Ҳушдори Имом Алӣ (а) ба инсонҳои мағрур

123

Ҳушдори Имом Алӣ (а) ба инсонҳои мағрур

Инсонҳои мағрур, ин оят ба инсон дар мавриди мағрур будан дар баробари Парвардгор ҳушдор медиҳад ва мефармояд: Бурҳони гуноҳкорон нодурусттарин бурҳонҳо аст ва узраш аз тавҷеҳи ҳар фиребхӯрандае беасостар ва хушҳолии онҳо аз надоштани огоҳӣ аст.

  Бархурд бо инсонҳои мағрур

Ҳазрати Алӣ(а) дар бахше аз хутбаи 223и китоби шарифи Наҳҷулбалоға ва ба ҳангоми тиловати ояти 6и сураи Анфол, ки ин оя ба инсон дар мавриди мағрур будан дар баробари Парвардигор ҳушдор медиҳад, мефармояд: бурҳони гуноҳкорон нодурусттарин бурҳонҳо аст ва узраш аз тавҷеҳи ҳар фиребхӯрандае беасостар ва хушҳолии онҳо аз надоштани огоҳӣ аст.

Сипас  имом дар идома мефармояд: эй инсон чӣ чиз туро бар гуноҳ ҷуръат додааст? Ва дар баробари Парвардигорат мағрур сохта? Ва бар нобудии худ алоқаманд карда? Оё бемории туро дармоне нест? Ва хобзадагии ту бедорӣ надорад? Чаро онгуна, ки ба дигарон раҳм мекунӣ, ба худ раҳм намекунӣ?

  Инсонҳои мағрур дар назари Имом Алӣ (а)

Сипас имом бо каломи ҳушдордиҳанда ба инсонҳои мағрур идома медиҳад: чӣ басо касеро дар офтоби сӯзон мебинӣ бар ӯ соя меафканӣ ё бемореро менигарӣ, ки сахт нотавон аст, аз рӯйи дилсӯзӣ бар ӯ ашк мерезӣ. Аммо чӣ чиз туро бар бемории худ бетафовут карда? Ва бар мусибатҳои худ шакебо ва аз гиря бар ҳоли хештан боз доштааст? Дар ҳоле, ки ҳеҷ чиз барои ту азизтар аз ҷон нест. Чигуна тарс аз фуруд омадани балои шабҳангом туро бедор накардааст?, ки дар гуноҳ ғӯтавар ва дар панҷаи қаҳри илоҳӣ мубтало шудаӣ? Пас сустии дилро бо истиқомат дармон кун ва хобзадагии чашмонатро бо бедорӣ аз миён бардору итоати Худоро бипазир ва бо ёди Худо унс бигир.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.