Рӯза дармони бисёре аз бемориҳост

94

Рӯза дармони бисёре аз бемориҳост

Робитаи рӯза бо худат. Сухта шудани изофоти бадан. [Чарбиҳое, ки агар дар бадан боқӣ бимонанд чандин бемории дигарро ба вуҷуд меоваранд. Вақте мо рӯза мегирем бадани мо ин чарбиҳои пинҳон шударо масраф карда аз байн мебарад.]

Робитаи рӯза бо фуқаро. Маззаи гуруснагиро бичашӣ. Бифаҳмем гуруснаҳо чӣ мекашанд? [Бифаҳмем, ки агар мо дар сол фақат дар ҳамин моҳ рузе ду ваъда ғизо мехурем вале шахсоне ҳастанд, ки дар тули сол ҳаминро ҳам ба сахтӣ ба даст меоваранд. Рӯза сабаб мешавад ба фикри афроде бошем, ки ба сахтӣ рӯзи худро мегузаронанд ва  агар Худованд неъмати фаровоне ба мо ато кардааст аз ин неъмат афроди ниёзмандро ҳам баҳраманд гардонем то аз гирифтор шудани дар гуруснагии рӯзи қиёмат дар амон бошем.]

Робитаи рӯза бо қиёмат, вақте ташна ва гурусна шудӣ, ёди қиёмат ҳам биафт. (Васоил /ҷ10/с313)

Робитаи рӯза бо муҳосираи иқтисодӣ, агар фардо як абарқудрате гуфт: Ман шуморо дар муҳосира қарор медиҳам, мегӯем: Бисмиҳи таоло, ба дарак! масрафро поин меоварем. Масрафро поин меоварем. Мо метавонем як ваъда ғизоро кам кунем мушкиле ҳам пеш наёяд. Бибин як рӯза аст. Аммо дар муқобили абарқудратҳо тамрини муҳосираи иқтисодӣ аст.

Дар муқобили виҷдону авотифат нисбат ба фуқаро. Дар рӯзи қиёмат, ёди гуруснагӣ ва ташнагии қиёмат. Роҷеъ ба худат. Яъне дастури Ислом ҷомеъ аст.

Худованд вақте ба бандагонаш дастуре медиҳад, дар иҷрои он фоидаҳои зиёдеро барои бандааш дар назар мегирад, вале бандаҳо аксаран ба ҳамон қисмати сахтиаш таваҷҷуҳ мекунанд.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.