷанбаи базеҳкорона надошта бошанд, сониян волидайн нақши худро дар муқобили навҷавон ва дӯстонаш ба хубӣ ифо кунанд ва ба ҷои қарор гирифтан дар муқобили онҳо ва мухолифатҳои бе асос дар канори онҳо ҳаракат кунанд.

 Дарсхондани гурӯҳӣ

Таъсири гурӯҳи ҳамсолон танҳо ба дӯстӣ хатм намешавад ва метавонад дар дарсхондан ё нахондан, лаззат бурдан аз дарс ё эҳсоси бадӣ аз дарсхондан доштан таъсиргузор бошад албатта ба шарти инки бо як барномарезии воҳид (ба сурати гурӯҳӣ) дарс бихонанд, саъй кунанд матолиби дарсиро барои ҳамдигар ташреҳ кунанд ва матолиби дарсиро ба навбат ба ҳамдигар дарс бидиҳанд.

Дар ҳоле, ки имтиҳон ба аксари бачаҳо ва ба андозаи мухталиф эстирес ворид мекунад, барои гурӯҳӣ дарс хондан дар тақвияти рӯҳияи онҳо метавонад нақши ба сазое дошта бошад. Донишомӯзон метавонанд нигарониҳо ва заъфҳои дарсишонро бо ҳамдигар дар миён бигузоранд ва аз фишори равонӣ ва изтиробашон кам кунанд. Онҳо вақте дар сӯҳбат бо дӯстонашон мутаваҷҷеҳ мешаванд, ки мисли ҳамдигар нигарониҳо ва заъфҳои дарсии муштарак доранд, эҳсоси оромиши бештар ва эътимод ба нафси бештаре мекунанд.

Агар бихоҳем дар бораи танҳо нақси ин равиш ҳам бигӯем сӯҳбат кардан бо ҳамдигар ва хотирагӯӣ аст, ки бо назорати ғайримустақими як бузургтар қобили ҳал аст.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.