Анвои кибр

145

Анвои кибр

Бидон ки, такаббур ба се қисм аст:

Аввал онки: такаббур бар Худо кунад, ҳамчунон, ки Намруд ва фиръавн карданд. Ва ин бадтарин навъи такаббур, балки бузургтарин афроди куфр аст. Ва сабаби ин, ҷаҳлу нодонӣ ва туғёну саркашӣ аст ва ба ин қисм Худои таоло ишора фармуда, кӣ:

«Ба дурустӣ, ки касоне, ки такаббур ва гарданкашӣ аз бандагии ман менамоянд, зуд бошад, ки дохили ҷаҳаннам шаванд, дар ҳолате, ки залил ва хор бошанд».[1]

Дувум онки: бар пайғамбарони Худо такаббур кунанд ва худро аз онон болотар донад, ва аз онҳо итоат накунад, мисли «Абуҷаҳл» ва монанди инҳо. Ва онҳо касоне буданд, ки мегуфтанд: «Оё инҳоро худо миннат гузорид ва пайғамбар кард дар миёни мо?» ва мегуфтанд: «Оё мо имон биёварем аз барои ду одами монанди мо?»[2] ва мегуфтанд: «Нестед шумо магар башаре монанди мо»[3] ва ин қисм низ наздики такаббур ба Худо аст.

Севум онки: бар бандагони Худо такаббур намояд, ки худро аз эшон болатар ва онҳоро дар канори худ паст ва ҳақир шуморад. Ва ин қисмат агарчи дар бадӣ аз қисми аввал камтар бошад, аммо ин низ аз мӯҳликоти азима аст. Балки басо бошад, ки мунҷар ба мухолифати Худо шавад. Зеро, ки соҳиби он, гоҳе ҳақро аз касе мешунавад, ки худро аз ӯ болотар медонад ва ба ин ҷиҳат худдорӣ аз қабул ва пайравии он мекунад. Балки чун азамат ва такаббур ва бартарӣ ва таҷабур[4] махсуси зоти поки Худованди Алии Аъло аст пас ҳар бандае, ки такаббур намояд дар ҳақиқат ин банда сифате аз сифоти Худо бо ӯ мунозиа намудааст.[5]

[1] . Ғофир, ояти.60

[2] . Муъминун, ояти.47

[3] . Ёсин, ояти.15

[4] . Меъроҷуссаодат, саҳ, 287

[5] . Ҳамон, саҳ. 287

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.