Тарбияти динии фарзандон

56

1ف  Қисмати аввал

Муқаддима

Аз назари Қуръони Карим ва ривоёт падару модари мусалмон илова бар вазоиф ва масъулиятҳое, ки ҳамаи падару модар дар баробари фарзандони худ доранд монанди омӯзиши хондан ва навиштан ва ёд додани адаб ва интиқоли таҷриба ва… як чанд маъмуриятҳои дигаре ҳам доранд, ки он тақвият ва парвариши рӯҳияи мазҳабӣ дар фарзандон мебошад. Анҷоми ин умур ба ҳадде лозиму зарурист, ки дар сурати кутоҳӣ, ҳам волидайн гунаҳкоранд ва ҳам фарзанд аз онҳо талабкор. Ва баракс амал ба ин вазоиф, ҳам саодати худи волидайнро дар пай дорад ва ҳам саодати фарзандро. Инак ба баҳсу баррасии ин вазоиф аз нигоҳи оёт ва ривоёт мепардозем.

 А) Шинохт ва иртиботи фарзандон бо Парвардигори ҳастӣ

Яке аз масъулиятҳои бузурги волидайн ошно кардани фарзандон бо Худо ва Офаридагори ҷаҳони ҳастӣ аст.

Шинохти Худо ва имон ба ӯ, ки дар ривоёт аз он ба «مَعْرِفَةُالله» таъбир мешавад, санги бинои Ислом ва аз арзиши волое бархурдор аст. Ҳазрати Алӣ(к) мефармояд:

[مَعْرِفَةُ اللهِ سُبْحانَهُ اَعْليَ اْلمَعارِفِ] “Беҳтарини аъмол, илми ба Худо аст”.[1]

Паёмбар(с) низ илми ба Худоро аз бартарини амалҳо ба шумор оварда ва мефармоянд:

[اَفْضَلُ اْلاَ عْمالِ اَلعِلْمُ بِا لله] “Беҳтарини аъмол илм ба Худо аст”.[2]

Аввалин мартабаи диндорӣ шинохти Худо ва имони ба ӯст. Чунон ки болотарин мартабаи диндорӣ, ба даст овардани болотарин мизони шинохт ва маърифат нисбат ба Худост.

Аз ин рӯ муҳимтарин ҳадафи тарбияти исломӣ ин аст, ки афродро ба худошиносӣ ва худобоварӣ бирасонад ва мизони худошиносӣ ва худобоварии ононро афзоиш диҳанд.

Паёмбари Гиромӣ(с) ва Аҳли байти ӯ ба унвони бузургтарин мураббиёни динӣ, ҳамин ҳадафро дунбол мекарданд ва саросари зиндгии онон вақфи ҳидояти хонавода ва фарзандон ба сӯи Худо буд. Ба ҳамин далел дар ин баҳс сираи ононро дар заминаи шинохт ва имон ва иртибот ба Худо баррасӣ мекунем.[3]

 Дарси худошиносии ҳазрати Алӣ(к) ба имон Ҳасан(а)

Ҳазрати Алӣ(к) ба фарзанди худ имом Ҳасани Муҷтабо(а) фармуд:

   وَ اعْلَمْ يَا بُنَيَّ أَنَّهُ لَوْ كَانَ لِرَبِّكَ شَرِيكٌ لَأَتَتْكَ رُسُلُهُ وَ لَرَأَيْتَ آثَارَ مُلْكِهِ وَ سُلْطَانِهِ وَ لَعَرَفْتَ صِفَتَهُ وَ فِعَالَهُ وَ لَكِنَّهُ إِلَهٌ وَاحِدٌ كَمَا وَصَفَ نَفْسَهُ لَا يُضَادُّهُ فِي ذَلِكَ أَحَدٌ وَ لَا يُحَاجُّهُ وَ أَنَّهُ خَالِقُ كُلِّ شَيْ‏ءٍ وَ أَنَّهُ أَجَلُّ مِنْ أَنْ يَثْبُتَ لِرُبُوبِيَّتِهِ بِالْإِحَاطَةِ قَلْبٌ أَوْ بَصَرٌ وَ إِذَا أَنْتَ عَرَفْتَ ذَلِكَ فَافْعَلْ كَمَا يَنْبَغِي لِمِثْلِكَ فِي صِغَرِ خَطَرِكَ وَ قِلَّةِ مَقْدُرَتِكَ وَ عِظَمِ حَاجَتِكَ إِلَيْهِ أَنْ يَفْعَلَ مِثْلَهُ فِي طَلَبِ طَاعَتِهِ وَ الرَّهْبَةِ لَهُ وَ الشَّفَقَةِ مِنْ سُخْطِهِ فَإِنَّهُ لَمْ يَأْمُرْكَ إِلَّا بِحَسَنٍ وَ لَمْ يَنْهَكَ إِلَّا عَنْ قَبِيح

“Фарзандам! Бидон агар Худои дигаре буд, ҳар оина сафирон ва паёмбаронаш меомаданд ва осори ҳукумат ва қудраташро медидӣ, ва вижагӣ ва корҳои ӯро мешинохтӣ, вале Ӯ Маъбуди Ягона аст, ҳамон гуна ки худро сутудааст. На зидде дорад ва на касе аст, ки бо ҳазраташ душманӣ кунад.

Офаринандаи ҳама чиз Ӯст ва Ӯ волотар аз ин аст, ки парвардигориаш дар дил ва дидае бигунҷад ва ҳар гоҳ ин ҳақиқатро донистӣ, пас чунон амал кун, ки аз чун туе сазовор аст, ки манзалатат андак ва бе миқдор аст ва тавоноияат, кам ва ниёзат ба Худованд азим аст. Пас шоиста аст, ки ба дунболи пайравӣ аз Ӯ бошӣ ва аз уқубат ва хашмаш тарсону нигарон бошӣ, ки Худо ҷуз ба некӯкорӣ фармон надода ва ҷуз аз зишткорӣ манъ нанамудааст”.[4]

 Барҳазар доштани фарзанд аз ширк ба Худо

Дар Қуръони Маҷид чунин омадааст:

<وَ إِذْ قالَ لُقْمانُ لاِبْنِهِ وَ هُوَ يَعِظُهُ يا بُنَيَّ لا تُشْرِكْ بِاللَّهِ إِنَّ الشِّرْكَ لَظُلْمٌ عَظيم>

Ва (ёд кун) ҳангомеро ки Луқмон ба писараш ‒дар ҳоле ки вай пандаш медод‒ гӯфт: Эй писаракам! Ба Худо ширк наварз [чаро], ки мусалламан ширк, ситами бузург аст”.[5]

Дар тафсири Намуна зейли ин оят омадааст:

Ҳикмати Луқмон эҷоб мекунад, ки қабл аз ҳар чиз ба суроғи асоситарин масъалаи ақидатӣ биравад ва он масъала тавҳид ва ягонагии Худованд аст. Тавҳид дар тамоми заминаҳо ва абъод, зеро ҳар ҳаракати тахрибӣ ва зидди илоҳӣ аз ширк сарчашма мегирад. Аз дунёпарастӣ, мақомпарастӣ, ҳавопарастӣ ва монанди он, ки ҳар кадом шохае аз ширк маҳсуб мешавад. Ҳамон гуна ки асоси тамоми ҳаракатҳои саҳеҳ ва созанда тавҳид аст. Танҳо дил ба Худо бастан ва сар бар фармони Ӯ ниҳодан ва аз ғайри Ӯ буридан ва ҳамаи бутҳоро дар остон ва даргоҳи азамату кибриёи Ӯ дарҳам шикастан. Қобили таваҷҷӯҳ ин ки Луқмони Ҳаким далел бар нафйи ширкро зикр мекунад, ки ширк зулму ситами бузург аст, он ҳам бо таъбире, ки аз чанд ҷиҳат таъкид дар бар дорад.

Ва чи зулме аз ин болотар, ки ҳам дар мавриди Худо анҷом гирифта, ки мавҷуди беарзишеро ҳамтои Ӯ қарор диҳанд ва ҳам дар бораи халқи Худо, ки онҳоро ба гумроҳӣ бикашонанд ва бо аъмоли ҷиноятбори худ онҳоро мавриди ситам қарор диҳанд ва ҳам дар бораи хештан, ки аз авҷи иззати убудияти Парвардигор ба қаъри дарраи зиллати парастиши ғайри Ӯ суқут кунанд.[6]

 Таъкид бар муаррифии сифоти Худованд

Мавзӯи дигаре, ки дар сираи тарбиятии Паёмбар(с) Аҳли байти Паёмбар(а) матраҳ аст, таъкид ва таваҷҷӯҳи бисёр ба сифоти Худованд ва ошно кардани фарзандон бо он сифот аст. Дар ин ҷо ду намуна аз ин сираҳоро меоварем:

 Намунаи аввал:

 قَدِمَ عَلَى النَّبِىِّ3 سَبْىٌ. فَإِذَا امْرَأَةٌ مِنَ السَّبْىِ قَدْ تَحْلُبُ ثَدْيَهَا تَسْقِى إِذَا وَجَدَتْ صَبِيًّا فِى السَّبْىِ أَخَذَتْهُ فَأَلْصَقَتْهُ بِبَطْنِهَا وَأَرْضَعَتْهُ. فَقَالَ لَنَا النَّبِىُّ3: أَتَرَوْنَ هَذِهِ طَارِحَةً وَلَدَهَا فِى النَّارِ؟ قُلْنَا: لاَ وَهْىَ تَقْدِرُ عَلَى أَنْ لاَ تَطْرَحَهُ. فَقَالَ: اللَّهُ أَرْحَمُ بِعِبَادِهِ مِنْ هَذِهِ بِوَلَدِهَا

Асиронеро назди Паёмбар(с) оварданд. Зане аз асирон, шир аз пистонаш медушид ва ҳаргоҳ кӯдаке дар миёни асирон медид, мегирифт ва ба сина мечасбон ва шираш медод. Паёмбар(с) ба мо фармуд: Оё ин зан, фарзанди худро дар оташ меандозад? Гуфтем: Агар битавонад ӯро наяндозад. Он гоҳ Паёмбар(с) фармуд: Худованд ба бандагони худ меҳрубонтар аст аз ин зан ба фарзандаш”.[7]

 Намунаи дуввум:

فَجاءَ رَجُلٌ مِن أصْحابِ النَّبِيّ3 بِعُشِّ طَيْرٍ يَحْمِلُهُ فِيْهِ فَراخٌ وأبَواها يَتْبَعانِهِ وَيَقَعانِ عَلى يَدِ الرَّجُلِ فَأقْبَلَ النَّبِيّ3 عَلى مَنْ كانَ مَعَهُ فَقالَ: أتَعَجَّبوُنَ بِفِعْلِ هذَيْنِ الطَّيْرَيْنِ بِفَراخِهِما؟! وَالَّذِي بَعَثَنِي بِالْحَقِّ الله أَرْحَمُ بِعِبادِهِ مِنْ هذَيْنِ الطَّيْرَيْنِ بِفَراخِهِما

“Марде лонаеро, ки дар он ҷӯҷа вуҷуд дошт, меовард ва падару модари ҷӯҷаҳо низ ба дунболи ӯ парвоз мекарданд ва бар дастони ӯ фурӯд меомаданд. Паёмбар(с) рӯ ба ёронаш кард ва фармуд: Аз рафтори ин ду паранда нисбат ба ҷӯҷаҳояшон таъаҷҷуб мекунед?! Қасам ба он ки маро ба ҳақ мабъус кардааст, Худованд ба бандагони худ меҳрубонтар аст, то ин ду паранда нисбат бо чӯҷаашон”.[8]

Ин ду сира ба вузуҳ намоёнгари ин ҳақиқат аст, ки Паёмбари Акрам(с) бар муаррифии сифоти Худо таъкиди зиёде доштанд.

Дар мутуни исломӣ низ бар муаррифии сифоти Худо бисёр таъкид шудааст. Дар Қуръони Карим, Худованд аз роҳи сифот ба мардум муаррифӣ шудааст.

Дар оёти зиёде Худованд бо сифоти Самиъ, Алим[9], Зуфазл[10], Ҳай, Қайюм, Алӣ, Азим[11], Ғанӣ, Ҳамид[12], Рауф, Раҳим[13] ва Ғафур[14], тавсиф шудааст.

Шиносондани сифоти Худованд яке аз равишҳои кор омад дар рушд ва иртиқои маърифат ва эътиқод ба Худо аст. Дар ин равиш, падару модар ва ё мураббӣ ба ҷои мутамаркиз шудан бар тарсими тасвире аз моҳияти Худованди Мутаол, саъй мекунад сифоти ҷалолу ҷамоли Худованди Мутаолро барои фарзандон ба тасвир бикашад. Ин равиш мазоёи хоссе дорад:

Нахуст он ки, мафоҳими ба коргирифташуда возеҳ, рӯшан ва барои аксари мардум ба осонӣ қобили фаҳм аст. Меҳрубонӣ, раъфат, раҳмат, бахшиш, қотеият ва… мафоҳиме ҳастанд, ки ҳама пайваста бо он сару кор доранд ва ба ҳамин сабаб дарки онҳо, ба вижа агар ҳамроҳ бо ироаи мисдоқ бошад ‒монанди сираи Аҳли байт(а)‒ осон аст.

Дуввум он ки, дар ин равиш, аз мафоҳими фалсафӣ ва каломии интизоӣ ва печида, ки дарки онҳо барои ҳама осон нест, истифода нашудааст.

Севвум он ки ин равиш, алоқа ва муҳаббат ба Худоро дар фарзандон эҷод мекунад, зеро инсон фитратан ва аз умқи вуҷуди худ касеро, ки ҷомеи сифоти некӯ ва зебо бошад, дӯст дорад ва аз ҳар кӣ сифоти нописанд дорад безор аст. Аз ин рӯ инсон вақте худро бо Худо мувоҷҷеҳ мебинад, ки «дар айни қудрат, бахшанда ва омурзанда аст, дар ҳоли ғазаб, бисёр бурдбор аст, офаринандаи офаридаҳост, бо иззаташ азизонро мақҳур карда, бузургон дар муқобили бузургияаш мутавозеанд. Ҳаргоҳ ӯро бихонем ҷавобамон медиҳад, зишткориҳоямонро мепушонад, дари хонааш ҳеҷгоҳ баста намешавад, гадое аз даргоҳаш ронда намешавад, орзуманде аз даргоҳаш ноумед барнамегардад, паноҳгоҳи хоифон аст, наҷотдиҳандаи солеҳон, болобарандаи мустазафон, хоркунандаи мутакаббирон, дарҳамшиканандаи зургуён ва ҷабборон, нобудкунандаи ситамгарон, фарёдраси додхоҳон аст ва…»[15], худ ба худ алоқа ва муҳаббати ба Худоро дар худ эҳсос мекунад.

Чаҳорум он ки ошноии фарзандон бо сифоти Худо муҷиб мешавад вазифаи худро дар муқобили Худо ташхис диҳанд ва бидонанд чи корҳое муҷиби хушнудии Ӯ ва чи корҳое муҷиби хашм ва ғазаби Ӯст ва ин амр дар ҷиҳатдодан ба аъмол ва рафтори онон бисёр муассир аст.

  1. Ҳуснизан ва гумони нек ба Худо

Ҳазрати Луқмон ба фарзандаш гӯфт:

 يَا بُنَيَّ مَنْ ذَا الَّذِي عَبَدَ اللَّهَ فَخَذَلَهُ وَ مَنْ ذَا الَّذِي ابْتَغَاهُ فَلَمْ يَجِدْهُ وَ مَنْ ذَا الَّذِي ذَكَرَهُ فَلَمْ يَذْكُرْهُ وَ مَنْ ذَا الَّذِي تَوَكَّلَ عَلَى اللَّهِ فَوَكَلَهُ إِلَى غَيْرِهِ وَ مَنْ ذَا الَّذِي تَضَرَّعَ إِلَيْهِ جَلَّ ذِكْرُهُ فَلَمْ يَرْحَمْهُ

“Фарзандам! Чӣ касе Худоро ибодат кард ва Худованд ӯро аз ёрӣ ва инояташ маҳрум сохт? Ва чӣ касе Худоро ҷӯст ва Ӯро наёфт? Фарзандам! Чӣ касе Худоро ёд кард, аммо Худо ёдаш накард? Ва чӣ касе бар Худо таваккул кард ва Худо ӯро ба дигар кас вогузошт? Ва чӣ касе ба даргоҳи Ӯ зорӣ ва тазаррӯъ намуд ва Худо ӯро мавриди лутфу раҳмати хеш қарор надод?”[16]

Ва ҳамчунин ҳазрат дар ҷои дигар мефармояд:

 يَا بُنَيَّ ادْعُ اللَّهَ ثُمَّ سَلْ فِي النَّاسِ هَلْ مِنْ أَحَدٍ دَعَا اللَّهَ فَلَمْ يُجِبْهُ؟ أَوْ سَأَلَهُ فَلَمْ يُعْطِهِ؟ يَا بُنَيَّ ثِقْ بِاللَّهِ الْعَظِيمِ عَزَّ وَ جَلَّ ثُمَّ سَلْ فِي النَّاسِ هَلْ مِنْ أَحَدٍ وَثِقَ بِاللَّهِ فَلَمْ يُنْجِهِ؟ يَا بُنَيَّ تَوَكَّلْ عَلَى اللَّهِ ثُمَّ سَلْ فِي النَّاسِ مَنْ ذَا الَّذِي تَوَكَّلَ عَلَى اللَّهِ فَلَمْ يُكْفَ؟ يَا بُنَيَّ أَحْسِنِ الظَّنَّ بِاللَّهِ ثُمَّ سَلْ فِي النَّاسِ مَنْ ذَا الَّذِي أَحْسَنَ الظَّنَّ بِاللَّهِ فَلَمْ يَكُنْ عِنْدَ حُسْنِ ظَنِّهِ بِهِ؟ يَا بُنَيَّ مَنْ يُرِدْ رِضْوَانَ اللَّهِ يُسْخِطْ نَفْسَهُ إِلَيْهِ وَ مَنْ لَا يُسْخِطْ نَفْسَهُ لَا يُرْضِي [يُرْضِ‏] رَبَّهُ وَ مَنْ لَا يَكْظِمْ غَيْظَهُ يُشْمِتْ عَدُوَّهُ

“Фарзандам! Худоро бихон, сипас аз мардум бипурс: Оё касе Худоро хондааст, ки иҷобаташ накарда бошад? Ё аз Худо чизе хостааст, ки дареғ карда бошад?

Фарзандам! Ба Худои Бузург эътимод кун, сипас аз мардум бипурс: Оё касе буда, ки ба Худо эътимод карда ва Ӯ гирифториҳояшро бартараф накарда бошад?

Фарзандам! Ба Худо ҳуснизан ва гумони нек дошта бош, сипас аз мардум бипурс: Чӣ касе ба Худо ҳуснизан дошта, ки Худованд нисбат ба ӯ чунин ҳуснизане надоштабошад?

Фарзандам! Ҳар кӣ толиби ризвони Худо бошад, нафси худро ба хашм меоварад ва ҳар кӣ нафси худро маҳор кунад ва ба хашм наёварад, Худои худро розӣ нахоҳад кард ва ҳар кӣ хашми худро фурӯ нанишонад душман шод хоҳад шуд”.[17]

Ҳалимҷон Саид

[1]. Райшаҳрӣ, Мизонулҳикмаҳ, ҷ.6, саҳ. 155.

[2]. Ҳамон, ҷ.6, саҳ. 156.

[3]. Муҳаммади Довудӣ, Тарбияти динӣ, ҷ.2, саҳ. 38.

[4]. Биҳоруланвор, ҷ.74, саҳ. 222.

[5]. Сураи Луқмон, ояти 13.

[6]. Тафсири Намуна, ҷ.17, саҳ. 38.

[7]. Муҳаммд ибни Исмоил, Саҳеҳ Бухорӣ, ҷ.5, саҳ. 2235.

[8]. Маҷмауззавоид ва манбаулфавоид, ҷ.8, саҳ. 562.

[9]. Сураи Бақара, ояти 244.

[10]. Ҳамон, ояти 251.

[11]. Ҳамон, ояти 255.

[12]. Ҳамон, ояти 267.

[13]. Сураи Наҳл, ояти 7.

[14]. Ҳамон, ояти 181.

[15]. Шайх Аббоси Қуммӣ, Мафотиҳулҷинон, саҳ. 322, фарозҳое аз дуои Ифтитоҳ.

[16]. Шайхи Муфид, Алихтисос, саҳ. 336.

[17]. Биҳоруланвор, ҷ.13, саҳ. 432.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.