Интихоби китоб барои кӯдакон

140

Адабиёти кӯдакон, омили бисёр муассире дар рушд ва такомули зеҳнӣ, отифӣ, иҷтимоӣ ва густариши таҷрибаҳои кӯдак аст ва китобҳои махсуси кӯдакон, муҳимтарин нақшро метавонанд ифо кунанд. Ба ҳамин сабаб, таваҷҷӯҳ ба кайфияти таҳия ва тадвини онҳо дар ҳадди китобҳои дарсӣ ва гоҳе беш аз онҳо зарурат дорад. Ҳамчунин, имрӯза аксари кишварҳо ва шояд ҳамаи онҳо адабиёти кӯдакон ва навҷавононро масъалаи муҳиме талаққӣ мекунанд ва фаъолиятҳои мутааддид ва гуногуне барои густариш ва такомули онон анҷом медиҳанд. Ба тавре, ки метавон мизони арзишманд будани кӯдак дар як иҷтимоъро аз вазъ ва мизони таваҷҷӯҳ ва талоши масъулони омӯзиш ва таълиму тарбият ба масъалаи “адабиёти кӯдакон” дарёфт.

Ба ин нуктаи муҳим низ бояд таваҷҷӯҳ кард, ки ҳар китобе сирфан ба сабаби соддагӣ ё унвон «барои кӯдакон» ва «барои навҷавонон» ва… набояд дар ихтиёри кӯдакон қарор гирад, ҳар чанд, ки бисёр зебо ва ҷолиб таҳия шуда бошад ё номи «муҳим» ё «шахсияти муҳим» унвони он бошад. Пас дар баҳс аз «адабиёти кӯдакон» бо ин саволи муҳим мувоҷеҳ мешавем, ки чигуна метавон барои кӯдакон, китоб интихоб кард? Зеро, ҳамон тавре, ки ишора кардем, кӯчактарин иштибоҳ ё саҳлангорӣ дар интихоби китоб барои кӯдакон ва навҷавонон, мумкин аст ҳамаи заҳматҳо ва талошҳои муассисаҳои тарбиятиро хунсо ва беасар кунад.

Интихоби ҳар кас, нишонгари гароишҳо, ниёзҳо ва арзишҳои ӯст. Бинобарин, волидайн ва муаллимони омӯзишӣ (тарбиятӣ) махсусан муаллимон бояд дар интихоби китобҳои хонданӣ барои кӯдакон (китобҳои ғайри дарсӣ) барои кӯдакон ва китобхона бисёр диққат кунанд ва аз ин нуктаи муҳим ғофил набошанд, ки кӯдакон ва навҷавонон, пеш аз ҳар чиз, бояд зиндагӣ кунанд. Зиндагии солим ва судманди фардӣ ва иҷтимоӣ ва ба қадри лозим аз истиқлоли зиндагӣ ва фикрӣ бархурдор бошанд, яъне ба ҷои ифтихори пайваста ба гузаштагон ва худро ба ину он мунтасаб намудан, ба худ ифтихор кунанд ва ба худ такя кунанд. Ба баёни дигар, ҳар масъули тарбияти (волидайн ва муаллимон ва…) бояд амалан ин воқеиятро бипазирад, ки дарсу машқ ва мутолиаи озод ҳамагӣ васила аст, то шахсро аз зиндагии солим ва созанда бархурдор созад, на инки ӯро аз зиндагӣ ноумед ва безор кунад ва фикру ақли ӯро ба фасод ва табоҳӣ бикашонад.

Ҳаргиз набояд китоберо барои кӯдак интихоб кунем, ки ӯро ба танпарварӣ ва эътиқод ба шансу иқбол одат диҳад, ё ақоиди хурофӣ ва авҳомро ба ӯ талқин кунад. Масалан аз достонҳое набошад, ки як ҷавони фақир ба сабаби анҷом додани фалон кор беаҳамият сарватманд шавад ва шӯҳрате ҷаҳонгир касб кунад, ки мутаассифона ингуна достонҳо ва афсонаҳоро дар китобҳои махсусан адабии худ фаровон дорем. Чуноне ки дар достони “Сабктакин ва оҳу” мехонем: “Сабктакин падари Султон Маҳмуди Ғазнавӣ рӯзе ба қасди шикор ба саҳро меравад ва моддаоҳуеро бо баччааш мебинад, онҳоро думбол мекунад ва саранҷом баччаро мегирад ва бар зин мениҳад. Сипас ба сӯи шаҳр бозмегардад аз пушти сар садое ба гӯш мерасад бозмегардад ва нигоҳ мекунад ва модари баччаоҳуро мебинад, ки нолакунон меояд гӯё инки баччаашро мехоҳад Сабктакин бетаваҷҷӯҳӣ нишон медиҳад, аммо баъд дилаш ба ҳоли модари оҳу месӯзад ва баччаи ӯро озод мекунад. Дар ҳамон шаб дар хоб пирамарди бузургавореро мебинад, ки ба ӯ мегӯяд: “Эй Сабктакин ба ҷои бахшише, ки ба он моддаоҳу кардӣ ва баччаашро ба ӯ пас додӣ ва асби худро беҷав гузоштӣ, мо Ғазнайн ва Зобулистонро ба ту ва фарзандони ту бахшидем!”

Яқинан кӯдаке, ки ин достонро мешунавад ҳақ дорад ҳаргуна фаъолият ва талоше барои пешрафт дар зиндагиро беарзиш бидонад ва ин тасаввури ботилро бипазирад, ки бо камтарин муҳаббат, масалан ба як мавҷуди зинда, метавон ҳукумати чандин кишварро ба даст гирифт. Чунин осоре бештар тасвири омол ва орзӯҳои мардум ва нависандагони қадимии мо аст ва аз қабили орзӯҳое аст, ки бетаҳаммули ранҷ дар интизор ганҷ аст, ва иртиботи иллат ва маълулро аз байн мебарад ва мехоҳад бо сеҳру ҷоду корҳоро дуруст кунад. Дар кишварҳое, ки дастгоҳи иҷтимоии онҳо пайрави сунан ва одоби гузаштааст ва ба зеру рӯ кардани он мӯътақид нестанд, мардум ингуна афсонаҳо ва қиссаҳоро барои кӯдакони худ нақл мекунанд ва ҳатто мегӯянд, ки дар шаъни зеҳн ва вазъи табиии атфол аст, зеро, ки онон ҳанӯз қонуни иллат ва маълулро дарк накардаанд ва ақида доранд, ки дар синну соли болотар ингуна афсонаҳоро ба назари афсона хоҳанд нигарист ва аз таъсири он ба дар хоҳанд омад.

Ғофил аз инки ин назар ва тасаввури бузургсолон аст ва гарна асаре, ки ин навъ достонҳо ё афсонаҳо дар зеҳн ва фикри кӯдак мегузоранд, чуноне ки гуфтем, ҳамешагӣ аст ва ба эҳтимоли зиёд дар рафторҳои ӯ, ба таври нохудогоҳ, мунъакис хоҳад шуд ва қаблан ҳам гуфтем, ки бардошти кӯдакон аз ончи мебинанд ё мешунаванд, ба иллати ниёзҳо, рағбатҳо, ва таҷрибаҳои синни хоссе, ки доранд ғайр аз бардоште хоҳад буд, ки бузургсолон ба даст меоваранд. Ба иборати дигари, бардошти кӯдакон аз шунидаҳо ва дидаҳо бо бардошти бузургсолон аз онҳо бисёр безор хоҳад буд. Аз ин рӯ, шадидан тавсия мекунанд, ки дар сухан гуфтан бо кӯдакон ё навиштан барои онҳо ба бардоштҳои эҳтимолии онҳо бияндишед, на фақат ба афкор ва хазонаи луғатҳо худатон.

Бинобарин, интихоби китоб барои кӯдакон бояд бар таҷрибаи илмӣ мубтанӣ бошад, на инки бузургсолон, завқу салиқа ва хостаҳои худро милоки амал қарор бидиҳанд. Ба баёни дигар, барои интихоби китоби муносиби кӯдакон бояд аз як тараф кӯдак ва аз тарафи дигар китобҳоро шинохт. Барои дарёфти инки кӯдакон дар ҳар синне ба чӣ навъ матолибе алоқа нишон медиҳанд, илова бар ончи дар баҳс аз вижагиҳои синни кӯдакон дар мароҳили мухталифи рушд ва такомул гуфта шуд, метавон ба чаҳор тариқи зер озмоиш кард:

  1. Қазовати худи кӯдакон ба василаи пурсишномаҳое, ки пур мекунанд.
  2. Мушоҳидаи китобҳое, ки кӯдакон мехонанд.
  3. Изҳори назарҳое, ки дар бораи китобҳо мекунанд.
  4. Ёддошт кардани теъдод ва навъи китобҳое, ки дар синну соли мухталиф, мавриди таваҷҷӯҳи кӯдакон қарор мегиранд.

Ҳар як аз равишҳои номбурда ин мавзӯъро аз ҷиҳате муайян ва равшан мекунад. Токунун мураббиён ва китобдорон аз ҳазорон кӯдаку навҷавон таҳқиқоти доманадоре анҷом додаанд ва натоиҷи онҳоро ба шакли мунҳаниҳо ва намудорҳо нишон додаанд. Ибтидои ин намудорҳо ашъори кӯдакон ва қисса аст ва дар интиҳои онҳо адабиёт ба маънои олии он қарор дорад, рӯи ҳам се давра ташкил додаанд:

  1. Давраи афсона
  2. Давраи достон
  3. Давраи алоқа ба воқеият

Се давраи мазкурро бо истилоҳ «воқеият» метавон чунин баён кард:

Давраи афсонаро давраи бегонагӣ аз воқеият, давраи достонро давраи наздикӣ ба воқеият, давра севумро давраи таваҷҷӯҳ ба воқеият, номида ва ин давраҳоро бо давраҳои рушди табиӣ ва иҷтимоии одам мутобиқ донистааст.

Асле, ки дар интихоби китоб барои кӯдакон бояд риоят шавад, «ниёзҳо» ва «рағбатҳои» синне аст, зеро кӯдак модоме, ки худро ба мутолиаи мавзӯи ниёзманд набинад ба он алоқа нишон нахоҳад дод. Ба баёни дигар, асоситарин ангезаҳо барои ҳар навъ фаъолияте ангеза «ниёз» аст.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.