ЧИГУНА АЗ ПӮПАНАКҲОИ ДАРУ ДЕВОР ХАЛОС ШУД?

109

1

Пӯпанакҳо ба дару деворҳо ҳангоми ҳарорати хона 15 градус гармиву 75% намноки дошта пайдо мешавад ва ба дару деворҳо паҳн мешавад. Пӯпанак ба касалиҳои алергия ва касалиҳои онкологӣ оварда мерасонад.

Сабаби пайдошудан несткардани одии физикии пӯпанак фақат эффекти вақти дода метавонад. Барои он ки аз пӯпанаки деворҳо то абад халос шавед,якум  бояд  сабаби пайдоишро ёбед. Сабаби пайдоиши пӯпанак дар мади аввал аз намии зиёд мебошад ва он дар кунҷҳои девор, вана, таҳхона, ҳангоми чакидани об аз бом. Агар дар деворҳо пайи пӯпанак пайдошуда бошад онро бо маҳлули антисептики тоза менамоем. Пеш аз ҳама бояд хуб донист, ки ингуна маҳлулҳо заҳролуд мебошанд ва тарзи истифодаи онро бояд нагз донист. Барои аз пӯпанак тоза намудани девор ба 10 литр об 100 грамм белизна хамроҳ намуда ба дастонамон дастпушаки аз обногузар пушида латаро дар оби бо белизна ҳамроҳ карда шуда  тар намуда бо он деворҳоро тоза менамоем. Ё ин ки аз даҳони фаранг (медний купорос) низ истифода намоем мешавад. 100 гр купоросро ба 10 литр об омехта менамоем. Дар хотир доред, ки ин гуна маҳлул ранги деворро кабудча менамояд. Баҷои маҳлули даҳони фаранг аз хлорка ё маҳлулҳое, ки барои либосҳои сафедро шустан истифода мебаранд низ истифода намудан мумкин аст. Бояд дар назар дошт, ки маҳлули дар таркибаш хлордоштаро бо маҳлулҳое, ки дар таркибашон амиак дорад якҷоя кардан мумкин нест. Аз ҳама осон аз собуни либосшӯи, сода бо ҳамроҳии сирко. Сирко бо сода якчоя шуда хубобчаҳо пайдо мешавад ва он микробҳову пӯпанакро тоза мекунад. Барои он, ки пӯпанак пайдо нашавад бояд ҳавои хонаро зуд -зуд  тоза намуд. Таҷриба нишондодааст, ки аз ҳама хубтар барои пайдо нагаштани пӯпанак дар деворҳо ин шамол додан яъне ҳавои хонаро тоза намудан мебошад.

 Кӯшиш кунед то:

намии хона зиёд нагардад

кӯшиш кунед дар хона либосҳои тарро наовезед

Зуд мили водопроводро иваз намоед

Кӯшиш кунед кори ҳавотозакунак дар вана  беҳтар бошад

Ҳамчунин гулҳои дар гулдонмондаҳо ҳам намии хонаро зиёд менамояд

Ҳангоми мондани мебел бояд байни девору мебел каме ҷои кушоди гузоред то ба девор ҳаво расад

Ҳангоми аз нав таъмир намудани хона ва ё сохтмон аз антисептикҳо истифода намоед

Ҳангоми таъмири хона аз материалҳое, ки ба таъсири об тобовар мебошад истифода намоед

Аз тирезаҳои пластикие, ки ба хона ҳаворо гузаштани намемонад истифода набаред.

 Манбаъ: Бонувони тоҷик

Фотима С.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.