Саволу ҷавоб байни коршинос ва саволҳои мухотабон 6

150

000000000000000000000000000000076bgf_260_220Савол: Яксол аст, ки издивоҷ кардаам вале шавҳарам ҳануз иҷоза надодааст, ки хонаводаамро бубинам ва дорам аз ғусса мемирам. Роҳнамои бифармоед:

Ҷавоб: Ин кор мисдоқи ситам аст. Баъзе аз занон ва мардон ситами бузурге дар ҳаққи ҳамдигар мекунанд. Бузургтарин ситаме, ки дарҳам мекунанд қатъи иртиботи отифӣ аст. Баъзе вақтҳо маҳрумиятҳо, молӣ аст, ки инҳам бад аст вале маҳрумиятҳои отифӣ хеле баттар аст: агар занеҳам робитаи мардро бо модараш қатъ кунад, инҳам ситам аст. Расули Акрам (с) мефармоянд: Худо ба ситамкор муҳлат медиҳад ва онгоҳ, ки яққаашро бигирад, раҳояш намекунад. Албатта мумкин аст, ки ин мард далиле дошта бошад ва бигӯяд, ки волидайни зани ман ситамҳои зиёде дар ҳаққи ман кардаанд.

   Бубинед ҳаргуна ситам ва камлутфие, ки онҳо дар ҳаққи шумо карда бошанд товони он ин нест, ки шумо робитаи отифии ҳамсаратонро қатъ кунед. Ин одилона ва мунсифона нест. Дар Қуръон дорем, ки душмании гуруҳе, шуморо ба ин накашонад, ки беадолатӣ кунед. Адолат дошта бошед, ки ба тақво наздиктар аст. Ба таври табии агар хонаводаи зан дар шаҳре ҳастанд, ки шумоҳам ҳастед, зан ниёз дорад, ки ҳафтае дубор падар ва модарашро бубинад ва халаи отифиашро пур кунад. Албатта зиёди онҳам хуб нест. Мардон гила мекунанд, ки мо ҳарвақт хона меравем занамон хона нест ва хонаи падараш аст. Ва ихтилол дар низоми зиндагияшон рух медиҳад. Марде, ки иртиботи ҳамсарашро бо хонаводааш қатъ мекунад мисли ин аст, ки ҳамаи вуҷуди як дарахтро қатъ мекунад, ки баъд ин дарахт ё хушк мешавад ё пажмурда мешавад ва мева намедиҳад. Бешак ин зан амнияти равонии худашонро аз даст додаанд. Ва ҷанҷоли шудаанд. Эшон афсурда мешаванд ва ин афсурдагӣ сабаб мешавад, ки ин хонум ҳамсари хубе барои ҳамсарашҳам набошад ва дар оянда модари хубе барои баччааш.

   Дар маҳфили худ ҷой надеҳ ҳамчу манеро афсурда, афсурда кунад анҷуманеро. Ин як воқиият аст. Афсурдагӣ ба дигарон мегузарад. Тавсияи мо ин аст, ки равиши худатонро аваз кунед. Мо доштаем, ки марде иртиботи хонум бо падарашро ба муддати 5 сол қатъ кардааст ва падари хонум аздунё рафтааст. Умрҳои мо ба куҳҳо васл нест. Худо ба мо замонат надода аст, ки ҳаштод сол зиндагӣ кунем. Зиндагиҳои мо хеле давом надорад, шумо бояд ба инҳо таваҷҷӯҳ дошта бошед.

   Зиндагии мо мисли ҳубоб бар лаби дарёст. Ин мард дар оянда озоби виждон хоҳад дошт. Зан як мавҷуде аст, ки ниёзманди отифӣ аст. Зан амонати илоҳӣ дар дасти мард аст. Ҳазрати Алӣ (а) фармуданд: занҳои шумо амонати Худо дар назди шумо ҳастанд. Инҳоро озор надиҳед ва бар инҳо сахт нагиред. Агар ба ин мард ситаме ҳам шуда аст бо ин афв, дарҳои раҳмат ба сӯи ин мард кушуда мешавад. Расули Акрам (с) фармуданд: Касе ки бузургтарҳоро гиромӣ намедорад аз мо нест. Расули Акрам (с) фармуданд: Падарҳо сето ҳастанд, падаре ки ба ту зан медиҳад, падаре ки туро ба дунё овардааст ва падаре ки ба ту дарс додааст. Падарзан падари дуввуми инсон аст.

Инҳам яке аз авомили ихтилофи байни зан ва шавҳар аст.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.