Авомили дарунии бадҳиҷобӣ ва беҳиҷобӣ

139

Манзур аз авомили дарунӣ, маҷмӯаи нишонаҳое аст, ки ба вуҷуд овардани ин падида дахолат дошта ва амалкарди афроди як ҷомеа ва системи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҳокими бар он аст. Муҳимтарини онҳо иборат аст аз:

  1. Аз назари инсоншинохтӣ ва равоншинохтӣ инсон мавҷуде аст, ки дорои қудрати ихтиёр мебошад, яъне, ҳам тавоноии интихоби роҳи дуруст ва тай кардани маротиби камоли инсониро дорад ва ҳам тавоноии пайравӣ аз хостаҳо ва ҳавоҳои нафсонӣ ва тай кардани дараҷаҳои суқутро. Қуръони карим дар сураи Инсон ояи 3 мефармояд:

انا هدیناه السبیل اما شاکرا و اما کفورا

Бар ин асос дар ҷомеае монанди ҷомеаи исломии мо, ки бисёре аз аҳком, арзишҳо ва маорифи исломӣ барои идораи ҷомеа баён шуда ва ҷои ҳеҷгуна узру баҳонае нест, баъзе аз аҳкоми илоҳӣ (монанди ҳиҷоб) аз сӯи бархе афрод нодида гирифта мешавад, ба ин асл ва унсури равоншинохтӣ бозмегардад. Ба иборати дигар яке аз муҳимтарин авомили бадҳиҷобӣ дар ҷомеа, пайравӣ аз хостаҳои нафсонӣ аст, ки худ сарчашмааш аз заъфи имон ва тақво, шахсияти заъиф аст ва мебошад ва дар ҷойгоҳҳое аз ҷумла таҷаммулгароӣ, худнамоӣ дар муқобили бегонагон намуд пайдо мекунад. Яке аз роҳҳои ислоҳи ҷомеа аз ин мушкил, муқобила бо авомили равоншинохтии он ва тақвияти имон ва тақвои афроди ҷомеа ва тақвияти ангеза, азму иродаи онон дар иҷрои аҳкоми илоҳӣ ва мавозин ва муқаррароти исломӣ дар сатҳи ҷомеа мебошад. Қуръони Карим мефармояд:

ان الله لا یغیر ما بقوم حتی یغیروا ما بانفسهم

Худованд сарнавишти ҳеҷ қавмеро тағйир намедиҳад, магар онки онон ончиро дар худашон аст тағйир диҳанд.

  1. Решаҳои таърихии ин масъала, ки ба иқдомоти режими паҳлавӣ барои густариши фарҳанги ғарбӣ ба вижа дар буъди бараҳнагӣ, бебанду борӣ ва кашфи ҳиҷоб бозмегардад, ки тавонист бахше аз ҷомъаи моро дучори ин инҳироф кунад ва беҳиҷобиро дар хонаводаҳо ба сурати як ҳинҷор ва арзиш даровард. Раванди густариши ин мушкил, ҳар чанд бо вуқӯи инқилоб исломӣ ва фазои нашъатгирифта аз даврони дифоъ, то ҳадди зиёде контрол шуд вале ба далоили мутааддидии дигар, рагаҳо ва решаҳои худро ҳамчунон ҳифз намуд ва баъд аз тағйири муҳит арзиши ҷомеа ва фосила гирифтан аз фазои маънавии ҳосил аз инқилоб ва дифои муқаддас, дубора фурсати зуҳур ва буруз пайдо кард.
  2. Кӯтоҳӣ ва бетаваҷҷуҳии бархе аз масъулони фарҳангӣ дар тасбити арзишҳо ва аҳкоми исломӣ, аз васоили дигари густариши бадҳиҷобӣ аст. Гуфтанӣ аст, ки ба иллати вуҷуди мушкилоти ноши аз тасбити инқилоби исломӣ, ҷанги таҳмилӣ, фишорҳои хориҷии муҳосираҳои гуногуни иқтисодӣ, сиёсӣ боис шуд, ки бештарин вақт ва энержии масъулон ва дастгоҳҳои давлати ба ин умур сарф шавад ва таваҷҷуҳи чандоне ба масоили фарҳангии ҷомеа ва иҷрои роҳкорҳо ва барномаҳо дар ҷиҳати тасбити арзишҳо ва аҳкоми исломӣ нашавад.
  3. Баъзе аз иқдомоти анҷом гирифта аз қабили сиёсатҳои пулӣ ва арзӣ, ки ба манзури тасриъ дар раванди тавсеа ва рушди иқтисодӣ, санъат ва анҷом гирифт, нохоста сабаби тағйири арзишҳои ҷомеа, ба сӯи ҳинҷорҳои моддӣ, мадракгароӣ, таҷаммулпарастӣ гардид.
  4. Амалкарди манфӣ ва номатлуби бархе аз дастгоҳҳои фарҳангӣ ва майдон додан ба афроди ва аносире, ки ҳеҷ эътиқоде ба низоми исломӣ надоранд ва бо истифод аз тасҳилоти моддӣ ва маънавӣ ва фазои боз ва бидуни назорати ҷомеа, сабабҳои нашр ва тарвиҷи фарҳанги фосиди даврон паҳлавӣ ва арзишҳои ҳоким бар ҷавомеи ғарбро фароҳам ва авзои фарҳангии кишварро ба шиддат масмум ва олуда намуданд ба гунае, ки ҳушдорҳо ба масъулони фарҳангӣ дода шуд, норизоятии худро аз амалкарди дастгоҳҳо эълон намуданд.
  5. Бархе аз ифрот ва тафритҳое, ки дар солҳои аввалияи беҳиҷобӣ ва бадҳиҷобӣ шуд аз қабили истифодаи равишҳои хушунатомез ва физикӣ ва боиси бавуҷуд омадани танаффур ва безорӣ ва бадбинӣ ба ин ҳукми илоҳӣ гардид.
  6. Иҷро нашудани воҷиби динӣ ва муҳими амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар ё назорати миллӣ ба сурати фарогир ва густурда ва низомманд аз тарафи ҷомеа, ки дар ривояҳои фаровон зомини ҳифз ва саломатии ҷомеа аз фасод ва ноамнӣ шумурда шудааст.
You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.