Ҳасад ва дармони он аз дидгоҳи равоншиносӣ[2]

45

Ҳасад ва дармони он аз дидгоҳи равоншиносӣ[2]

Достонҳое аз як равоншинос

Рафтори золимонаи муҳит, аз ин кӯдакони маъсум, шахсиятҳои бадбину ҳасуд ва кинатуз ва дур аз ишқу хислатҳои неки инсонӣ месозад ва робитаи онҳоро бо ҷомеа дар бунбасти хатарнок қарор медиҳад.

Аксари афроди ҷомеа, хусусан онҳое, ки бо диди мантиқӣ ба масоили иҷтимоӣ менигаранд, ҳеҷ гоҳ дар қазоват нисбат ба як фард, фақат ба ин, ки ӯ дар куҷо зода шуда ё падару модараш чӣ касоне ҳастанд, фикр намекунанд, балки ончи дар назари эшон муассир аст, ин аст, ки бидонанд чӣ коре аз ӯ сохтааст ва то чӣ андоза ба тааҳҳудот ва мсъулиятҳои иҷтимоии хеш огоҳ аст. Дар баёни возеҳ тар, агар шахс бо рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкорӣ ва хидматгузорӣ бо мардум рӯбарӯ шавад, хеле зуд мефаҳмад, ки онон низ ба рӯи ӯ лабханди дӯстӣ мезананд ва дунё ва сарнавишт бар мадор лутфу мудоро мегарданд. Ҳарчанд ин насиҳати пурмағз ва гаронбаҳо аст, лекин бисёранд касоне, ки ба сабаби муҳити номусоид ва таҷрибаҳои талхи даврони кӯдакӣ, омодагии пазириш ва амал кардан ба онро надоранд; Зеро қодир нестанд худро аз чанголи бадбинӣ ва эҳсоси ҳақорате, ки дар дарунашон хона сохта раҳо созанд.

Дар ин ҷо бемуносибат нест, барои мисол, достони мардеро зикр кунем, ки то чиҳилсолагӣ муваффақ ба ёфтани шуғли муносиб ва дилхоҳи худ нашуда буд. Дар равонковие, ки аз вай ба амал омад, маълум шуд, ки мушкили асосии ӯ аз нигаронӣ ва тарси дарунӣ сарчашма мегирад; Ба тавре, ки бино ба изҳори худаш дар мулоқотҳои хусусӣ ва ҷаласоти мусоҳиба бо мудирони муассисот, ҳамеша дучори лукнати забон мешавад, контроли худро аз даст медиҳад ва рабти байни матолиб ва посухи саволҳоро аз ёд мебарад.

Вай қодир набуд дар бораи иллати бурузи ин ҳолатҳо ҳеҷ гуна тавзеҳе бидиҳад, ликин бо ковиш ва таҳлили дақиқи гузаштаи зиндагии ӯ, ҳамаи масоил равшан гардид ва маълум шуд, ки ин заъф ва тазалзул, нашъатгирифта аз эҳсоси ҳақорати шадиде аст, ки аз солҳои нахустини кӯдакии вай шакл гирифтааст.

Ӯ охирин тифле будааст, ки дар як хонавода бузург ва пурфарзанд, дида ба дунё гушӯдааст. Таваллуди ӯ бар хилофи майли қалбии модару падараш будааст. Борҳо аз волидайнаш шунида буд, ки пайдоиши ӯ нохоста буд ва ӯ дар ҳақиқат, меҳмоне аст, ки нохонда ва худсарона барои онҳо омадааст.

Дар муҳити хона, касе ба таълим ва тарбияти вай алоқа нишон намедод. Хоҳарон ва бародаронаш борҳо дар ҳузури ӯ мавриди тамҷид ва ташвиқ қарор мегирифтанд, лекин ӯ ҳеҷ гоҳ лаззати ташвиқу таҳсинро начашид. Хушунатҳо ва сарзанишҳо бар лавҳи замираш нақш баста буданд ва ҷумалотеро, ки дар ин замина борҳо аз модар ва падар ва дигарон шунида буд, хуб ба хотир меовард. Ҷумлаҳои аз ин қабил:«ту ҳеҷ коре аз дастат сохта нест. Маълум нест билохира мехоҳи дар зиндагӣ чӣ кора шавӣ. Фикр мекуни кадом бадбахт ҳозир шавад ба ту коре бидиҳад».

Ӯ хеле зуд бо эҳсоси кӯдаконаи худ дарёфт, ки касе ӯро дӯст надорад ва ҳама аз вай безор ва мутанаффиранд. Вақте яқин кард, ки дигарон ба шоистагиаш эътиқод надоранд, ӯ низ якбора вуҷудаш аз имон ва эътимод ба хеш туҳӣ шуд ва дар яъсу ҳақорат сарнагун гардид.

Ин достони ғамангези тамоми кӯдаконе аст, ки ин тавр қурбонии нафрат ва безории хонавода мешаванд. Инон аз оғоз бо талқини золимонаи муҳит, пазируфтаанд, ки мавҷуди беҳосил ва сарборанд ва дар зиндагӣ ҳаққе барои онон нест.

Эҳсоси ноамнӣ ва ҳақорате, ки аз овони зиндагӣ дар даруни тифли нохонда ва ронда шуда эҷод мешавад, дар давраи рушд шиддат меёбад; То ҷое, ки умедворӣ, эътимод ба нафс ва рӯҳи тафоҳум ва дӯстиро дар ӯ аз байн бурда, садди роҳи пешрафт ва муваффақияти вай мегардад. (1)

Бозгашти чунин фарде ба зиндагии солим ва самарабахш, дар гарави бозофаринии шахсият ва сифоти комиле аст, ки битавонад дӯстӣ ва эҳтироми дигаронро ба сӯи ӯ ҷалб кунад ва мутақобилан эътиқод ва эътимоди вайро ба шоистагии хеш афзоиш ва истеҳком бахшад. Ў бояд ба ин воқеият имон оварад, ки агар дар кӯдакӣ аз ишқ ва мулотифат бенасиб мондааст, метавонад бо гузашт ва хештандорӣ, шуҷоат, кӯшиш ва истиқомат, дар бузургӣ чунон гардад, ки ҳама дар вай ба дидаи таҳсин ва ситоиш бингаранд ва дасти дӯстӣ ба ҷонибаш дароз кунанд.

 Роҳи наҷот аз ҳасодат

Ҳеҷ вақт барои ҷуброни кина ва нафрат дер нест. Подоши ишқварзӣ ва хидматгузорӣ ба инсонҳо хеле зуд мерасад ва он дарки лаззати дӯстии дигарон аст, бинобарин вуҷуди ӯ барои дигарон судманд ва зарурӣ мегардад. Ба гуфтаи яке аз хирадмандон: аз қайди ман раҳо шав то худро дар вуҷуди дигарон бозёбӣ. Барои онки битавонем бо эҳсоси ҳақорати худ ба созиши мантиқӣ бирасем ё онро аз вуҷуди хеш биронем, лозим аст дар бораи он шинохти кофӣ пайдо кунем. Ба ин манзур, бояд ба худ биандешем ва аҳдоф ва орзуи зиндагии хешро бо садоқат таҳлил ва арзёбӣ намоем. Ҳаргоҳ чигунагӣ ва моҳияти ҳадаферо, ки афкор ва авотифи мо дар ҷиҳати расидан ба он низом ёфтаанд, ба дурустӣ бишносем, аз ин роҳ хоҳем тавонист ба шиносоии нуқоти заъф ва ҳақоратҳои дарунии хеш муваффақ гардем; Чаро, ки ҳадафҳои зиндагии мо нишонае аз инъикосоти зеҳнӣ ва орузуҳои даруни мо мебошанд. Ҳадафе, ки дар зиндагӣ ба он чашм духтаем чигуна аст? Оё расидан ба он ғайримумкин аст? Оё ҳаваси гузаро ва бефоидааст ё ҳадафи мусбат ва созанда? Оё натиҷаи он, барои ҷомеа низ суде дорад ё танҳо комёбии фардӣ муҳаррики он будааст? Ва билохира, оё метавонем ҳадафи бартар аз он муносиби истеъдод ва зарфияти хеш биёбем?

Вақте инсон дар интихоби ҳадафҳои зиндагии худ андешаҳои хом ва беҳосил мепазирад ё саъй мекунад ба корҳои ношуданӣ машғул шавад ва ё тамоми хоҳишу талошаш расидан ба хостаҳо ва манофеи шахсиаш аст, маънояш ин аст, ки роҳи гурези худро дар шикаст ва навмедӣ меҷӯяд; Чаро, ки эҳсоси ҳақорат ва тарс аз қабули тааҳҳуд ва мсъулият аст, ки моро аз интихоби ҳадафҳое, ки сабаби эҷоди робитаи мантиқӣ бо ҷомеа ва талоши муштарак ва дастаҷамъӣ аст, барҳазар медорад.

Пас он ҷо, ки ҳадафҳо бесаранҷом мемонанд ва талошҳо дар беҳудагӣ поён мегиранд, заъф ва ҳақорат пирӯз мешаванд. Мо эҳсос мекунем ё ба мафҳуми дурусттар, дӯст дорем эҳсос кунем, ки шикаст сарнавишти муқаддари мо аст ва ҷангидан бо ончи муқаддар шуда, бефоидааст. Ин андеша моро дар пазириши шикаст ва таслим дар баробари инҳитот ва ҳақорат, ҷуръат ва тасаллӣ мебахшад.

Аммо бар акс, талош ва пайкор ба хотири таҳаққуқи ҳадафҳои олии инсонӣ, ҳаргиз шикаст ва дилсрдӣ дар пай нахоҳад дошт; Зеро дар ин раҳгузар шарти муваффақият, танҳо вусул ба ҳадаф нест, балки дарк ва иҳрози он фазоил ва арзишҳои маънавӣ аст, ки фардро ба ҷиду ҷаҳд бар меангезад. Ва боло рафтани шахсияти фард, худ болотарин подош ва тавфиқе аст, ки бар асари ин кӯшиш насибаш мегардад.

Дар талоше, ки ба думболи ҳадафҳои бе ҳосил ва хостаҳои фардӣ сурат мегирад, эҳсоси беҳудагӣ ва хлаъ дар нуқтаи поён, моро ба вартаи яъс ва бадбинӣ ва табоҳӣ мекашонад; То ҷое, ки саломати ҷисм ва равон моро дучори мухотираи ҳатмӣ месозад. Дар ҳақиқат, вуҷуди мо он гоҳ аз банди эҳсоси ҳақорат раҳо хоҳад шуд, ки бо даруннигарӣ ва шиносоии аҳволи худ, битавонем замири худро аз олудагии худхоҳиҳо ва уқдаҳо пок созем ва дар парвариши авотиф, аз озодандешӣ ва эътиқод ба ишқи мутақобил ва ҳамкории муштараки инсонҳо ёрӣ ҷӯем.

 

Ду омили зиёнбахш дар камини саломати равони мо ҳастанд; Яке худхоҳӣ ва дигаре ҷаҳл ва нодонӣ. Роҳи мубориза бо омили аввал ин аст, ки саъй кунем ҳамаро дӯст бидорем ва бештар ба дигарон биандешем. Дар мавриди омили дувум, бояд талош кунем то ҳарчи бештар биёмӯзем ва бар зарфияти фикр ва огоҳӣ ва дониши хеш биафзоем.

Шак нест, ки ҳаркас аз сифоти мусбат ва истеъдодҳои фитрии хоссе бархурдор аст, ки ӯро дар бисёре ҷиҳот нисбат ба дигарон имтиёз ва бартарӣ мебахшад ва фарде, ки асири ҳақоратҳои дарунии хеш аст, танҳо бо такя бар ин сифот ва истеъдодҳо муваффақ хоҳад шуд, ки шахсияти навини худро бар пояи саҳеҳ бозсозӣ кунад.

Кӯшиш кунем то истеъдоди фитрӣ ва қудрат ва зарфияти хешро дар ҳар поя ва миқёс, ки бошанд, бедор созем ва онҳоро дар маҳв ва саркӯби нотавониҳо ва ҳақоратҳои дарунии хеш бапо дорем ва ҷамъ кунем. Ҳар кас фақат як бор кори мусбат ва муфиде анҷом дода бошад ва ё танҳо як мартаба дар зиндагонии хеш ба муваффақияти чашмгир даст ёфта бошад, шояд ба ин ҳақиқат имон оварад, ки метавонад борҳо ва борҳои дигар ҳам бидурахшад ва бо пирӯзиҳои худ таҳсинҳоро барангезад ва чашмҳоро хира созад.

Пас ниёзе нест, ки нуқоти қуввати дигаронро ёдовар шавем ва бо бетаваҷҷуҳӣ ба арзишҳо ва истеъдодҳои худ, ҳисси ҳақоратро дар худ бипарварем ва ин гуна заминаи разилате ҳамчун ҳасадро дар вуҷуди худ фароҳам созем.

Пайнавиштҳо:

1 – Дар баррасии равоншиносонаи «эҳсоси ҳақорат», аз китоби: Уқдаи ҳақорат, тарҷума ва бозпарозии Парвизи Манучҳриён, истифода шудааст.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.