Чашмҳои худро эҳтиёт кунед

58

a20f30b8650dd4f11df764f80fc60cdb_L

Утоқи кор ё хоби худатонро ҳамеша мартуб нигаҳ доред ва истифода аз дастгоҳҳои бухори сард беҳтарин гузина барои пешгирӣ аз хушк шудани ҳавои утоқ аст. Агар ба дастгоҳҳои мартубкунанда дастрасӣ надоред як истакон об дар утоқ қарор  қарор диҳед то ба мурур бухор шавад.

Ба гузориши пойгоҳи иттилорасонии шабакаи Хабари Садо ва Симо коҳиши оби бадан ба ҷуз эҷоди ташнагӣ ва камкор шудани қисматҳои мухталифи дохилӣ сабаби хушк шудани сатҳи чашм низ мешавад ва дар пайи ин мушкил чашмҳо заъиф мешаванд. Барои пешгирӣ аз хушк шудани чашмҳо бояд роҳи ҳалҳои муносиби зерро дар зеҳн дошта бошед:

Истифода аз ашкҳои маснуъӣ нахустин монеъи хушк шудани чашмҳо мешавад. Дар фасли тобистон, ки ҳаво гармтар аст бештар аз ин қатраҳо истифода кунед, то сатҳи чашм ҳамеша тароват дошта бошад ва фишори иловагӣ ба он ворид нашавад. Истифода аз ашкҳои маснуъӣ дар моҳи рамазон  низ мушкиле надорад, зеро ин қатраҳо арзиши ғизоӣ надошта ва рӯзаро ботил намекунад.

Истеъмоли  сигарет ва ё маводи мухаддир сабаби хушк шудани чашмҳо ва оҳиста-оҳиста заъиф шудани он мешавад. Бо ҳар дона сигарете, ки як нафар мекашад, беш аз 30 дарсад аз оби чашмҳои ӯ хориҷ мешавад.

Қабл аз хоб чанд истакон об бинушед ва ҳамчунин метавонед аз қатраҳои ашки маснуъӣ истифода кунед. Ин кор сабаб мешавад дар тули шаб чашмҳо оби худро аз даст надиҳанд ва субҳ бидуни сузиш ва хориши чашм аз хоб бедор шавед.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.