Мубаддал пушӣ

88

Яке дигар аз инҳирофҳои ҷинсӣ ин аст, ки мардон пушиши занона ва занон пушиши мардона дошта бошанд. Чунин инҳирофе бо ихтилоли ҳувияти ҷинсӣ иртибот дорад; яъне мард эҳсоси мардонагӣ надорад ва зан дар воқеъ худро зан намешиносад ё ҳадди ақал эҳсоси хушоянде аз ҷинсияти худ надорад ва аз ин ҷиҳат либоси ҷинси мухолифро мепушад. Имом Алӣ(а) мефармоянд: Аз Расули Худо(с) шунидам, ки мефармуд: Худо лаънат кунад мардонеро, ки худро шабеҳи занон месозанд ва заноне, ки худро ба мардон ҳамонанд мекунанд.

Бо тааммул дар ривояти боло равшан мешавад, ки мардон ва занон бояд муносиб бо урф, суннат ва муҳити иҷтимоӣ, либоси мутаносиби худро бипушад ва агар касе либоси ҷинси мухолифро мепушад, нашъатгирифта аз нақсҳо ва камбудҳое аст, ки дар ҷинсияти худ мебинад. Нигариши ӯ ба худаш нодуруст аст ва бояд ислоҳ шавад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.