Фоидаҳои хурдани суп дар моҳи мубораки Рамазон

127

Дар моҳи  мубораки Рамазон яке аз ғизоҳое, ки дар суфраи  ифторӣ  дида мешавад суп(шурбо, атола  ё ҳар навъи дигари хуроки сабук)аст. Суп дорои хосиятҳои  зиёде аст.
Ба навиштаи сомонаи Афкорнюс  хурдани суп  моеъоти  аз даст рафтаи бадан дар тули рӯзро ҷуброн мекунад  ва системаи  ҳозимаро барои ҳазми    ғизоҳои дигар  омода мекунад. Суп манбаъи ғании   витамин, маводи  менералӣ  ва ғизоӣ  аст, ки барои бадан ба вежа дар моҳи  муборак лозим аст.
Хосиятҳои  суп:
-Хурдани суп пас аз соъатҳо рӯзадорӣ  меъдаро  гарм мекунад  ва монеъ аз нафх(дамиш ё печиши рудаҳо) ё ҳар навъ нороҳатии  ҳозимаӣ  мешавад.
-Суп ғанӣ аз об аст, ки барои ҳуҷайраҳо ва бофтҳои  бадан ва шодобӣ ва саломатии  пуст муфид аст.
– Суп аз маводи   ғизоии мухталиф  монанди  сабзиҷот, гушти гову гусола ё парандаҳо,   гиёҳони  донадор(нахуд,мош,лубиё ва ғайра) ва биринҷ  омода  мешавад  ва ғизои қавӣ ва  муфид  ба ҳисоб  меояд. Равиши  пухтани  дурусти  суп  боиси  ҳифзи  арзиши  ғизоии  он ва ҳифзи витаминҳо, моддаиҳои муфид    ва протеинҳо мешавад.
– Суп саршор аз фибр аст (аз ҷумла супи сабзиҷот ва ғаллот) ки ба  амалкарди системаи  ҳозима  кумак мекунад  ва мизони нафх ва юбусат(гемарой)ро низ коҳиш   медиҳад.
-Таъми  хубе  дорад ва ба осонӣ хурда  мешавад. Аз ин ҷиҳат   ғизои  муносибе  барои  кӯдакон ва солмандон аст.
-Эҳсоси  серӣ эҷод мекунад. Дар натиҷа  метавон  мизони истеъмоли  ғизоро контрол  кард  ва ҳангоми  ифтор ғизои камтаре хурд,ки барои саломатӣ муфид аст.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.