Осебшиносии худирзоӣ (1)

60

Муқаддима

Туғёни ҷинсӣ яке аз муҳимтарин ва дар айни ҳол печидатарин масоиле аст, ки аксарияти мардум ба хусус насли ҷавон бо он даргиранд. Чӣ, ин масъала омили муҳим ва заминаи инҳироф ва инҳитоти ҷисмӣ ва рӯҳиро фароҳам месозад. Аз ҷумлаи ин инҳирофот “худирзоӣ” аст.

Худирзоӣ, ки дар забони арабӣ ба он “истимно” мегуянд, иборат аст аз ин, ки инсон барои лаззати ҷинсӣ бурдан коре кунад аз олати таносулиаш манӣ хориҷ шавад. Ин кор аксаран бо даст анҷом мегирад.

Осебҳо

Қуръони Карим пофишорӣ меварзад, ки эй инсон, тамоми аъмол ва рафтори ту натанҳо дар зиндагии шахсиат балки дар табиат ва муҳити атрофи ту низ асар мегузорд. Аз он ҷо, ки инсон сару кораш бештар бо табиати модӣ аст ва ҷалби манфиати дунявӣ ва дафъи зарари дунявӣ барояш аҳамият дорад бар ҳамин асос, дини Ислом қабл аз ҳар чиз инсонро ба натиҷаҳои мусбат ва манфии дунявии корҳояш огоҳ сохта ва ҳушдорҳои лозимро ба ӯ додааст.

Бинобар ин, баёни осебҳо ба навбати худ, огоҳибахш ва равшангарӣ нисбат ба танбеҳоте аст, ки ба зудии зуд гиребонгири фард мешаванд. Ошноӣ бо осебҳо ҳам барои пешгирӣ амри корсоз аст ва ҳам барои тарк. Вақте бихоҳем барои тарки кори зиште, ки мумкин аст даст ба анҷомаш бизанем ё ба анҷоми он одат кардаем ба мубориза бархезем аввал бояд ба зарарҳои анҷоми он амал фикр кунем ва баъд ба фоидаҳои тарки он, дар ин вақт ташвиқ мешавем ки аз ин амал дурӣ кунем ва аз анҷом надоданаш лаззат мебарем. Вале бояд донист, ки ин гарчи қадами аввал ва кори лозим аст вале кифоя намекунад. Бояд барои пешгирӣ ва дармон низ талош кард.

 А) Осебҳои ҷисмонӣ

– Камхунӣ;

– Камиштиҳоӣ ва мушкилоти гуворишӣ;

– Камхобӣ ва ихтилол дар хоб;

-Тангии нафас;

– Сардард ва саргиҷа;

– Пайдоиши тағйирот дар нухоъ ва сутуни фуқарот.

Инҳо ҳамагӣ аз осебҳои ҷисми худирзоӣ ҳастанд.

  1. Заъф ва аз байн рафтани қуваи ҷисмонӣ

Коҳиши энергияи ҷисмонии бадан аз мазарроти муҳим ва ҷуброннопазири худирзоӣ аст. Эҳсос хастагӣ оризаи табии инзол аст. Агар худирзоӣ дар шабонарӯз ба дафаот такрор шавад ин эҳсоси хастагӣ дар сооти мухталиф ҳамроҳ инсон аст. Дар натиҷа ба мурури замон заъф ва беҳолӣ дар фард тасбит шуда ва як табиат сонавӣ барои ӯ эҷод мекунад.

Коҳиш ва тахлияи мукарари қувои ҷисмонӣ ба заъфи умумӣ ва доимии бадан ва билохира ба пирии зудрас меанҷомад.

Лоғарӣ, ларзиши бадан, пажмурдагӣ, заъфи мафосил(пайвандҳои бадан), ташаннуҷ, зардӣ ва тирагии чеҳра, аз нишонаҳо ва аворизи заъфи ҷисмонӣ аст.

Мутаассифона заъфи ҷисмонӣ ба ҳамин ҷо тамом намешавад балки кулли баданро соқит мекунад. Шахсе, ки мубтало ба ин амал шавам шавад, рафта рафта заъфи шадид дар худ эҳсос карда, камардард ӯро озор медиҳад то ин, ки ба фалаҷи умумии бадан мубтало мешавад.

  1. Заъфи биноӣ

Худирзоӣ ба тадриҷ дар нури чашм ва қудрати биноӣ асар мегузорад ва онро коҳиш медиҳад. Дараҷот ва шиддати заъфи чашм бастагӣ ба дарҷот ва шиддати худирзоӣ дорад ва ин ба ҳадде аст, ки гоҳ ба нобиноӣ поён меёбад.

  1. Осебпазирӣ дар баробари бемориҳо

Кам шудани қудрати бадан ва қувои ҷисмонӣ, бистари пазириши дигар бемориҳоро фароҳам меоварад. Ҷисме, ки бо худирзоӣ заиф шудааст наметавонад дар муқобили микробҳо ва вирусҳо аз худ дифоъ кунад.

  1. Осеби дастгоҳи таносулӣ ва нотавониҳои ҷинсӣ ва тавлиди мисл

Худирзоӣ асароти баде дар дастгоҳи таносулӣ дорад. Доктор «ҳучин сун» мӯътақид аст, ки умуми нороҳатиаҳои марбут ба дастгоҳи таносулӣ аз осори худирзоӣ аст. Баъзе аз ин асарот иборатанд аз:

– Таварруми ғудади вазӣ.

– Таварруми канали нутфа.

– Таварруми қисмати поёнӣ ва ақиби канали пешоб.

– Суст шудани азулоти таносулӣ.

– Хурӯҷи беихтиёри манӣ бо кӯчактарин таҳрик.

– Эҷоди қоидагии номуназам ва хурӯҷи тарашшӯҳот чиркӣ ва эҳсоси дард ҳангоми қоидагӣ дар духтарон.

– Аз байн рафтани пардаи бакорат дар духтарон.

– Ризоятбах нашудани амали ҷинсӣ ва аз даст додан лаззати наздикӣ баъд аз издивоҷ.

– Нотавонӣ ва дер кудакдор шудан ба хотири заъфи пайдарпайи дастгоҳи таносулӣ ва инзоли зуд ҳангом.

– Бемориҳои муқорибатӣ.

– Ақим (нозо) шудан.

  1. Осеби марокизи асабӣ ва ғудад дар мағз

Дар асари худирзоӣ ва таҳрики зиёд, ҳипутоломус осеб мебинад. Мағз ва марокизи ҳассоси дигар мукарраран дучор коҳиши нисбии ҷараёни хун мешаванд ва аз ин тариқ осебҳои ҷуброннопазире бар онҳо мерасад. Ба гуфтаи яке аз донишмандон, худирзои мӯҷиби заъфи қувои шаҳавонӣ ва берамақ ва беҷон шудани онҳо мешавад.

Ба таври куллӣ ихтилоли қувои биноӣ, шунавои (мисли садои занг дар гӯш ва виз- виз кардан) ва … Аз заъф ва ихтилоли аъсоб аст.

 

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.