Нушиданиҳое барои коҳиши вазн

79

Панҷ рамзу рози коҳиши вазн на дар зарфи ғизо, балки дар финҷон ё стакани шумо аст.

Нушиданиҳои пуртарафдоре мисли оби меваҳо ва нушобаҳои энергиязо ё нерубахш, ки саршор аз шакар ва карбогидрат ҳастанд, метавонанд раванди коҳиши вазнро дучори халал кунанд. Ба гузориши пойгоҳи итилоърасонаии шабакаи Хабар ин панҷ нушиданӣ нақши зиёде дар коҳиши вазн доранд.

Об

Ҳама медонанд об беҳтарин нушиданӣ барои коҳиши вазн аст . Аммо нушидани он дар тули раванди коҳиши вазн метавонад мондакунанда бошад. Барои ин ки обро маззадор кунед ва аз нушиданаш лаззат бибаред метавонед дар он лимони туруш, бодиринг ва помидор биандозед, то маззадор шавад.

Оби кабудиҳо ва сабзавот

Оби сабзавоти хонаги ё саноъатӣ тафовуте надоранд. Ҳар ду манбаи олие барои таъмини фибр ва маводи ғизоӣ барои коҳиши вазни бадан ҳастанд, чун пас аз нушидани онҳо соъатҳои дароз гурусна намешавед.

Пизишкон тавсия мекунанд аз кабудиҳо ва сабзавоте истифода кунед, ки натрийи камтаре доранд.

Чойи талх

Нушидани чойи сабз илова бар ин ки метаболизм(табодули мавод)и баданро беҳбуд мебахшад, суръати коҳиши вазнро низ афзоиш медиҳад. Саъй кунед чойи сабзро гарм ё сард ҳамроҳи асал бидуни шакар бихуред. Ростӣ чойи сиёҳро фаромуш накунед чун саршор аз антиоксидҳо аст ва заҳрро аз бадан хориҷ мекунад.

Қаҳваи холис

Нушидани як стакан қаҳва дар субҳона ва асрона ба далели вуҷуди кофеин дар он гуруснагиро саркуб ва ба коҳиши вазн кумак мекунад. Ин нушиданӣ ҳамчунин баданро гарм мекунад ва метаболизмро беҳбуд мебахшад. Фақат ҳушёр бошед,ки шакар ва қаймоқи кам ба он изофа кунед.

Шири бидуни қаймоқ

Шир саршор аз калсий, витамини D ва протеин аст, ки устухонҳоро маҳкамтар ва мушакҳоро қавитар месозад. Шири бидуни қаймоқ ва равған манбаи саршор аз витамин аст, ки ба коҳиши вазн кумак мекунад. Агар мехоҳед таъми ширро тағйир диҳед, метавонед аз шоколади бидуни равған истифода кунед.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.