Гиёҳе барои латофатбахшӣ ба пуст

121

Як мутахассиси дорусозии халқӣ(суннатӣ) гуфт: Гиёҳоне монанди розмарӣ, бобуна ва гули ҳамеша баҳор метавонанд пустро шодоб карда ва ба тармим ва бозсозии он кумак кунанд.

Доктор Муҳаммадҳусейни  Фарзоӣ бо баёни инки гиёҳони доруии бисёре дар тибби суннатии сарзаминҳои мухталиф ба манзури беҳбуди амалкард ва тақвияти ҳуҷайраҳои пуст истифода мешаванд гуфт: Ин гиёҳон дорои асароте аз ҷумла зидди пирӣ, антиаксидонӣ, нармкунандагӣ, муҳофизаткунандагӣ дар баробари омилҳои муҳитӣ, кумак ба бозсозии бофтҳои пуст ва тармимкунандагӣ мебошанд.

Вай таъкид кард: Аз ҷумла ин гиёҳон метавон ба гулбаргҳои гули ҳамеша баҳор ишора кард, ки дорои миқдорҳои зиёде таркиботи флаоноидӣ буда ва боиси тармии ва бозсозии пуст шуда ва зосиятҳои муҳофизаткунанда доранд.

Фарзоӣ афзуд: Гиёҳи розмарӣ низ чунин хосияте дошта ва баргҳои ин гиёҳ дорои таркиботи мухталифе аз ҷумла равғанҳои гиёҳӣ буда ки боиси муҳофизат аз пӯст шуда ва ба бозсозии пуст кумак мекунад .Вай таъкид кард: Гулҳои бобуна низ дорои таркиботе аст, ки дар бисёре аз ихтилолот ва нороҳатиҳои пустӣ асароти дармонӣ дошта ва дар бисёре аз кишвар дунёҳо фаровардаҳои мавзеъии мухталифе аз ин гиёҳ ҷиҳати мушкилоти пустӣ мавҷуд мебошад.

Фарзоӣ дар идома  ҷави ду сар(овёс)ро низ ба унвони як доруи  табиӣ ҷиҳати тақвият ва бозсозии пуст ва ҳамчунин мартубкунанда муаррифӣ кард ва афзуд: Ғунчаи гули сурх низ дорои миқдори зиёди таркиботи плифнолӣ мебошад, ки ба шодобӣ, тармим ва муҳофизат аз пуст кумак мекунад.

Ин мутахассиси дорусозии суннатӣ бо ишора ба афзоиши бемории хушкии пуст дар фасли зимистон изҳор кард: Ин амр ба далели нотавонии пуст дар ҳифзи рутубат дар қабатҳои хориҷии худ аст.

Вай таъкид кард: Дар ҳамин росто фаровардаҳо, ки боиси тақвияти тавоноии пуст дар нигаҳдории рутубат дар қабатҳои хориҷӣ шаванд , метавонанд ба беҳбуди бемории хушкии пӯст дар фаслҳои сарди сол кумак кунанд.

Фарзоӣ афзуд: Аз ҷумлаи ин фаровардаҳо метавон ба равғани зайтун , гели алоэ(сабр) , равғани донаи зардолу, равғани норгил(кокосо) , усораи баргҳои  синфитон,гул ва решаи гиёҳи ҳатмӣ равғани гули бунафша , равғани  овокадо ва ҳамчунин ҷави ду сар ишора кард.

Ин мутахассиси дорусозии суннатӣ дар поён изҳор кард : Дар гиёҳдармонӣ ба манзури сохти фаровардаи мавзеъии ҷиҳати дармони ихтилолот ва хушкии пуст маъмулан ин гиёҳонро дар пояи асал , шер ё гулоб омехта карда ва омода мекунанад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.