Мавориди силаи раҳм

146

Таъбирҳои баёнгари маворид ва масодиқи раҳм дар оёт ва ривоёт иборатанд аз: волидайн, модар, падар, хонавода, фарзанд, духтар, писар, ҳамсар, шавҳар, бародар, хоҳар, соири арҳоми насабӣ, хешованди сабабӣ монанди падари зан, модари зан ва домод ва… аст ки ривоёти марбут ба ҳар як ба тартиб меоянд.

Эҳтиром ба солмандон

Вуҷуди инсонҳои солхурда дар байни хонавода боиси афзоиши раҳмати Худованд аст ва ҳар кас ба онҳо эҳтироми бештаре бигузорад бештар мавриди раҳмати Худост.

Паёмбар мефармоянд:

Вуҷуди пирони солхурда байни шумо боиси афзоиши раҳмат ва лутфи парвардигор ва густариши раҳматҳои илоҳӣ бар шумост.[1]

Дустӣ бо Паёмбар

Аз асароти эҳтиром ба солмандон дустӣ бо Паёмбар аст чи ифтихори болотар аз ин ки фарде лиёқати дустӣ бо Паёмбарро дошта бошад эҳтиром гузоштан ба солмандон ҳатто гузарондани онҳо аз хиёбон вақте гузаштани хиёбон барои онҳо душвор аст эҳтиром ба онҳо ҳисоб мешавад. Гирифтани бори сангинашон, кумак кардан барои савор шудан ё пиёда шудан, ҳама ва ҳама эҳтиром ба онҳост ва боиси эҷоди эҳсоси ҳамдилӣ дар мардум мешавад.

Эҳтироми мутақобил

Инсонҳо ҳарчи мекунанд боз ба он боз мегарданд ва ҳар амалеро аксуламале ҳаст ҳамаи мо дар корномаи зиндагии худ аъмоле дорем ки хуб ё бад барои мо навишта шудаанд ки бо ҳамон асос дар зиндагии худ хуб ё бад мебинем. Агар хуб карда бошем подоши мо ҳамон хубӣ ва дар ғайри ин сурат бадӣ хоҳем дид бар ин асос эмом Алӣ фармуданд: ба пирон эҳтиром бигузоред то кудаконатон бар шумо эҳтиром гузоранд.[2]

Эшон мефармоянд: ба кудакон раҳм кун ва бузургсолонро эҳтиром кун то аз дустони ман бошӣ.[3]

Баракат дар зиндагӣ

Баракат аз сарват ё қудрат нест чи афроде ки қудрат доштанд ва ба саодат нарасиданд ва дарниҳоят шақӣ аз дунё рафтанд. Чи бисёр афроде, ки суб то шаб машғули коранд ва сарват меандузанд аммо дар зиндагии худ хайре намебинанд. Дар ниҳоят эҳсоси шодӣ надоранд ва ризояте дар қалби худ ҳис намекунанд.

Паёмбар мефармояд: Баракат бо бузургони шумост.

Эҳтиром дар ҳама ҳол ва дар ҳама шароите

Инсонҳои имруза бо далели доштани машғала ва гирифторӣ наметавонанд тамоми усулро риоят кунанд ва бинобар ин ба баҳонаи фурсат надоштан аз хубӣ кардан, ҳурмат гузоштан ва дастгирӣ аз дигарон худдорӣ мекунанд.

Паёмбар мефармояд:

Ҳаргоҳ бузурги қавме бар шумо ворид шуд гиромиаш бидоред.[4]

Ва дар ривояти дигар мефамояд: [5]

الشَّیخُ فی اَهلِهِ کالنَّبِیِّ فی اُمَّتِهِ

Фарди куҳансол дар миёни хонаводааш ҳамонанди Паёмбар дар миёни уммати хеш аст.

Ин гиромӣ доштан шомили: бархостан аз ҷои худ, салом кардан ва тамоми одоби иҷтимоӣ мешавад.

Арзиши виқори пир

Олами пирӣ дунёе аз таҷриба аст, муи сафед ҳикоят аз зиндаги ва фарогирии бисёре аз мактаби замона дорад ва дарси ин мактаб бисёр гарон ва пурҳазина аст чи зебост ки аз таҷрибиёти онҳо биёмузем ва дар зиндагии худ аз онҳо баҳра бибарем.

Эмом Алӣ мефармояд:

Виқори пирӣ назди ман дустдоштанитар аз нишоти ҷавонӣ аст.[6]

Бинобар ин набояд пиронро инсонҳои бефоида ва холӣ аз суд бидонем чароки онҳо бисёр ботаҷруба ва бисёре низ донишманд ва фарҳехтаанд.

Эҳтиром ба солмандон; эҳтиром ба Худо

Эҳтиром гузоштан ба инсонҳои солманд эҳтиром ба Худост чаро ки онҳо низ махлуқи Худо ҳастанд ва аз Худо неъмати монанди тули умр гирифтаанд ва умри гаронқадрро барои фарзандон, ҷомиа ва ғ…  сарф кардаанд.

Паёмбар дар ин робита фармуданд:

… Эҳтиром гузоштан ба мусалмони пир, таҷлиле аз Худост.[7]

Осоиш дар қиёмат

Зиндагии пас аз марг барои ҳамаи мо ҳатмӣ аст ва пас аз зиндагии кутоҳ дар ин дунё бо марге ба ҷаҳони охират интиқол меёбем, бояд барои онҷо тушае бардорем то ин сафарро ба хубӣ бигузаронем.

Расули Худо мефармояд:

Ҳар кас бузургсоли мусалмонро гиромӣ дорад Худованд ӯро дар қиёмат аз сахтиҳо ва мушкилот дар амон медорад.[8]

Дар дини мубини Ислом солмандон ҷойгоҳи хоссе доранд ва ин мавзуъ дар аҳодиси шарифи бузургони дин ба Хусус паёмбари ъазимушшаъни Ислом ба равшанӣ қобили дарк аст ба чанд намуна таваҷуҳ кунем:

Паёмбари акрам:

Пиронро бузург ва муҳтарам доред; зеро эҳтиром ба онҳо ба манзалаи эҳтиром ба мақоми Илоҳӣ аст.

Эмом Саҷод дар робита бо ҳуқуқи солмандон фармуданд:

“Аз ҳуқуқи онҳо ин аст ки ононро ба хотири пирӣ муҳтарам дорӣ ва ба илати пешии онон дар Ислом, ононро бузург бишносӣ, ба ҳангоми ихтилоф дар муқобили он қарор нагирӣ ва дар пешопеши онон роҳ наравӣ, ба онон нисбат нодонӣ надиҳӣ ва агар мақоми туро намешиносанд, онро таҳамул кунӣ ва ба хотири Ислом ононро азим дорӣ”.[9]

Паёмбари Акрам(с):

Пирон ва бузургони худро мавриди эҳтиром қарор диҳед ва ба кучакони худ раҳмат ва иноят дошта бошед.[10]

Паёмбари Акрам(с):

Солмандонро эҳтиром кунед то дар қиёмат ҳамнишини ман бошед.

Ҳазрати Алӣ(а):

Бояд хурдсолонатон аз солмандонатон пайравӣ кунанд ва солмандон ба хурдсолон меҳрубон бошанд.

Эмом Содиқ(а):

Ба падарон ва модарони худ некӣ кунед то фарзандонатон низ ба ин суннат амал намоянд.

Бо таваҷуҳ ба матолиби гуфта шуда зарурӣ аст то дар ин хусус ба сунатҳо ва фарҳанги арзишманди Ислом ки бар асоси фитрати инсонӣ мебошад, баргардем ва бузургсолонро  дар ҷойгоҳе, ки бояд бошанд дида ва эҳтиром намоем. Оини баландмартабаи Ислом ва навъи амалкард ва улгуҳои он, барои такрими солмандон бисёр омузанда мебошад. Аз тарафе таҷрубаҳо нишон дода аст дар ҷавомее ки ин таълим мавриди иноят ва амал қарор гирифтаанд, манфиатҳои бисёр ҳосил шуда аст. Бар асоси қонунҳои ҳаётии исломӣ беҳтарин ҷойгоҳи идомаи зиндагии солмандон хонаи худашон мебошад чаро ки дар он рушд ёфта, зиндагӣ карда ва шоҳиди бузуг шудани фарзандони худ будаанд; баракат будани солманд аз назари аҳодис ва истифода аз таҷрибаи паёмбаргунаи онҳо, як суҳбат ва назари таблиғӣ нест, балки як ҳақиқат аст ва воқеияти айниро матраҳ мекунад. Бояд шароит ва заминаҳои ба даст овардани ин инояти илоҳӣ омода гардад то фард, хонавода ва ҷомеа аз ҳузури солмандони солим ва солеҳ баҳраи лозимро бурда ва рушд намоянд.

Ислом бо меҳвар қарор додани хонавода дар ҳифз ва нигаҳдорӣ аз он аҳаммияти бисёр дорад чаро ки заминаи тарбият ва рушди инсонӣ дар муҳити муҳаббатомези хонавода муҳаққақ мешавад ва зиндагии солмандон низ аз ин масъала ҷудо намебошад.

[1] Наҳҷулфасоҳа, саҳ.222

[2] Ғурарул ҳукм, ҷ 10096.

[3] Усули Кофӣ, ҷ 2, саҳ 316.

[4] Равзатулвоизин, ҷ 2, саҳ 476.

[5] Усули Кофӣ, ҷ 2, саҳ 659.

[6] Усули Кофӣ, ҷ 2, саҳ 658.

[7] Усули Кофӣ, ҷ 3, саҳ 240.

[8] Усули Кофӣ, ҷ 2, саҳ 658.

[9] Саҳифаи Саҷодия, рисолаи ҳуқуқ.

[10] Уюнул ахборур Ризо, саҳ 163.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.