Сарватманд аммо фақир(1)

63

Имом Алӣ(а) шунид, ки марде мегӯяд: Бахил узрпазиртар аз ситамгар аст. Ҳазрат ба ӯ фармуд: Дурӯғ гуфтӣ! чӣ басо шахси ситамгар, ки тавба ва талаби мағфират кунад ва ҳуқуқ ба ситамгирифтаро ба соҳибаш баргардонад, вале тангназар онгоҳ, ки бухл меварзад, аз закот ва садақа ва силаи раҳм ва меҳмоннавозӣ ва инфоқ дар роҳи Худо ва корҳои хайр боз мемонад ва ҳаром аст, ки бахил вориди биҳишт шавад. (Фурӯи Кофӣ, ҷ.4, саҳ.44)

Бухл, аз накӯҳидатарин сифатҳо ва бахил аз нохушояндтарин одамҳост. Дар ҳамаи аҳком ва суфоришҳои динӣ, тавсия ба саховат ва кушодадастии ҳувайдо ва накӯҳиши саҳмгини хушкдастӣ ва хисосат, равшан аст. Афзӯн бар маорифи илоҳӣ, бухл ва бухлварзон дар фарҳанги умумии мардум низ иқболе надоранд ва ҳамаҷо тири тунди наҳи ва мазамматро ба ҷон харидаанд. Адабиёти мо низ лабрез аз достонҳо, зарбулмасалҳо ва шеърҳое аст, ки ҷамоати моландӯз ва тангчашмро андарз дода, рафторашонро нақд карда ва ҳатто ҷоҳое табъи нописандашонро ба тамасхур гирифтааст. Дар ин ду сафҳа, шуморо ба чанд ривоят ва ҳикоят дар аҳволи бахилон меҳмон мекунем:

 

 Коса ва кӯза

Имом Алӣ(а): ‏ «Бахил осоиш нахоҳад дошт.» (Туҳафулуқул, саҳ.450)

Бахиле назди кӯзагаре рафт ва аз ӯ хост косае ва кӯзае бисозад. Кӯзагар гуфт: Бар он ду чӣ бинависам? Бахил гуфт: Бар рӯйи кӯза ҳак кун (битарош) «Фаман‏ шариба‏ минҳу‏ фалайса минни; Ҳарки аз он биёшомад, аз ман нест.» (Бақара, ояти.249) ва бар рӯйи коса низ бинавис «Ва ман‏ лам‏ ятъамҳу‏ фаҳува минни‏; Ҳарки аз он нахурад, аз ман аст.» (Бақара, ояти.249).

 

 Дуои бахил

Имом Алӣ(а) «Тааҷҷуб мекунам аз одами бахил, ки гирифтори фақре аст, ки аз он фарор мекунад ва аз ғино ва бениёзӣ дӯр аст. Ӯ дар дунё ҳамонанди фуқаро зиндагӣ мекунад ва дар охират аз ӯ ҳамонанди сарватмандон ҳисоб мекашанд.» (Назҳатуннозир ва танбиҳулхотир, саҳ.54)

Гӯянд бахиле нимашаб дуо мекард ва мегуфт: Илоҳӣ! имшаб маро фулон миқдор нақд бидеҳ ва фардо биситон! занаш, ки муноҷоти ӯро мешунид, гуфт: ин дигар чӣ дуое бошад?! пуле, ки имшаб Худо диҳад ва фардо бозгирад, чӣ гиреҳе гушояд? Бахил гуфт: бигузор ӯ бидиҳд, магар бо ҷонам биситонад!

 

Нигаҳбон  

Имом Алӣ(а) «Бахил, нигаҳбони [моли худ] барои варасаи хеш аст.» (Ғурарулҳикам ва дурарулкалим, саҳ.34)

Ба ғуломе гуфтанд арбобат ба ту либос намедиҳад, ки бипушӣ? Ғулом гуфт: Ба Худо савганд, ки агар тамоми хонааш пур аз сӯзан бошад ва ҳазрати Яъқуб(а) тамоми паёмбарон ва малоикаро ба шаҳодат биоварад, ки як сӯзан аз ӯ бигирад то пироҳани Юсуфро, ки аз пушти сар пора шудааст, бидузад, нахоҳад дод, чигуна либос ба ман бидиҳад?!

 Бар сари забон ё дар миёни ҷон

Имом Козим(а) «Гирифтор омадан ба фақр ва ё доштани умри тӯлониро ба худ, талқин накунед; Зеро касе, ки ба худ, фақрро талқин кунад, бахил мешавад ва касе, ки ба худ, тӯли умр талқин кунад, дучори ҳирс мегардад.» (Туҳафулуқул, саҳ.410)

Тавонгари бхилро писари ранҷур (бемор) буд. Некхоҳон гуфтандаш: Маслиҳат он аст, ки хатми Қуръон кунӣ аз баҳри вай ё базли қурбонӣ. Тавонгар ба андеша фурӯ рафт ва гуфт: Қуръони мҳҷур (ғариб) авлотар аст, ки рамаи дӯр. Соҳибдиле бишунид ва гуфт: Хатмаш ба ин далел интихоб кард, ки Қуръон, бар сари забон аст ва зар дар миёни ҷон. (Гулистони Саъдӣ, боби 6, ҳикояти 7).

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.