Шӯрбои кишмиш

90

Маҳсулот:

Қабурғаи гӯсфанд-200 грамм.

Гӯшти қима – 500 грамм.

Ҷавҳарӣ (ҷугорӣ)-500 грамм.

Пиёзи сафед-ду дона.

Булғории сабз- 1–2 дона.

Нахуд -1ё 1,5 пиёла.

Равғани олейна – 200 грамм, равғани маска – 100 грамм.

Барги ғор – 3–4 дона.

Кишмиш мувофиқи хост

Намак

Аввал дар дег равғанро доғ менамоем. Сипас қабурғаи гӯсфандро аз устухон ҷудо ва ба ҳаҷми ангушт реза намуда, дар равған бирён менамоем. Гӯшти қимаро ҳам ба он ҳамроҳ карда, ба дег меандозем. Пиёзи резакарда ва булғориро ҳам ба дег меандозем. Ба он мувофиқи тамъ намак, зира ва хӯриш (приправа) ҳамроҳ мекунем. Дар дег мувофиқи меъёр об мерезем. Баъд ҷавҳариро бо об ш???? уста ба дег меандозем. Сарпӯши дегро пӯшонда, дар оташи миёна муддати 1–1,5 соат меҷӯшонем.

 

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.