Зиёнҳои такаббур ва навъҳои он[1]

96

Такаббур сабаби тамоми рафторҳои бад

Далели онки такаббур монеи вуруди инсон ба биҳишт мешавад он аст, ки такаббур  миёни банда ва ахлоқи тамоми муъминон, ки дарҳои вуруд ба биҳишт аст, монеъ мешавад ва такаббур ва азиз донистани нафс тамоми он дарҳоро мебандад, зеро мутакаббир наметавонад барои муъминон дӯст бидорад ончиро барои худ дӯст медорад ва дар ин ҳолат навъе иззат аст. Мутакаббир наметавонад тавозӯъ кунад, ки асли ахлоқи парҳезкорон аст ва дар он иззат аст, ва бар фурӯ хӯрдани хашм, ки дар он иззат аст, қодир нест ва низ қодир бар тарки кина нест, дар ҳоле, ки иззат дар он аст ва наметавонад бар ростгӯӣ мудовимат кунад, ки иззат дар он аст ва бар тарки ҳасад қодир нест ва дар он иззат аст ва наметавонад хашмро раҳо кунад ва дар он иззат аст ва бар хайрандешии дақиқ қодир нест, ки дар он иззат аст ва бар пазириши насиҳат қодир нест, ки дар он иззат аст ва аз таҳқири мардум ва ғайбат кардани онҳо дар амон нест, дар ҳоле, ки иззат дар он аст ва тӯлонӣ кардани сухан мавриде надорад.  Пас инсони мутакаббир барои ҳифзи иззат ва ҷойгоҳи худ аз ҳеҷ кори баде рӯй намегардонад ва барои аз даст нарафтани ғурураш ҳар кори некеро тарк мекунад.».(1)

 Кибр монеи касби ҳасанот

Кибр аз бузургтарин разилаҳо аст ва офати он бисёр, ва шарру фасоди он бешумор аст. Чӣ бисёранд аз бузургон ва авом, ки ба воситаи ин мараз ба ҳалокат расидаанд ва басе бузургони айём, ки ба ин сабаб гирифтори доми шақовату бадбахтӣ гаштаанд. Бузургтарин монее аст одамиро аз расидан ба мартабаи файз, ва бузургтарин пардае аст аз барои инсон аз мушоҳидаи ҷамоли саодот. Зеро, кӣ: ин сифат, монеъ мегардад аз касби ахлоқи ҳасана. Чун ба воситаи ин сифат, одамӣ бар худ бузургӣ мебинад, ки ӯро аз тавозӯъ ва ҳилм, ва қабули насиҳат, ва тарки ҳасад ва ғайбат ва монанди инҳо манъ мекунад. Балки хулқи баде нест, магар инки соҳиби такаббур мӯҳтоҷ ба он аст ба ҷиҳати муҳофизати иззат ва бузургии худ ва ҳеҷ сифати неке нест, магар инки аз он оҷиз аст, ба сабаби бими фавти бартарии худ ва аз ин ҷиҳат оёт ва ахбор дар мазаммат ва инкор бар он бисёр аст. (2)

 Ҳақиршумурдани дигарон

Кибр боиси ҳақир шумурдани дигарӣ ва бартарӣ бар он гардад, монанди: музоиқа додан аз ҳамнишинӣ бо ӯ, ё ҳамхӯрокӣ бо ӯ, ё имтиноъ дар паҳлунишастан бо ӯ, ё рафоқати ӯ, ва интизори салом кардан ва таваққӯи истодани ӯ, ва пеш афтодан аз ӯ дар роҳрафтан, ва зуддтар аз ӯ нишастан, ва бетаваҷҷуҳӣ бо ӯ дар сухан гуфтан, ва паст задани ӯ дар ҳангоми сухан гуфтан, ва панду мавъизаи ӯро беарзиш донистан, ва монанди инҳо.

Ва аз ҷумла осори кибр хиромон ва доманкашон роҳ рафтан ва баъзе аз ин афъол гоҳе аз ҳасад ва кина ва риё нисбат ба баъзе ба вуҷуд меояд, агарчи одамӣ худро аз ӯ болотарҳам надонад. (3)

 Пайравӣ аз бузургони мутакаббир

Ҳон битарсед! битарсед аз пайравии бузургонатон, ки ба гавҳари худ нозиданд ва нажоди хешро бартар диданд ва нисбати он айбро бар парвардтгори худ писандиданд ва бар неъмати Худо дар ҳаққи хеш инкор варзиданд, дар баробари қазои ӯ ҷангиданд бар неъматҳои ӯ   шӯриш кардан. Пас онон пояҳои асабият ҳастанд ва сутунҳои фитна ва шамшерҳои фахри ҷоҳилият. (4)

 Кибр, гуноҳи нобахшуданӣ

Ҳукамо гуфтаанд: «Маъсияте, ки ба такаббур ва нахват бошад, дар ӯ ба ғайри азоб ва хорӣ нест ва бинобарин чун маъсияти одам ба шаҳват буд, мавриди маъфират қарор гирифт ва Худованд ӯро интихоб кард ва маъсияти Иблис чун аз кибр ва нихват буд, малъун шуд дар имтиҳон қабул нашуд. Одамро аз хурдани меваи дарахт наҳи карданд, вале аз он  хурд ва дар мақоми узр «Раббано заламно» «Худоё мо ба худ зулм кардем» гуфт ва аз рӯи тавозӯъ, ба гуноҳи худ эътироф овард ва Иблис мухолифати амр кард ва одамро ба фармони илоҳӣ саҷда накард. (5)

 Пастӣ ва хорӣ назди мардум

«Амрубни Шайба» гӯяд: «дар Макка миёни сафо ва марва будам. Пас мардеро савор бар астаре дидам, ки дар баробараш ғуломоне буданд ва мардумро дӯр мекарданд. Гуфт: Пас аз муддате баргашта ва вориди Бағдод шудам. Рӯзе канори пул будам, ки марде бо мӯйи баланд ва сару пои бараҳна дидам ва дар ӯ меандешидам. Пас ба ман гуфт: Туро чӣ шуда, ки ба ман менигарӣ? Ба ӯ гуфтам: Туро шабеҳи марде ёфтам, ки ӯро дар Макка бо ин авсоф дидам. Гуфт: ман ҳамонам. Гуфтам: Худо бо ту чӣ кард? Гуфт: Ман дар ҷое, ки мардум тавозӯъ мекунанд, баланд парвозӣ кардам, пас Худо дар ҷое, ки мардум баланд парвозӣ мекунанд маро хор сохт». (6)

Пайнавишт:

1- Роҳи равшан, саҳ. 325.

2- Меъроҷусаодат, саҳ. 284.

3- ҳамон, саҳ. 283.

4- Наҳҷулбалоға, хутбаи 192, саҳ. 213.

5- Янбууласрор, саҳ. 158.

6- Роҳи равшан, саҳ. 322.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.