Марг аз навъи электроникӣ

52

Ба гузориши сервиси Занон ҷаҳон ниюз, хушунати навҷавонон яке аз бузургтарин мушкилоте аст, ки донишмандон дар ҳазораи ҷадид бо он рӯбарӯ ҳастанд.

Авомили муассири хушунат дар навҷавонон, нашъатгирифта аз хушунате аст, ки дар даврони кӯдакӣ дар телевизион ва филмҳо нигоҳ кардаанд, ва навъи хоссе аз мусиқӣ, ки гӯш медиҳанд, ва бо корбурди номаҳдуд ва контрол нашудаи интернет ва бозиҳои видеоӣ ва бозиҳои coin-up хушунатомез ба он мубтало мегарданд.

Гузориши ҷадиде бар асоси 30 сол таҳқиқ ва баррасӣ ба амал омада аз чаҳор созмони беҳдошти миллии Америка (анҷумани пизишкии Америка, академия тибби кӯдакони Америка, анҷумани равонпизишкии Америка ва академияи равонпизишкии кӯдак ва навҷавони Америка), изҳор медорад, ки иртиботи мустақиме миёни хушунат дар расонаҳо ва хушунат дар кӯдакон вуҷуд дорад.

Ин дар ҳоле аст, ки ҳар рӯз шоҳиди ин мавзӯъ ҳастем, ки бозиҳои интернитии хушунатомез ба унвони шакле аз расонаҳои ҷамъии электруникӣ ва нуфуз ва таъсири он бар кӯдакон ва навҷавонон бештар мешавад.

Кӯдакон ва навҷавононе, ки аз назари илмӣ дар сатҳи поинтаре қарор дошта, ва низ аз маҳоратҳои иҷтимоии тавсеа ёфта бархурдор набуда ва дар тахайюли худ хушунатро таҷассум менамоянд, ба нишон додан ва бурузи хушунат ва пархошгарӣ бештар тамоюл нишон медиҳанд.

Пажӯҳишгарон бар ин боваранд, ки компютерҳо ва бозиҳои компютерӣ дар ҳоли ҳозир ба бахше аз насли ҷадиде аз ин навъ бадал гаштааст, ки дар ҳоли рушд ва тараққӣ мебошад. Агарчи мумкин аст ин чиз ҳақиқат дошта бошад, ончи, ки нигарон кунанда аст ин аст, ки кӯдакон зиндагии худро аз даст дода ва рӯ ба завол ва уфул мегузоранд.

Ин марг дар воқеият ба ҳақиқат намепайвандад ва марбут ба дарди физикие, ки битавон онро таҳаммул намуд, намешавад. Балки бино ба назари коршиносон ин навъ маргҳо, маргҳои электроникӣ мебошад, ки ба таври ғайри воқеӣ бар сафҳаҳои намоишгарҳои компютерҳои хонагӣ ба вуқӯъ мепайвандад.

Бар асоси назарияи омӯзиши иҷтимоӣ, кӯдакон мумкин аст аъмоли таҳоҷумӣ ва пархошгаронаро ҳамонгуна, ки дар расонаҳои электроники мушоҳида менамоянд, тақлид намоянд.

Шоёни зикр аст, ки кӯдакон мумкин аст фарогиранд, ки хушунат равиши муфид ва коромаде барои ҳали мушкилоти шахсӣ аст.

Дар муҳитҳои вежаи озмоишгоҳӣ муҳаққиқон дарёфтанд, ки кӯдакон метавонанд ба манзури анҷоми аъмоли хушунатомезтар ташвиқ ва тарғиб шаванд, ки дар натиҷаи қарор гирифтан дар маърази рафтори хушунатомез дар филм ё телевизион мебошад.

Гуфтнӣ аст робитаи миёни мушоҳидаи хушунати кӯдакон ва навҷавонон дар бозиҳои хашини интернитӣ ва филмҳои хашин ва хушунат дар кӯдакон ва навҷавонон исбот шудааст ва ин мавзӯъ боиси вобастагӣ ва тааллуқи онҳоро ба телевизион афзоиш медиҳад. Аз тарафе кӯдаконе, ки аз назар илмӣ дар сатҳи поинтре қарор дошта, ва низ аз маҳортҳои иҷтимоии тавсеа ёфта бархурдор набуда ва дар тахайюли худ хушунатро таҷассум менамоянд, ба нишон додан ва бурузи хушунат ва пархошгарии бештар тамоюл нишон медиҳанд.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.