Доруи шифобахш

155

Ҳама чизҳо ниёз ба барнома дорад, махсусан баҳрагирӣ аз китоби бузурге ҳамчун Қуръон; Ба ҳамин далел дар худи Қуръон барои хондану баҳрҳагирӣ аз ин оёт, одобу шароите баён шудааст, ки ба он мепардозем

Қуръон доруи шифобахше аст барои онҳое, ки аз бемории ишқ ба дунё, вобастагӣ ба моддиёт ва таслими беқайду шарт дар баробари шаҳватҳо ранҷ мебаранд.

Қуръон нусхаи шифобахше аст барои дунёе, ки оташи ҷангҳо дар ҳар сӯи он афрӯхтааст ва дар зери бори мусобиқаи таслиҳотӣ камараш хам шуда ва муҳимтарин сармояҳои иқтисодӣ ва инсонии худро дар пойи ғӯли ҷангу таслиҳот рихта ва боз Қуръон нусхаи шифобахшӣ аст барои онҳое, ки пардаҳои торики шаҳват онҳоро аз расидану наздик шудан ба Худованд ҷилавгирӣ мекунанд.

Дар сураи Юнус чунин мехонем:

قَدْ جاءَتْكُمْ مَوْعِظَةٌ مِنْ رَبِّكُمْ وَ شِفاءٌ لِما فِي الصُّدُور

Андарзи аз сӯи Парвардигоратон ва дармоне барои ончи дар синаҳост (дармоне барои дилҳои шумо) барои шумо омадааст.(1)

 Оби ҳаёт

Қуръон доруи шифобахшу пурбаракат ва об ҳаёте аст, ки аташи ташнагони ҳақро хомуш мекунад ва ҳар кас ба Қуръон чанг бизанад дар зиндагияш аз инҳирофоту бадиҳо дур мешавад.

Имом Алӣ(к) мефрмояд: «Бар шумо бод амал кардан ба Қуръон, ки рисмони мустаҳками илоҳӣ ва нури ошкор ва дармоне судманд аст, ки ташнагиро фурӯ менишонад. Нигаҳдорндаи касе аст, ки ба он тамассук ҷӯяд ва наҷот диҳандҳаи он кас аст, ки ба он чанг занад, каҷӣ надорад то рост шавад ва гароиш ба ботил надорад то аз он бозгардонда шавад ва такрор ва шунидани пайвастаи оёт, кӯҳнааш намесозад ва гӯш аз шунидани он хаста намешавад». (2)

Ин таъбири расо ва гӯё, ки назири он дар суханони Паёмбари Худо( с) ва соири гуфтаҳои имом алӣ(к) ва дигар бузургони дин кам нест, ба хубӣ собит мекунд, ки Қуръон нусхае аст барои сомон бахшидан ба ҳамаи нобасомониҳо, беҳбудии фарду ҷомеа аз анвои бемориҳои ахлоқӣ ва иҷтимоӣ.(3)

 Одоби хондани Қуръон

 1- Покии зоҳирӣ тавъам бо таҳорат

Қуръон мефармояд:

لا يَمَسُّهُ إِلاَّ الْمُطَهَّرُون

“Ва ҷуз покон наме‏тавонанд ба он даст зананд [даст ёбанд].(4)

Ин таъбир мумкин аст ҳам ишора ба покизагии зоҳирӣ бошад, ки даст задан ба хатҳои Қуръон бояд тавъам бо таҳорат бошад ва ҳам ишора ба инки дарк маъно ва мӯҳтавои ин оёт танҳо барои касоне имкон дорад, ки аз бадиҳои ахлоқӣ пок бошанд.

 2- Паноҳ бурдан ба Худованд

Ба ҳангоми оғози хондани Қуръон бояд аз шайтони рондашуда ба даргоҳи ҳақ паноҳ бурд; Чунонки дар Қуръон мехонем:

فَإِذا قَرَأْتَ الْقُرْآنَ فَاسْتَعِذْ بِاللَّهِ مِنَ الشَّيْطانِ الرَّجيم

 “Ҳангоме, ки Қуръон мехонӣ аз шарри шайтони матруд, ба Худо паноҳ бар!”. (5)

Ин паноҳ бурдан бояд дар рӯҳу ҷон нуфуз кунад, ба шакле, ки инсон ҳангоми хондани Қуръон аз сифатҳои шайтонӣ ҷудо гашта ва ба сифатҳои илоҳӣ наздик шавад, то мавонеи фаҳми каломи ҳақ аз фикри ӯ бархезад ва ҷамоли ҳақиқатро ба дурустӣ бубинад.

 3- Хондан бо тартил

Қуръонро бояд ба шакли тартил тиловат кард; Яъне шумурда ва тавъам бо тафаккур:

وَ رَتِّلِ الْقُرْآنَ تَرْتيلا

“Ва Қуръонро бо диққат ва тааммул (тартил) бихон.” (6)

Имом Содиқ(а) фармуд: «Тартил он аст, ки оётро бо оромиш ва бо садои зебо бихонӣ ва ҳангоме, ки ба ояҳое расидӣ, ки дар он сухан аз оташи дӯзах аст, ба худо паноҳ бар ва ҳангоме, ки ба ояҳое расидӣ, ки дар он аз биҳишт сухан мегӯяд, аз Худо биҳиштро талаб кун (худро ба авсофи биҳиштиён наздиктар кун ва аз сифатҳои дӯзахиён бипарҳез)». (7)

 4- Тафаккуру андеша тадаббур

Илова бар тартил, ба тафаккур дар оёти Қуръон низ дастур дода шудааст, то онҷо, ки мефрмояд:

أَ فَلا يَتَدَبَّرُونَ الْقُرْآن

“Оё дар бораи Қуръон намеандешанд?!”. (8)

Дар ҳадис мехонем, ки асҳобу ёрон Паёмбар(с) Қуръонро ба шакли даҳ оя-даҳ оя аз Паёмбари Худо(с) таълим мегирифтанд ва то замоне, ки илми даҳ ояро дуруст намеомӯхтанд ва ба онҳо амал намекарданд ба даҳи ояти дигар наме‏прдохтанд. (9)

 5- Адаби шунавандагони оёт

Касоне, ки оёти Қуръонро мешинаванд вазифаҳое доранд, аз ҷумла сукут кардан ҳамроҳ бо андеша ва тафаккур. Пас дар ҳангоми хондани Қуръон, шунавандагон ба эҳтироми Қуръон сукут мекунанд ва гӯши ҷон супорида ва паёми Худовандро мешунаванд ва дар зиндагии худ аз он илҳом мегиранд. (10)

 6- Савти зебо

Дар ривоятҳои исломӣ дастурҳое дар бораи хондани Қуръон бо садои хуб, ки аз нигоҳи аҳодис мусалламан таъсире рӯи маънои он мегузорад, ворид шудааст. Дар ҳадисе аз Расули Худо (с) мехонем, ки фармуданд: «Қуръонро бо садои зебо зинат бахшед чаро, ки садои хуб бар зебоии Қуръон меафзояд».(11)

Манобеъ:

[1]. Сураи Юнус, ояти 57.

[2]. Наҳҷулбалоға, с219.

[3]. Сад мавзӯъи ахлоқӣ дар Қуръону ҳадис, с40.

[4]. Сураи Воқеа, ояти 79.

[5]. Сураи Наҳл, ояти 98.

[6]. Сураи Муззаммил, ояти 4.

[7]. Маҷмаъулбаён, ҷ10, с569.

[8]. Сураи Нисо, ояти 82.

[9]. Алҳёт, ҷ2, с125.

[10]. Сад мавзӯъи ахлоқӣ дар Қуръону ҳадис, с55.

[11]. Ҳамон, с57.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.