Монеаҳои робитаи банда бо Худо

98

  1. Бар асоси таолими Қуръонӣ, “Нафси инсон хеле зиёд ӯро ба бадӣ амр мекунад албатта фақат касоне, ки мавриди раҳми илоҳӣ қарор бигиранд, аз зишткориҳои нафс дар амон хоҳанд буд” [сураи Юсуф, ояти.53]
  2. Аз ҳамон ибтидое, ки Худованд, одамро ба унвони ҷонишини худ бар рӯи замин офарид, як душмани ҷиддӣ ва қасамхӯрда дар баробари инсон худнамоӣ кард. Ҳамаи мо ӯро мешиносем. Иблис бар асоси оёти шарифаи Қуръони Карим, аввалин мухолифи офариниши инсон ва душмани ӯ дар роҳи итоат аз дастуроти илоҳӣ буда ва ҳаст ва хоҳад буд. Ин даста аз оётро диққат кунед (ояти калидиро менависам ва мобақии оётро ба худи шумо заҳмат медиҳам, ки муроҷиа ва мутолиа бифармоед):

– сураи Бақара: оятҳои 30-34.

Ва чун фариштагонро фармудем барои Одам саҷда кунед пас баҷуз Иблис, ки сар боз зад ва кибр варзид ва аз кофирон шуд [ҳама] ба саҷда дарафтоданд.

– сураи Аъроф: ояти 11-18.

Гуфт пас ба сабаби онки маро ба бероҳа афкандӣ ман ҳам барои [фирефтани] онон ҳатман бар сари роҳи рости ту хоҳам нишаст. Онгоҳ аз пеши рӯ ва аз пушти‏ сарашон ва аз тарафи рост ва аз тарафи чапашон бар онҳо метозам ва бештарашонро шукргузор нахоҳи ёфт.

– сура Ҳиҷр: ояти 28-43.

Гуфт Парвардигоро ба сабаби онки маро гумроҳ сохтӣ ман [ҳам гуноҳонашонро] дар замин барояшон ме‏ороям ва ҳамаро гумроҳ месозам, Магар бандагони холиси ту аз миёни ононро.

– сураи Сод: ояти 71-83.

Гуфт: ба иззатат савганд ҳамаи онҳоро гумроҳ хоҳам кард, магар бандагони холиси туаз миёни онҳо

Нуктаҳо:

1) Бузургтарин гуноҳ ва мушкили Иблис ин буд, ки дастури Худовандро итоат накард. Ба гуноҳи бузурги худ бузургбинӣ ва худ бартарбинӣ дучор шуд. [сураи Сод: ояти 76]

2) Иблис аз ҳамон ибтидо чун Худовандро ба худовандӣ қабул дорад, ба иззат ва ҷалоли Худованд қасам мехӯрад, ки инсонро гумроҳ мекунад. Албатта худаш ҳам эътироф мекунад, ки бар бандагони мухлиси Худованд ҳеҷ тасаллуте надорад. [бар асоси оёти сураи Сод]

3) Иблис дар ҳар замон, бо як либос ва шакле ба сӯроғи инсон меояд. Ҳамонгуна, ки худаш ваъда дода, аз ҳар роҳе барои нуфуз бар инсон истифода мекунад. Аз рӯбарӯ ва пушт ва чапу рост ба сӯи инсон меояд. [бар асоси оёти сураи Аъроф]

4) Иблис дар як гурӯҳ ба хубӣ нуфуз карда ва онҳоро ба унвони душмантарин инсонҳо барои муъминин ва мусллимин дар овардааст. Дар сураи Моида ояти 82 мефармояд: “Душмантарин инсонҳо нисбат ба муъминин, яҳудиён ва мушрикин ҳастанд“.

Решаи душманиҳои бисёр шадиди зарсолорони яҳуд ба ҳадди ақал 1400 сол қабл боз мегардад ва Худованди Мутаол ин масъаларо ба шаклҳои мухталиф дар Қуръони Карим баён фармудааст. Онҷо, ки ба душманиҳои Бани Исроил бо ҳазрати Мӯсо(а) ва ин гуна мавзуот ишора мефармояд. Ин масъаларо дар ҷойи худ бештар мавриди мутолиа ва диққат қарор хоҳем дод.

То садри Ислом ҳар чӣ мебинем, душманиҳои зарсолорон ва зӯрмадорони яҳуд бо ҳамин унвони яҳудиён, нисбат ба муъминин анҷом шудааст, ва ин душманиҳо имрӯза низ идома дорад.

5) Гоми дувуме, ки бояд бардорем «душман шиносӣ» аст. Ин гомро бояд бо диққат ва албатта ба суръат бардошт. Агар мехоҳем ин гомро ба дурустӣ бардорем бояд муроқиб бошем, ки гоми аввал (яъне итоат аз дастуроти илоҳӣ)-ро маҳкам бардошта бошем.

 Анвои ин душманҳо иборатанд аз:

а)  Душмани аввал: Нафси инсон, ки ӯро ба бадӣ амр мекунад.

б) Душмани дувум: Иблис ва шаётини ҷину инс, ки фақат васваса мекунанд ва инсонро ба анҷоми корҳои зишт ва нофармонии Худованд даъват мекунад.

ҷ) Душмани севум: Яҳудиён ва мушрикин, душмантарин инсонҳо нисбат ба муъминин ҳастанд.

Дар баробари ин душманҳо чӣ бояд кард?

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.