Фикр мекуни кӣ ҳасти? (2)

55

2- Такаббур муқобили Пайғамбар: Дувумин навъи такаббур, муқобили паёмбари Худо шакл мегирад. Иттифоқан ҳамин такаббури навъи дувум буд, ки боис шуд рисолати бисёре аз паёмбарони илоҳӣ натиҷаи матлубро надошта бошад. Бештари паёмбарони Худованд аз афроди фақир ва миёнаи ҷомеа буданд ва ба ҳамин далел сарватмандон худро бартар аз онҳо медонистанд. Ояти 47-и сураи муъмнун ба ҳамин мавзӯъ ишора мекунад. Онҳое, ки ба Мӯсо ва Ҳорун(а) имон намеоварданд, мегуфтанд: «Оё мо ба ду инсон, ки ҳамонанди худамон ҳастанд, имон биоварем?» Қавми Нӯҳ(а) ҳам бо ҳамин тавҷеҳ аз имон сарпечӣ мекарданд. Дар Қуръони Карим чунин омадааст: «Қавми Нӯҳ ба якдигар мегуфтанд агар аз башаре, ки ҳамонанди худатон аст, итоат кунед, ба яқин зиёнкоред». Такаббур нисбат ба паёмбарон монеъ аз имон овардан аст. Ҳамон тавр, ки куффори қурайш дар баробари Паёмбари Ислом такаббур карданд. Гурӯҳе аз онҳо паёмбарии эшонро қабул доштанд. Вале ба хотири такаббурашон наметавонистанд ба он иқрор кунанд. Афроди дигар ҳам ба далели такаббури беш аз андоза, паёмбарии эшонро аз поя ва асос инкор карданд!

 

 Такаббури навъи севум

Ин навъ дар ҷомеа имрӯзӣ, намуди бештаре дорад. Як муваффақият содда, миқдоре сарват ё каме шӯҳрат кофӣ аст, ки халқи Аллоҳро поин тар аз худамон бибинем. Устод ҳусайн ансорён дарбора ин навъ такаббур мегӯяд: «Такаббур ба халқи Худо низ монанди такаббур ба Парвардгор, ҳалок кунанда аст. Ба ҳар ҳол касе, ки худро аз мардум бартар медонад, ба мурури замон дар баробари Худованд низ мағрур мешавад».

Марҳуми Мулломуҳсини Файзи Кошонӣ, авомили эҷоди такаббурро дар чанд чиз баён кардааст: «Аввалин омили эҷоди такаббур, илм аст. Имом боқир(а) дар бораи уфти илм фармудаанд: «Офати бузурги илм такаббур аст». Дувумин омили такаббур ва худбартарбинӣ, аъмоли нек аст. Таърих собит карда, ки бархе аз обидон, ба василаи такаббур суқут кардаанд. Сарват низ метавонад омили худбузургбинӣ ва ҳақир донистани мардум бошад. Гурӯҳе низ ба насаб ва шаҷараи худ фахр мефурӯшанд, дар ҳоле, ки Ислом ҳамаи ин маворидро рад мекунад. Нақл шуда, ки рӯзе Абузар(рз) дар ҳузури Паёмбари Акрам (с) ба касе гуфт: «Эй фарзанди зани сиёҳ!». Паёмбари Акрам(с) фармуд: «Абузар! ором бош касе, ки модараш сафед аст, бар касе, ки модараш сиёҳпӯст аст, ҳеҷ бартарӣ надорад». Абузр мутаваҷҷеҳи иштибоҳи худ шуд. Барои ҷуброн, рӯйи замин дароз кашид ва ба он мард гуфт: «Бархез ва поиятро бар рӯйи ман бигузор!» Худованд дар Қуръон фармуда, ки бо тақвотарини шумо, бартарин бандаи ман аст». Албатта мавориди дигаре ҳам дар эҷоди такаббур муассир аст, мисли зебоӣ ва зӯри бозу. Иттифоқан Қуръон мефармояд, ки қавми Од ба далели такаббур нобуд шуданд. Дар ояти 15-и сураи Фуссилат мехонем: «Қавми Од рӯйи замин ба ноҳақ такаббур варзиданд ва гуфтанд чӣ касе аз мо нерумандтар аст?». Гоҳе ҳам зиёдии ҳамроҳон ва атрофиён боиси эҷоди такаббур мешавад. Нақл аст, ки Набии Акрам (с) рӯзе ба сӯи Бақеъ мерафт ва асҳоб ҳам ба думболи эшон ҳаракат мекарданд. Ногаҳон ҳазрат истод ва ба атрофён дастур дод, ки ҷилавтар ҳаракат кунанд. Далели ин рафторро аз ҳазрат пурсиданд, фармуд: «Садои кафшҳои шуморо шунидам, тарсидам, ки дар рӯҳам такаббур эҷод шавад; Беҳтар аст шумо ҷилавтар ҳаракат кунед».

 

Ба чӣ менози?

Такаббур шохаҳое ҳам дорад; Мисли худбинӣ, худписандӣ, худ хоҳӣ, худ бартарбинӣ ва худ меҳварӣ. Оятуллоҳ макорми Шерозӣ дар ин бора мегӯяд: «Оғози такаббур ин аст, ки инсон фақат худашро мебинад, бартариҳояшро дар назар мегирад ва эҳсос мекунад аз атрофёнаш болотар аст. Баъд мегӯяд: «Ҳол, ки аз ҳама бартар ва болотрам, бояд меҳвар бошам ва ҳама даври ман бичарханд». Инро худ меҳварӣ мегӯянд. Чунин сифате сабаб мешавад, ки фард барои худаш дар ҷомеа, бартарин ва болотарин мақомро қоил шавад ва дигаронро банда ва убайди худаш бихоҳад». Мулло Аҳмади Нароқӣ ҳам дар ин бора мегӯяд: «Такаббур мумкин аст дар дил бошад ва дар гуфтор ва кирдор низ зоҳир шавад; Дигар онки ба забон наёяд аммо дар кирдор маълум бошад; Ин аз мартабаи аввал хафифтар аст. Мартабаи севвум вақте аст, ки кибр дар дил мустақар бошад ва фард натавонад худро аз ин айб холӣ кунад, бо ин ҳол саъй мекунад то дар рафтор ва гуфтор, такаббур накунад. Дар чунин вазъе гуноҳи ӯ бисёр камтар аст ва чӣ басо ҳамин талошу кишиш дар дафъи такаббур, мунҷар ба рафъи комили он шавад».

 

  Тавозӯъ; Роҳи дармон

Вате сухан аз такаббур ба миён меояд, нохудогоҳ сӯҳбат аз тавозӯъ ва фурӯтанӣ ҳам мешавад. Тавозӯъ дақиқан нуқтамуқобили такаббур аст. Дар Меъроҷусаодат омада: «Тавозӯъ он аст, ки инсон худро аз касоне, ки дар ҷоҳуа мақом аз ӯ поин таранд, бартар надонад ва низ ба маънои шикаста нафасе ва афтодаги омадааст, ки одаме худро аз дигарон болотар набинад ва дар воқеъ яке аз роҳҳои дармони такаббур ҳам ҳисоб мешавад». Аз ҳазрати Алӣ(а) дар Ғурарулҳикам нақл шудааст: «Ба василаи тавозӯъ бо такаббур муқобила кунед» .Худо дар оя 63-и сураи Фурқон ҳам хислати бандагони хоссашро ин чунин баён мекунад: «Бандагони хосси Худованди Раҳмон касонеанд, ки бо оромиш ва бетакаббур бар замин роҳ мераванд». Оятуллоҳ макорми Шерозӣ дар тафсири ин оя дар китоби Ахлоқ дар Қуръон мегӯяд: «Ногуфта пайдост, ки манзур аз «Касоне ҳастанд, ки бо оромӣ ва бе такаббур дар руйи замин роҳ мераванд» ин нест, ки фақат роҳ рафтани онҳо мутавозеъона аст балки манзур нафи ҳар гуна кибру худхоҳӣ аст, ки дар тамоми аъмоли инсон ва ҳатто дар кайфияти роҳ рафтан, ки соддатарин кор аст, ошкор мешавад зеро малакоти ахлоқӣ ҳамеша худро дар байни гуфтор ва ҳаракоти инсон нишон медиҳанд то онҷо, ки дар бисёре вақтҳо аз чигунагии роҳрафтани инсон метавон ба бисёре аз сифоти ахлоқии ӯ пай бурд».

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.