Қурбонии муҳити хонавода

81

Таҳқиқоти зиёде дар заминаи иртиботи миёни рушди кудак ва муҳити хонаводагии ӯ анҷом шудааст. Равоншиносон ба хусус ба баррасии ихтилолоти рафтории кудакон пардохтаанд, ки қурбонии хушунатҳои ҷисмӣ ё ҷинсӣ буда ё пайваста шоҳиди задухурди падару модари худ ҳастанд ва ин масъала марбут ба қишри хоссе аз ҷомеа нест. Аксарияти кудаконе, ки бо онҳо бадрафторӣ мешавад, ё дар муҳите аз хушунат зиндагӣ мекунанд, худ муҳоҷим ва хашин бор меоянд, ғолибан ба ҷиноят ва фасод рӯй меоваранд ва гоҳ дучори афсурдагӣ мешаванд, ҳатто гироиш ба худкушӣ доранд. Худбоварӣ надоранд ва нисбат ба дигарон бадбинанд. Бисёре аз онон, касоне ҳастанд, ки дар маърази шикасти таҳсилӣ, шикасти отифӣ ва бекорӣ қарор мегиранд. Саранҷом, баъзе аз ин кудакон хеле зуд ба маводи мухаддир (нашъаовард) ва нушокиҳои масткунанда паноҳ мебаранд. Кудаке, ки дар муҳити хушунат парвариш ёфтааст, чун улгуи даигаре дар ихтиёр надорад, намедонад ҷуз а роҳи хушунат, аз чи роҳи дигаре ба ҳадафҳояш бирасад. Аксаран рафторҳои ӯ дар навҷавонӣ ва булуғ бозтоби рафторҳое мешавад, ки дар кудакӣ шоҳиди онҳо будааст. Аз суи дигар кушиш мекунад бо фирор ва ғайбатҳои тулонӣ аз муҳити хонаводагӣ, ё бо масрафи мудовими маводи нашъаовар ва спирт, аз воқеияти мавҷуд бигурезад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.