Бозиҳои компютерӣ

66

Бозиҳои кампютерӣ аз ҷумла бозиҳое ҳастанд, ки имрӯзҳо ба зиндагии инсон роҳ ёфтааст ва афроди зиёде ҳастанд, ки рӯзона чанд соати умри худро дар ин бозиҳо сарф мекунанд. Бозиҳои наве, ки дар дастраси тарафдоронашон ҳастанд, воқеъ намоии тасвирии ин бозиҳо байни 85 то 95 дарсад аст. Аз ин рӯ, ин бозиҳо ҷазабаи сеҳромезе доранд ва чун кӯдак ва навҷавон худ иҷрокунанда ва дар дохили бозӣ аст ва ҳамроҳ бо дигар шахсиятҳои бозӣ дар ҳодисаҳо ва моҷароҳои бозӣ машғул мешавад, ки созандаи бозӣ барои ӯ дар назар гирифта аст. Ин бозиҳо, бо истифода аз тасовири ҳаракаткунанда ва садоҳои ҳаяҷонангез, дунёе аз ҳаяҷонро ба ин инсонҳои ташнаи ҷунбуҷӯш ба вуҷуд меоваранд. Ва ҳамин ҷазаба ва кашиши зиёд аст, ки рӯҳ ва ҷисми ононро монанди як барда мутеи худ месозад ва ба оламе аз хаёлот мебарад, ки худро қаҳрамони аслии моҷаро мепиндоранд. Ин бозиҳо, чунон таъсире бар фикр ва асаби фард мегузоранд, ки дар воқеъ худи ӯ низ ҷузъе аз ин маҷмӯаи мошинӣ мешавад.

Бозиҳои компютерӣ фоидаҳо ва зарарҳое доранд

 А- Фоидаҳои бозиҳои роёнаӣ

– Ба кӯдакон кумак мекунад, ки зудтар саломатии худро боз ёбанд ва ба доруҳои мусаккин камтар ниёз пайдо кунанд.

– Бозиҳои компютерӣ ҳамчунин ба кӯдакони мубтало ба амроз, масалан “фалаҷи мағзӣ” ё норасоии марбут ба ташхиси калимот кумак мекунад.

– Ба ақидаи як доктори равон шинос, бозиҳои компютерӣ кудаконро вориди дунёе мекунанд, ки ихтиёраш дар дасти онҳост ва ба ҳамин далел кӯдакон аз ин бозиҳо лаззати фаровоне мебаранд.

– Боиси ҳамоҳангии чашму даст ва парвариши азулот (мушакҳои)-и зарифу нозуки кӯдак мешавад.

-Барои маълулон ва пур кардани вақтҳои фароғати онон василаи кумакомӯзишии муносибе аст.

Б- маойиб(айбу ирод)-и бозиҳои роёнаӣ

1- Осебҳои ҷисмонӣ

2- Осебҳои равонӣ – тарбиятӣ

Ба гуфтаи анҷумани беморони саръи Англис, дар ҳудуди як дарсад аз кӯдакони ғайри мубтало ба бемории саръ, ба нур ҳассосият доранд, дар ҳоле, ки ба нур ҳассосият доранд ва таҳаммули тағйири мудовими шиддат ва заъфи нур дар бозиҳои компятерӣ барои онон мушкил аст. Ба гуфтаи анҷумани беморони саръи Англис, дар ҳудуди як дарсад аз кӯдакони ғайри мубтало ба бемории саръ, ба нур ҳассосият доранд, дар ҳоле, ки ин рақам дар миёни беморони мубтало ба ин беморӣ панҷ дарсад аст. Гузориш шудааст, ки ин ҳассосиятҳо, дар мавориде, ҳатто ба марг анҷомидааст. Дар таҳқиқе, ки рӯзномаи англисӣ “Сон” дар ин маврид анҷом дод, модари навҷавони чаҳордаҳсола гуфт: Писарам бар асари бозии роёнаӣ ҷон супурдааст. Вай афзуд, ки писараш пас аз як соат бозӣ дучори ташаннуҷ шуд ва ба замин афтод ва чанд дақиқа баъд ҷон супурд.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.