Таъсири таоми падар дар фарзанд

42

index

Имом Содиқ (а): Ҳар кас ношто як биҳӣ бихўрад, нутфааш покиза мешаваду фарзандаш некў мегардад.

Тибб-ул-Аимма (а) ба нақл аз Букайр ибни Муҳаммад: Назди Имом Содиқ (а) будам, ки касе ба эшон гуфт: Эй фарзанди Паёмбари Худо! Гоҳе фарзанде зода мешавад, вале камхираду нотавон аст.

Фармуд: «Чӣ чизе туро аз хўрдани савиқ[1] боздоштааст? Худат бихўр ва ҳамсаратро ба хўрдани он водор, зеро гўштро мерўёнаду устухонро маҳкам месозад ва ҷуз фарзанди қавӣ бар шумо зода намешавад.

Имом Козим (а): Ҳар кас тухми мурғ, пиёз ва равғани зайтун бихўрад, бар тавони омезиши ў афзуда мешавад ва ҳар кас гўштро бо тухми мурғ бихўрад, устухони фарзандаш дурушт хоҳад шуд.

Кофӣ ба нақл аз Амр ибни Иброҳим аз Хуросонӣ: Хўрдани анори ширин мании мардро афзоиш медиҳаду фарзандро зебо мегардонад.

[1] Таоме фароҳам шуда аз орди гандум ва ҷави бў дода шуда.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.