Башорати ҳазор фаришта ба рӯзадорон

129

Вақте гармои дунё доғтар аз гармои ҷаҳаннам мешавад

Яке аз масоил ва мавзӯъоте, ки баҳонае барои рӯза нагирифтани баъзе афрод шудааст, гармии ҳаво ва ё ба иборате мусодиф шудани айёми рӯзаи моҳи мубораки Рамазон бо фасли гарми сол аст. Гоҳе ин чунин тасаввур мешавад, ки гармои дунё барои ин даста аз афрод аз гармои ҷаҳаннам тоқатфарсотар аст, чаро, ки агар ин чунин набуд қадре дар оташи доғи ҷаҳаннам тааммул ва тафаккур мекарданд ва ҳеҷ гоҳ барои анҷоми фармони илоҳӣ ба худ сустӣ ва коҳили роҳ намедоданд, Худои Мутаол борҳо дар Қуръони Карим оташи сӯзон ва гармои тоқатфарсои ҷаҳаннам ва сояҳои сӯзонашро ба инсон гӯшзад кардааст, шояд инсон ба фикр водор шавад: Ва асҳоби шимол, чӣ асҳоби шимоле (, ки номаи аъмолашон ба нишонаи ҷурмашон ба дасти чапи онҳо дода ме‏шавад)! онҳо дар миёни бодҳои кушанда ва оби сӯзон қарор доранд, ва дар сояи дудҳои мутароким ва оташзо! сояе, ки на хунук аст ва на оромбахш! онҳо пеш аз ин (дар олами дунё) маст ва мағрури неъмат буданд.» [сураи Воқеа, оёти 41-45]

 

Вақте аз гармои ҷаҳаннам, мағз ба ҷуш меояд

 

Гармои сахт ва ҳавлноки оташи ҷаҳаннам дар андешаи ҳеҷ инсоне қобили тасаввур ва таҳаммул нест, ривояоте, ки он ҷойгоҳи хатарнокро ба тасвир кашида, ларза ва изтиробро бар дили инсон меандозид, ба тавре, ки ҳар гуна сустӣ ва танбали дар иҷрои фармони илоҳӣ ва рӯза гирифтан дар ҳавои гарми тобистонро аз байн мебарад, чаро, ки гармои ҷаҳаннам қобили муқоиса бо гармои тобистон нест. Дар ривояте аз Паёмбари Акрам (салаллоҳу алайҳи ва алиҳ) нақл шудааст: Камазобтарин аҳли ҷаҳаннам ду кафш аз оташ ба по дорад, ки аз ҳарорати онҳо мағзаш ба ҷуш ме‏ояд.» [1]

 

 Сипари оташи гарми ҷаҳаннам

Инсони оқил ва ҳушёр бо дидани оёт ва ривояоти ҷаҳаннам, ки гармо ва оташи ҳавлнок ва сахти онро ба тасвир кашидаанд, ба фикри чора меафтад ва сустӣ ва танпарварӣ ва роҳатталабиро канор мегузорад, ва мақҳур гармои ночизи дунё намешавад, ва худро пойбанд ба гирифтани рӯза ҳатто дар ҳавои доғи тобистон мекунад, чаро, ки бар асоси ривоёти исломӣ ин амали ибодӣ сипари оташ ва гармои сӯзони ҷаҳаннам аст. Аз Паёмбари акрам (с) нақл шудааст: Рӯза, сипари оташи (ҷаҳаннам) аст.» [2], Яъне ба воситаи рӯза гирифтан инсон аз оташи ҷаҳаннам дар амон хоҳад буд.», дар ривояти дигаре нақл шуда, ки имом Боқир (а) фармуд: Абузар (рз) дар канори хонаи Каъба бапо хост ва худро муаррифӣ кард ва гуфт‏: «Рӯзи гарм рӯза бидор барои захираи қиёмат.‏» [3]

 Башорати ҳазор фаришта ба рӯзадор

Дар ривояте аз манобеи равоии имом Содиқ (алайҳиссалом) дар мавриди рӯзадорӣ дар фасли гармо чунин мефармояд: «Ҳар, ки як рӯз дар гармо рӯза бидорад ва ташнагӣ ба ӯ рӯй оварад, Худои гиромӣ ва бузург ҳазор фариштаро бар ӯ бигуморад, ки бар рухсораш даст кашанд ва ӯро мужда диҳанд то он ҳангом, ки ифтор кунад; Худои гиромӣ ва бузург фармояд: чӣ бӯи хуше доре! эй фариштагонам! шумоёнро гувоҳ ме‏гирам, ки ба ростӣ ӯро омурзидам.» [4]

 

 Оризуи ҳазрати Марям баъд аз марг

 

Гирифтани рӯза дар ҳавои гарм аз чунон савоб ва подоше бархурдор аст, ки дар манобеи равоӣ нақл шудааст ҳазрати Марям (алайҳо салом) низ пас аз мурдан оризу мекунад, ки ба дунё баргардад ва дар ҳавои гарми он ин воҷиби илоҳиро анҷом диҳад, дар ривояти мурсале аз манобеи ривоӣ нақл шудааст: «‏Ҳазрати Исо (а) баъд аз вафоти модараш Марям ӯро садо зад, ва фармуд модар бо ман сӯҳбат кун оё дӯст дорӣ ба дунё баргардӣ,? дар ҷавоб гуфтанд: «Оре, орзуям ин аст, ки дар дунё будам ва шабҳои сарди замистониро бо муноҷот ва ибодат дар даргоҳи Худо ба бомдод мерасондам ва рӯзҳои гарми тобистонро рӯза мегирифтам.» [5]

Ба ҳар ҳол бар асоси ривоёт рӯза гирифтан дар ҳавои гарм як навъ ҷиҳоди ибоди ба шумор меояд; ҳамчуноне, ки дар ривояте аз Паёмбари Акрам (с) нақл шудааст: «Рӯза гирифтан дар гармо, ҷиҳод аст.» [6], дар ривояти мушобеҳи дигаре аз имом Содиқ (а) нақл шудааст: «Бо фазилаттарин ҷиҳод рӯза гирифтан дар гармо аст.» [7]

 

 Сухани охир

 

Инсони оқил ва ҳушёр рӯза гирифтан дар гармои роҳати дунёро ба ҷон мехарад, то инки тан ва рӯҳи ӯ аз оташи ҳавлноки ҷаҳаннам дар амон бошад.

 

Пайнавиштҳо:

 

[1]. Канзулъумол, ҷ.14, саҳ.527, ҳадиси.39507.

[2]. Алмаҳосин, ҷ.‏1, саҳ.222.

[3]. Алхисол, ҷ.‏1, саҳ.40 , ҳадиси.26.

[4]. Савобулаъмол ва иқобулаъмол, саҳ.52.

[5]. Бҳоруланвор, ҷ.93, саҳ. 257, ҳадиси.14.

[6]. Мустадрукулувасоил, ҷ.‏6, саҳ.338.

[7]. Баҳоруланвор, ҷ.‏93, саҳ.256, ҳадиси.38.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.