Ба гардан бигир!

139

Дар хона ба якдигар офарин бигӯед. Тақсирпазир бошед. Махсусан ба мардони мӯҳтарам, ки зери бор намераванд бояд гуфта шавад: хоҳиш дорам, ки агар як вақт асабонӣ шудед, ки набояд бишавед, агар бад гуфтӣ, ки набояд бигӯӣ, вақте ғазабат бартараф шуд фавран узрхоҳӣ кун. Фавран тақсирро ба гардан бигир. Масъулияти бадрафториро ба гардан бигир. Ин зери бор рафтан як худсозӣ аст. Хона бояд барои мо мактаб бошад. Беҳтарин мактабҳо, беҳтарин китобҳои ахлоқӣ, беҳтарин муаллимҳои ахлоқ барои зану мард, махсусан барои хонумҳо, хона аст.

Агар яке аз зан ё шавҳар зери бор нарафт ва узрхоҳӣ накард ту тақсирро ба гардан бигир ва узрхоҳӣ кун. Интавр нагӯ, ки тақсири ту аст бигӯ тақсири ман аст. Билохира дар низоъҳо ҳам ҳаминтавр аст, ки агар яктараф кӯтоҳ биёяд низоъ тамом мешавад. Агар мебинӣ низоъ тамом намешавад барои ин аст, ки кӯтоҳ намеоем; Ё ҳар ду ё як нафар. Агар биҳишт мехоҳӣ кӯтоҳ биё ва низоъу ихтилофро доманадор накун.

Мувозиб бош ин ихтилоф дар хона намонад. Ҳатто як соат дар хона намонад. Мард бояд мардонагӣ дошта бошад. Зан бояд хонум бошад.

Қуръон мегӯяд зан вақте хонум аст, ки дар муқобили шавҳар агарчи шавҳар айби шавҳар бошад аммо зан фурутан бошад «Пас занони шоиста, фармонбардори шавҳарон буда ва дар ғайбати онон ҳофизи ҳуқуқашон мебошанд ва ончиро Худо ба ҳифзи он амр фармудааст нигоҳ доранд.» (сураи Нисо, 34).

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.