Муҳаббати дуҷониба миёни зану шавҳар

192

Ва аз нишонаҳои Ӯ ин аст, ки барои шумо аз худатон ҳамсароне офарид, то бо онҳо оромиш ёбед; ва байни шумо дӯстӣ ва меҳрубонӣ қарор дод. Ҳамоно дар ин нишонаҳоест, барои гурӯҳе ки тафаккур мекунанд. Сураи Рум, ояти 21

Паёмбари Худо (с): Ҳар андоза бар имони банда афзуда шавад, муҳаббаташ ба занон афзунтар мешавад.

Имом Ҳусейн (рз): Ҳар андоза муҳаббату алоқаи банда ба занон бештар бошад, имонаш афзунтар аст.

Имом Зайнъобидин (рз): Гумон намекунам, ки ҳеҷ марде бар хубии имонаш афзуда шавад, магар он ки муҳаббаташ ба занон афзун гардад.

Имом Ҳасан (рз): Аз ахлоқи паёмбарон алайҳим-ус-салом, ҳамсардӯстӣ аст.

Паёмбари Худо (с): Ин сухани мард ба зан, ки: “Ман туро дӯст дорам”, ҳаргиз аз дили зан берун намеравад.

Паёмбари Худо (с): Эй Ҳавлоъ! Ҳаққи мард бар зан ин аст, ки зан дар хонааш биншинаду ба ӯ изҳори ишқу муҳаббат кунад ва дилсӯзи ӯ бошад.

Паёмбари Худо (с): Беҳтарин занони шумо, занони зоёву меҳрубонанд.

Паёмбари Худо (с): Ҳаргоҳ банда ба чеҳраи ҳамсараш ва ҳамсараш ба чеҳраи ӯ нигоҳ кунад, Худованд ба он ду бо нигоҳи меҳромез менигарад ва ҳаргоҳ дасти якдигарро бигиранд, гуноҳони он ду аз хилоли ангуштонашон фурӯ мерезад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.