Илал ва ангезаҳои ҷудоӣ ва роҳҳои бархурд бо онҳо [1]

69

Ҳамдигарфаҳмӣ ва созиш

Ба назари бархе тафоҳум ва созиш дар як мафҳум иборат аст аз нуқоти муштараке, ки як завҷ метавонанд дар зиндагии заношуии худ эҷод намоянд аммо мо барои ин ду калима ду мафҳуми мутамоиз аз ҳам қоил шудаем то битавонем дақиқтар ба ин муҳим бипардозем

Тафоҳум: иборат аст аз нуқоти муштараки фикрӣ байни ду нафар яъне он саре хусусиёти ахлоқие, ки худбахуд ва бидуни кӯчактарин ҳамоҳангӣ дар ду нафар муштарак аст. Мисли инки ду нафар аз як ранг ё як навъ ғизо ё як фасл ё як мудел либос ва ғ.. хушшон омада ва бо якдигар иттифоқи назар доранд.

Созиш: иборат аст аз нуқоти муштараке, ки ду нафар пас аз ошноӣ бо ҳам ва ба далели эҷоди алоқа саъй менамоянд худ дархуд ё дигарӣ ба вуҷуд оваранд. Дар созиш ҳар як аз тарафайн саъй менамояд дар ҷиҳати бароварда намудани хост ва ризои тарафи муқобил хости худро муътаъдил ва кам кунад.

Гоҳе ин таъдили (кам кардани) хостаҳо яктарафа сурат гирифта ва гоҳе низ дутарафа аст. Чунончи дар иртибототи иҷтимоӣ ва зиндагии заношуӣ ин таъдил яктарафа иттифоқ афтад дар аксари маворид муваффақиятомез набуда ва пас аз муддате тарафи таъдил кунанда хаста ва ниҳоятан ноумед хоҳад шуд ва чунончи таъдил ва созиш дутарафа бошад рӯз ба рӯз бештар шуда ва баъд аз муддате ба тафоҳум хоҳад анчомид. Дар зер ба баъзе аз мавориде, ки боиси аз байн рафтан ё камранг шудани тафоҳум ё созиш мешаванд хоҳем пардохт

 

  Бархе далоили набуди ҳамдигарфаҳмӣ ва созиш

  Адами шинохт

Аз мавориди муассир дар бурузи ихтилоф, надоштани шинохти ду тараф аз якдигар буда, ки ба ду даста тақсим мешавад:

А) Набуди шинохти ҳар як аз тарафайн аз фалсафи вуҷудии издивоҷ: бадин маъно, ки баъзе фақат ба ин хотир издивоҷ мекунанд, ки падар ва модари онҳо издивоҷ кардаанд. Ё кам-кам синашон барои издивоҷ боло меравад ё чун фулон дӯст ё хешутабор издивоҷ карда издивоҷ мекунанд ё тарс аз фикри мардум дар бораи онҳо ва ҳазорҳо далели ғайри мантиқии дигар аз ин қабил.

 

Б) Адами шинохти ҳар як аз тарафайн аз якдигар: ин шинохт аз чанд тариқ ба даст меояд.

Шинохт тавассути таҳқиқ: Ду чизи бисёр муҳим дар амри таҳқиқ иборатанд аз: чӣ касе таҳқиқ мекунад ва аз чӣ касе таҳқиқ мешавад.

Шинохте, ки муаррифӣ кунандаи шахс аз ӯ ба даст меорад.

 

Бардоштҳои бисёр кӯтоҳмуддат ва шояд эҳсосии мо аз шахси муқобил.

Шинохти таъсир гирифта аз бардоштҳои атрофиён.

Рафтуомадҳои хеле кӯтоҳ ва намоишӣ.

Нуктаи муҳимми қобили таваҷҷуҳ дар ин хусус он аст, ки ҳар чӣ қадар шинохти мо нисбат ба шахси кондид шуда барои издивоҷ комилтар бошад имкони ба вуҷуд омадани ихтилоф камтар хоҳад буд. Бо тавзеҳи инки шинохти мо ҳар чиқадар усулӣ ва бар асоси меъёрҳои мантиқӣ бошад боз ҳам комил нахоҳад буд ва усулан то зан ва мард зери як сақф (бом) зиндагӣ нанамоянд шинохти онҳо аз якдигар комил намешавад. Албатта лозим ба зикр аст, ки дар ин маврид ҳам боз шинохт комил нахоҳад буд чаро ки инсон ба далели тағйироти замонӣ ва маконӣ тағйир хоҳад намуд

  Дахолати хонаводаҳо

Дахолати хонаводаҳо ба ду далел мумкин аст

А) Дахолати мустақими худи хонаводаҳо.

Б) Дахолати хонаводаҳо ба далели муроҷиаи зиёди фарзандон ба онҳо.

Дахолати мустақими худи хонаводаҳо: мутаассифона дар бештари вақтҳо хонаводаи ду тараф худро муҳиқи дахолати мустақим дар зиндагии фарзандашон медонанд ва ҳамин амр боис мешавад ба мурури замон ихтилофоти зан ва шавҳар бештар шуда ва доманаи ин ихтилофот дар зиндагии дигар афроди хонаводаи сабабии ҳар як аз тарафайн низ таъсир бигузорад. Албатта ин бадин маъно нест, ки мутлақан набояд дар зиндагии фарзандони худ дахолат нанамоем.

Баъзе аз далоиле, ки боис мешавад дахолати хонаводаҳо натанҳо ихтилофотро кам нанамуда балки ба он доман занад иборатанд аз:

Дахолати беҷо

Дахолати бемавқеъ

Дахолат аз рӯи эҳсос: чаро, ки маъмулан ҳар хонавода ба далели эҳсосоте, ки нисбат ба фарзанди худ дорад ҳаққро ба вай дода ва чӣ басо ҳамин ҳақдоданҳои беҷо ва бемаврид таҳаммули зиндагиро аз лиҳози равонӣ барои фарзанди онҳо душвор ва ё ғайри мумкин хоҳад сохт

Дахолатҳои бемаврид ва беҷои хонаводаҳо дар аксари мавқеъ боис мешавад то дар назари ҳамсари фарзанди худ беҳурмат шуда ва дар мавориди ҳодтар ин беҳурматӣ ва беэҳтиромӣ аз ҳитаи тафаккур гузашта ва худро дар гуфтор ва рафтори вай низ нишон диҳад.

Баъзе аз мавориде, ки боис мешавад дахолати хонаводаҳо ихтилофи зану шавҳарро кам намуда ё аз байн бибарад ибортанд аз: лозим аст хонаводаҳо диққат намоянд дар зиндагии фарзанди худ назорат намоянд на дахолат. То онҷо, ки имкон дорад саъй намоем ҳурматшиканӣ нашуда то ҳадди имкон ба гунае амал намоем, ки ҳамсари фарзандамон ба инсоф ва адолати мо имон оварад. Саъй кунем баҷои қазоват кардан, роҳнамо бошем ва саъй намоем зиндагиро аз даричаи диди онҳо нигоҳ кунем.

То онҷо, ки имкон дорад аз эҳсосот дӯрӣ намуда ва аз пешдоварӣ ҳатман худдорӣ намоем.

Саъй дар решаёбии мушкилот ва ҳали онҳо дошта бошем. Ёдамон наравад, ки бидуни решаёбӣ ва аз байн бурдани далоили аслии ихтилоф, фарзанди худ ва ҳамсарашро ба зиндагӣ даъват нанамоем, ки натанҳо ба онҳо кумак нанамудаем, ки бо мурури замон шояд дигар натавон мушкили онҳоро ҳал намуд.

Пешниҳоди мо ба шумо ин аст, ки ба мутахассисини хонавода муроҷиа намуда ва дар умури зиндагии фарзанди худ то онҷо, ки имкон дорад ворид нашавед магар бо риояти сад дар садии нукоти боло.

Б) Дахолти хонаводаҳо ба далели муроҷиоти мукаррари фарзандон ба онҳо

Дар баъзе аз маворид мутаассифона зан ё шавҳар кӯчактарин ихтилофоти худро бо хонаводаи падарӣ матраҳ менамоянд ҳамин амр боиси бурузи ҳаддиақал яке аз мавориди зер хоҳад шуд

А- Иҷоза ба дигарон медиҳем то дар мавриди ҳамсар ва зиндагии мо изҳори назар намоянд албатта дар аксари маворид изҳори назарҳо созанда ва дур аз эҳсос ва беғараз нахоҳад буд.

– Бе ҳурмат кардани ҳамсари худ назди хонаводаи падарӣ.

– Аз байн бурдани эҳтироми дуҷониба байни хонавода ва ҳамсарамон.

– Набуди тасмимгирии саҳеҳ ва усулӣ ба далили изҳори назарҳои мухталиф.

Пешниҳоди мо ба шумо инаст то онҷо, ки имкон дорад мушкилотро бо ҳамсаратон ҳал намоед ва дар сурате, ки имкони ҳали мушкил бо ҳамсарамон вуҷуд надорад ба мушовирин ва мутахассисини марбута муроҷиа намуда ва ҳатталимкон доманаи ихтилофро ба хонаводаи падари худ накашонем.

 

Таваҷҷуҳ

Ҳолати дигаре, ки қобили фарз буда ва мутаассфона дар байни хонуводаҳо ҳам бисёр дида мешавад ҳузури равонии хонаводаи тарафайн дар зиндагӣ аст бидуни онки хонавода кӯчактарин дахолате намуда ва ё ҳатто иттилоъ дошта бошад ва ин замоне иттифоқ меафтад, ки тарафайн бо бурузи кӯчактарин ихтилофе шурӯъ ба но сазогӯӣ ба хонаводаи ҳамсари худ намуда ва табиатан вай низ бекор нанишаста ва ба хонаводаи мо иҳонат хоҳад намуд ва ба мурури замон кор ба ҷое хоҳад расид, ки дигар ҳеҷ ихтилофе байни тарафайн вуҷуд надорад магар хонаводаи ҳар як аз онҳо.

Пешниҳоди мо ба шумо ин аст, ки агар хоҳони эҳтиром нисбат ба хонаводаи худ аз ҷониби ҳамсарамон ҳастем лозим аст ниҳояти эҳтиромро барои хонаводаи вай қоил буда ва ҳатталимкон ба худ иҷозаи беэҳтиромӣ ба хонаводаи ҳамсарамонро надиҳем.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.