Чанд дарс аз Паёмбари Акрам (с)[2]

42

Подоши занон

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) дар бораи ҷиҳод ва подоши муҷоҳидон сухан мегуфт. Дар ин байн, зане ба по хост ва пурсид: Оё барои занон ҳам аз ин фазилатҳо баҳрае ҳаст?

Расули Худо(с) фармуданд: Оре, аз ҳангоме, ки занон бордор мешаванд, то лаҳзае, ки кӯдакони худро аз шир боз мегиранд, ҳамонанди муҷоҳидони дар роҳи Худо подош мебаранд. Ва агар дар ин байн, аҷали онон фаро расад ва марг эшонро дарёбад, аҷру манзилати шаҳидро дарёфт мекунанд. (5)

Бархестан ба эҳтироми муъмин

Расули Худо(с) дар масҷид нишаста буданд, ки марде ворид шуд ва он ҳазрат ба эҳтироми ӯ аз ҷойи хеш бархост. Мард гуфт: Эй Расули Худо(с)! ҷойи густарда ва васеъ аст. Он ҳазрат фармуд: Ин аз ҳуқуқи мусулмон бар мусулмони дигар аст, ки чун вайро барои нишастан наздики хеш дид, барои ӯ ҷо ба ҷо шавад. (6)

Дифоъ аз обурӯи муъмин

Абулдардоъ гӯяд: Марде дар назди Расули Акрам (с) касеро бадгӯӣ кард ва нафари дигаре дар мақоми дифоъ баромад, Расули Худо(с) фармуданд: Ҳар кас аз обрӯи бародари динии худ дифоъ кунад, ҳиҷоб ва пардае аз оташ барои ӯ мешавад ва ӯро аз оташи ҷаҳаннам муҳофизат мекунад.(7)

Пайнавишт:

  1. Ман лояҳзурҳул фақеҳ, ҷ 3, саҳ. 561
  2. Баҳоруланвор, ҷ 16, саҳ.240
  3. Васоилушшиа, ҷ 7, саҳ.607
You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.