Таъсири бозии компютерӣ дар ҳофиза

148

 

Беш аз30 дқиқа бозии компютерӣ ҳофизаи фаъолро дучори мушкил мекунад.

Тибқи таҳқиқоти анҷом шуда беш аз 30 то 45 дақиқа анҷоми бозиҳои компютерӣ ҳофизаи фаъоли афродро дучори мушкил карда ва таҳаррук ва фаъолияти бадниро аз афрод дӯр мекунад.

Доктор Комбизи Комкорӣ равоншинос бо ишора ба инки фард бо анҷоми бозиҳои компютерӣ аз таҳаррук бозмонда ва дар як гӯша монанди як фарди гушагир машғули бозӣ мешавад, ба хабарнигорон гуфт: Бозиҳои компютрӣ бо истифода аз тасовири пур ҳаракат ва ҳаяҷонангез дунёе аз ҳаяҷонро барои кӯдак ба думбол дорад ва аксари ин бозиҳо пур аз хушунат ва ҳаяҷони козиб ҳастанд.

Вай бо таъкид бар инки фард дар тӯли рӯз набояд беш аз ним соат машғули анҷоми ин навъ бозиҳо шавад изҳор дошт: Анҷом ин гуна бозиҳо кӯдак ва навҷавонро аз фаъолиятҳои баднӣ дӯр карда ва ҳофизаи фаъоли онҳоро дар дарозмуддат дучори мушкил мекунад, ки лозим аст кӯдак ва навҷавон бо контрол ва мудирияти падару модар ба ин бозиҳо бипардозанд.

Бозиҳои роёнаӣ, ки анвои хушунатро ба тасвир мекашанд аз тарафдорони зиёде бархурдор буда ва нуктаи асосӣ дар мавриди онҳо поин будани нархашон аст, ки бо андак пули кӯдакон қобили харидан аст.

Вай ёдовар шуд: Нуктаи қобили тааммул ин аст, ки ин расона бояд бо назорати падар ва модар дар ихтиёри кӯдакон ва навҷавонон қарор гирад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.