Ҳафт иштибоҳ сабаби талоқ (2)

54

j206

Идомаи қисмати аввал

4 интизорататонро аз ҳамсаратон мушаххас кунед

 Лозимаи як иртиботи хуб дар зиндагии заношуӣ мушаххас шудани хостаҳо ва маҳдудиятҳо аст. Аввалин қонуни зиндагии муштарак ин аст, ки интизороти шумо аз ҳамсаратон бояд мантиқӣ бошад. Дуввум ин ки ҳамсари шумо низ дақиқан мутаваҷҷеҳи мафҳуми интизороти шумо шуда бошад, то ҷои барои ҳеч суи тафоҳуме боқи намонад. Бисёре аз зану шавҳарҳо интизор доранд, ки баъд аз издивоҷ вориди як сарзамини руъёӣ ва пур аз шоди шаванд, ғофил аз ин ки гоҳе вақтҳо дар зиндагӣ мушкилоте пеш меояд, ки нашъат гирифта аз дарк накардани саҳеҳи тарафи муқобил аст.

Дарк накардани ниёзҳои тарафи муқобил сабаби вуруди сарзаниш ба марзи отифии зиндагии муштарак ва ниҳоятан аз байн рафтани эҳсос эҳтиром нисбат ба як дигар мешавад.

Яке дигар аз саволҳое, ки зану шавҳар бояд аз худ бипурсанд ин аст, ки пешгирӣ аз эҷоди ташаннуҷ дар зиндагӣ аз чи чизҳое бояд парҳез кунем? Матраҳ кардани ин савол хеле муҳим аст. Чун на зан ва на мард ҳеч кадом наметавонанд ба тамоми ниёзҳои як дигар посух диҳанд, ба ҳамин хотир бояд аз теъдоди аз хостаҳои худ бигузаранд. Гоҳе вақтҳо чашм пӯшию гузашт аз як хоста метавонад зиндагии муштаракро аз расидан ба бунбаст наҷот тиҳад. Ҳангоме, ки зану шавҳар фикр мекунанд тамоми корҳо ва талошҳои онҳо бе натиҷа аст мебоист мавзеъи худро иваз кунанд. Ин як асли асосӣ дар зиндагии заношуи аст. Бо ин кор эҳсоси нотавонӣ камтар мешавад ва хашму кина дар зану шавҳар нисбат ба як дигар ба вуҷуд намеояд. Фаромуш накунед замоне, ки ба хотири ҳамсаратон аз хостае мегузаред бо ин кор ба ӯ нишон медиҳад, ки чи қадар ӯро дӯст доред ва бо шаҳомат масъулияти зиндагиатонро ба даст гирифтаед.

5 аз эътиёд дури кунед

Падидаи шуми эътиёд на танҳо сабаби аз байн рафтани шахс мешавад балки конуни зиндагии муштаракро низ аз байн мебарад. Ин дуруст нест, ки зиндагии муштарак фақат ба баҳонаи эътиёди ҳамсар ба талоқ меанҷомад. Дар эътиёди як шахс сабабҳои мухталифи нақш доранд. Беҳтарин кумаке, ки касе метавонад ба ҳамсари муътоди худ бикунад ин аст, ки баҷои ин ки ӯро дар ин замон тарк кунад ба ӯ фурсате бидиҳад, то саломатии худашро боз ёбад. Талоқ дар замони эътиёд на танҳо вазъиятеро баҳтар намекунад балки сабаби печидатар шудани дармон барои ҳамсари бемор мешавад. Фаромуш накунед, ки ҳамсароне ки дар лаҳзаҳои беморӣ ва сахтӣ ҳамсари худро раҳо намекунанд ва ӯро ошиқона дӯст медоранд ҳамсарони воқеӣ ҳастанд.

6 Талоқ охарин марҳила аст

Мутаассифона бузургтарин иштибоҳе, ки завҷҳои ҷавон дар оғози зиндагии муштараки худ муртакиби он мешаванд ин аст, ки фақат ба тафоҳумҳои аввалия ва зудгузари худ фикр мекунанд ва ба суроғи ихтилофи назарҳои асосӣ намераванд ва баъд аз гузашти муддати замони кӯтоҳе ба ин натиҷа мерасанд, ки ба дарди ҳамдигар намехуранд ва боҳам тафоҳум надоранд ва танҳо роҳе, ки барои онҳо боқи мондааст талоқ аст. Дар ҳар зиндагии заношуи мавридҳои пеш меояд, ки ҳамсаре ба вазифаи худ амал намекунад ва мумкин аст рафторҳои номуносиб низ дошта бошад. Ин иттифоқҳо дар зиндагӣ ғайри табии нестанд. Шояд ба навъи битавон гуфт, ки ин иттифоқҳо навъе озмоишу имтиҳони илоҳӣ ҳастанд ва имтиҳони зану шавҳар ин аст, ки бубинанд оё метавонанд сар баланд берун биёянд! Мушкилоти зиндагии заношуӣ фақат дар хонаводаҳои шумо вуҷуд надорад балки дар тамоми хонаводаҳо ба шаклҳои мухталиф вуҷуд дорад. Танҳо коре, ки зану шавҳар бояд дар муқобили ин мушкилот анҷом диҳанд ин аст, ки зиёз сахт нагиранд ва бо ҳимояту роҳнамоиҳои худ ба ҳамсарашон кумак кунанд, то зудтар ба мадори табии зиндагиашон бар гарданд. Дар воқеъ бо воқеъгароӣ ва на ормонгароӣ метавон тамоми мушкилоти зиндагии заношуиро ҳал кард. Вале мушкил ин аст, ки зуну шавҳар замонеро, ки бояд сарфи решаёбии мушкилоти худ кунанд вақтро талаф карда ва ба истилоҳ аз ин шоха ба он шоха мепаранд ва дар ниҳоят фикр мекунанд, ки бо иваз кардани ҳамсари худ метавонанд мушкилотро аз байн бурда ва зиндагии ҷадид лаззат бахши оғоз кунанд.

7Сухани ахир: Ишқ киридити банкӣ нест

Хушбахтӣ дар робитаи заношуӣ монанди пул аст, ба роҳати метавон онро ба даст овард аммо нигоҳ доштани он барои муддат замони тулонӣ кори ҳар касе нест. Зану шавҳар кор мекунанд, пул дар меоваранд ва ҳазорон сахтӣ ва мушкилро пушти сар мегузоранд, то ба хушбахти бирасанд ва битавонанд бо касе, ки дӯсташ доранд ба роҳати зиндагӣ кунанд. Вақте, ки ҳануз бо як дигар издивоҷ накардаанд ҳозиранд барои ҷалби ризояти ҳам дигар худашонро ба обу оташ бизананд вале баъд аз издивоҷ дигар он ангезаи аввалия дар ӯ дида намешавад. Чаро ишқ бартарин исм ва дӯст доштан зеботарин феъли дунё аст ва ҷумлаҳое, ки дар онҳо аз ин исму феъл истифода шуда бошад барои инсонҳо арзиши бисёр дорад. Шунидани ҷумлаи дӯстат дорам ҳатто аз забони як ғариба барои инсон хушоянд аст, чӣ бирасад ба ин ки ҳамсаре ин ҷумларо аз забони каси бишнавад, ки ӯро дӯст дорад. Оё зиндагии муштарак камтар аз он аст, ки нахоҳед барои ҳифзи он дубора худатонро ба обу оташ бизанед? Мутмаин бошед як падари муваффақ будан, як ҳамсари фавқулода будан арзиши онро дорад, ки бихоҳед ба хотири он дубора аз худ фидокори нишон диҳед. Фаромуш накунед, ки бо издивоҷ ба охири хатар нарасидаед балки тоза ба оғози ҳама чиз расидаед ва бояд барои ҳифзи зиндагии муштараки худ талош кунед, то натиҷаи тамоми заҳамоти гузаштаи шумо бекор нашуда бошад. Акнун, ки соҳиби як зиндаги шудаед бояд бидонед, ки ба манзури тақвияти он бояд чи корҳои анҷом диҳед, то битавонед хушбахтиро дар робитаи заношуиатон бима кунед.

Фозили Ҳисорӣ

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.