Монеъҳои ташкили оила

132

Тарс аз фақир шудан

Занону мардони беҳамсар ва ғуломону канизони дурусткоратонро ҳамсар диҳед. Агар тангдаст бошанд, Худованд ононро аз фазли хеш бениёз хоҳад кард ва Худованд кушоишгари доност.[1]

Имом Ҳусайн (а) дар бораи ин гуфтаи Худои азза ва ҷалла: «Касоне ки василаю имкони заношўӣ намеёбанд, бояд хештандорӣ варзанд, то бо ин кор, Худо аз фазли хеш ононро бениёз гардонад»,[2] фармуд: Издивоҷ кунанд, то аз фазли хеш ононро бениёз гардонад.

Паёмбари Худо (с): Ҳар кас аз тарси фақир шудан издивоҷ накунад, ба Худои азза ва ҷалла гумони бад бурдааст. Худои азза ва ҷалла мефармояд: «Агар тангдаст бошанд, Худо ононро аз фазли хеш, бениёз хоҳад кард».

Паёмбари Худо (с): Ҳар кас аз бими фақир шудан издивоҷ накунад, аз мо нест.

Паёмбари Худо (с): Зане бигиред. Ба дурустӣ ки ин кор, рўзии шуморо бештар мекунад.

Паёмбари Худо (с): Касе ки барои ҳифзи худ аз он чӣ Худои азза ва ҷалла ҳаром кардааст, издивоҷ кунад, бар Худои азза ва ҷалла ҳақ аст, ки ўро ёрӣ кунад.

Паёмбари Худо (с): Се касанд, ки бар Худои азза ва ҷалла воҷиб аст, ки ононро ёрӣ диҳад: муҷоҳиди роҳи Худо; бандае, ки барои озодии худ бо мавлояш қарордод мебандад ва қасд дорад, ки ба қарордоди худ амал кунад ва касе ки барои ҳифзи покдомании хеш издивоҷ кунад.

Паёмбари Худо (с): Чаҳор касанд, ки Худои азза ва ҷалла вазифа дорад, ки ба онҳо кўмак кунад: разманда, оиладор, бандаи қарордодӣ ва ҳаҷгузор.

Паёмбари Худо (с): Рўзиро бо издивоҷ кардан биҷўед.

Паёмбари Худо (с): Издивоҷ кунед, зеро занон барои шумо сарват меоваранд.

Паёмбари Худо (с): Се кор аст, ки ҳар кас онҳоро бо эътимод ба Худо ва барои Худо анҷом диҳад, бар Худованд аст, ки ўро кўмак кунад ва ба ў баракат диҳад: бандае, ки барои озодияш кор кунад…; касе ки бо эътимод ба Худо ва ба хотири ӯ издивоҷ кунад, бар Худованд аст, ки ўро кўмак кунаду ба ў баракат диҳад ва касе ки замини мурдаеро зинда созад.

Имом Содиқ (а): Марде назди Паёмбар (с) омаду аз тангдастӣ ба Ӯ шикоят кард. Пас Паёмбар (с) фармуд: Издивоҷ кун. Он мард издивоҷ карду ба кушоиш расид.

Имом Содиқ (а): Ҷавоне аз ансор назди Паёмбари Худо (с) омаду аз тангдастӣ ба эшон шикоят кард. Паёмбар (с) ба ў фармуд: Издивоҷ кун.

Пас марде аз ансор ба ў бархўрду гуфт: Ман духтари зебое дорам. Онгоҳ ӯро ба издивоҷи он ҷавон даровард.

Имом Содиқ (а) фармуд: Пас Худованд ба зиндагии ў кушоиш дод.

Пас аз он, ҷавон назди Паёмбар (с) омаду эшонро аз вазъи худ огоҳ сохт. Паёмбари Худо (с) фармуд: Эй ҷавонон! Бар шумо бод издивоҷ кардан!

Исҳоқ ибни Аммор: Ба Имом Содиқ (а) гуфтам: Оё ин ҳадисе, ки мардум ривоят мекунанд рост аст, ки: марде назди Паёмбар (с) омаду аз тангдастии худ ба эшон шиква кард ва Паёмбар (с) ба ў фармуд, ки издивоҷ кунад ва ӯ ҳамин корро кард. Сипас дубора назди Паёмбари Худо (с) омаду аз тангдастӣ ба эшон шиква кард ва Паёмбар (с) боз ўро ба издивоҷ кардан амр кард ва то се бор ба ин кор амр кард?

Имом Содиқ (а) фармуд: Оре, рост аст.

Сипас фармуд: Рӯзӣ, бо занон ва оила ҳамроҳ аст.

[1] Сураи Нур, 32.

[2] Сураи Нур, 33.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.