10 қонуни тиллоии издивоҷи муваффақ

95

Ин даҳ қонуни тиллоӣ метавонад пойдории як робитаи заношуиро замонат кунад.

1) Талош кунед бештар аз онки дар интизори дарёфти чизе аз ҳамсаратон бошед, чизе ба ӯ бахшед. Агар ҳадафи шумо эҷоди ҳисси ризояту хушбахтӣ дар ҳамсаратон бошад, боварӣ дошта бошед, ки фурсатҳои бешуморе барои расидан ба ин ҳадаф пайдо хоҳед кард. Дар ин сурат шумо низ аз лутфу муҳаббати ҳамсаратон баҳраманд хоҳед шуд. Зеро инсонҳо ҳамвора талош мекунанд хубиҳои дигаронро ҷуброн кунанд.

2) Аз ҳамсаратон интизороти ғайри воқеӣ надошта бошед. Парҳез аз интизороти ғайри воқеӣ метавонад аз бурузи бисёре аз даргириҳо, асабониятҳо ва сархӯрдагиҳо ҷилавгирӣ кунад. Интизор надошта бошед ҳамсаратон комилу бенақс бошад. Дар зимн ҳеҷгоҳ ӯро бо дигарон муқоиса накунед.

3) Талош кунед нисбат ба ҳама чиз диди мусбат дошта бошед.

4) Ба роҳҳое фикр кунед, ки метавонед ҳамсаратонро нисбат ба анҷоми корҳое, ки дӯст доред тарғиб кунед. Агар ин равиш муассир набуд равишҳои дигарро имтиҳон кунед ва ба ёд дошта бошед, ки таҳсину таърифи ба мавқеъ метавонад як ангезаи қавӣ бошад.

5) Аҳдофи худро табақабандӣ кунед ва афкори худро бар муҳимтарин ҳадафатон яъне доштани як фазои хонаводагии орому шод мутамаркиз кунед.

6) Ҳеҷгоҳ бо ҳамсаратон вориди ҷанги қудрат нашавед; ба ҷои ин кор бо ӯ ба тавофуқ бирасед.

7) Ҳамсаратонро ба хотири иштибоҳоташ сарзаниш накунед. Дар иваз талош кунед равише дар пеш бигиред, ки аз такрори ин иштибоҳот ҷилавгирӣ кунад. Вақте шумо ҳамсаратонро ба хотири иштибоҳоташ сарзаниш мекунед, эҳсосоти ӯро ҷариҳадор мекунед ва боиси озори ӯ мешавед.

8) Агар худои нокарда ҳамсаратон ба шумо тавҳин кард, сукут кунед ва бо ӯ муқобилаи ба мисл накунед. Бо ин кор аз бурузи бисёре аз баҳсҳои ғайри зарурӣ ҷилавгирӣ мекунед. Ин лаҳазот ба суръат сипарӣ хоҳанд шуд ва шумо метавонед дар замони беҳтаре бо ҳамсаратон дар бораи рафтораш сӯҳбат кунед (албатта ин ба он маъно нест, ки тасаввур кунед бояд бо як ҳамсари бадзабону бадрафтор канор биёед ва ҳамеша тамоми каҷрафториҳои ӯро таҳаммул кунед; ин мушкили дигаре аст ва роҳи ҳалҳои дигаре дорад).

9) Дар замони ҳол зиндагӣ кунед. Иштибоҳоту иттифоқоти талхи гузаштаро фаромӯш кунед ва саъй кунед шароити зиндагии имрӯзатонро тағйир диҳед.

10) Пайваста аз ҳамсаратон бипурсед: барои ин, ки зиндагии мо шоду дилпазир бошад, ман чӣ коре метавонам анҷом диҳам? Думболи нақшу таъсири хуби худ барои дилпазиртар кардани зиндагии худ бошед.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.